Нарсисизм, калимаи юнонӣ буда, дар жанри асотирию афсонавии Юнони қадим ба таври васеъ истифода шудааст. Дар яке аз ин афсонаҳо, ки гўё воқеа дар нимҷазираи Карабурун рух додааст, нақл карда мешавад, ки олиҳаи дарёҳо Нана писари соҳибҷамоле дошт бо номи Нарсисиус, ки бениҳоят ҳусни зебо ва қомати мавзун дошт. Аз ин лиҳоз тамоми париҳои обӣ ба ин сарви хиромон ошиқи шайдо гардида буданду Нарсисиуси хушандом ба ҳеҷ яке аз онҳо рағбат намекард. Сабаб ҳамин шуду тамоми париҳои обӣ қарор доданд, ки аз Нарсисиус қассос гиранд.
Рўзе Нарсисиус дар оби дарёчаи шўху мусаффои кўҳӣ акси худро дида ошиқи шайдо мегардад. Рўзи дароз ба акси худ нигариста мехоҳад, ки сурати дар об дидаи худро ба оғўш гирад. Лекин ба маҷрои тези дарёчаи кўҳӣ афтида дар охир ғарқ мегардад.
Аз рўи ақидаи табибони равоншинос (психиатр) якчанд хусусияти бемории нарсисизмро дар афсонаи мазкур ёфтан мумкин аст. Худписандӣ,
Хусусиятҳои асосии шахси худписанд (нарсист) дар гурўҳҳои зерин мушоҳида мешаванд.
1. Ба гапи ҳеҷ кас гўш намедиҳанд.
Шахсони нарсист чунин ақида доранд, ки гўё онҳо ҳама чизро медонанд ва ба насиҳати ҳеҷ кас эҳтиёҷ надоранд. Масалан, агар шахси нарсист сардор ё ин ки мудири ягон корхона бошад, он гоҳ дар маҷлис ва машваратҳо ба ҳеҷ кас сухан надода, танҳо худаш гап мезанад. Ин қабил инсонҳо фикру ақидаҳои хешро аз ҳама боло дониста, аз машварат ва муҳокимаи масъалаҳо дар байни коллектив худдорӣ мекунанд. Гўё ки эшон дорои мафкураи воло ва афкори бебаҳоянд! Мусоҳиби чунин тоифаи худписанд бояд ба суханрониҳои бепоёни онҳо мутеъона гўш дода, сипас ба андешаҳои &ldquoпурарзишу гаронмоя&rdquo-и онҳо бо эътимоди хосса розигӣ баён намояд.
2. Нисбати атрофиёни худ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Нарсистҳо новобаста аз муҳити зист нисбати атрофиёни худ бениҳоят бепарво мебошанд. Ҳисси манманӣ ва такаббури эшон онҳоро аз аҳволпурсӣ ва муоширати хуби ҷамъиятӣ дур месозад. Дар ҷомеъае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, ба назарашон танҳо худи онҳо вуҷуд доранду халос. Ҳатто барои ин қабил одамон аҳли оила низ аҳамияти хешро гум мекунанд.
3. Ҳисси такаббур (калонигарӣ) тамоми вуҷудашонро фаро гирифтааст.
Одамони худписанд ҳунару истеъдоди худро дар мадди аввал гузошта кўшиш менамоянд, ки аз муваффақиятҳои ба даст овардаашон ситоишкорона гап зананд. Аз ҳама беш худро мепарастанд ва барои осудаҳолии тани хеш машғул мегарданд. Дар баробари ин барои ба даст овардани иззату эҳтиром ва шаъну шараф дар байни омма на танҳо ба ҳамкасбону ҳамкоронашон, балки ба коргоҳи худ беэҳтиромӣ ва ҳатто хиёнат мекунанд.
4. Танқидро маломат месозанду, аз танқид ба ғазаб меоянд.
Ин гурўҳи одамон аз ҳама гуна танқид дурӣ ҷуста, ягон навъи онро намеписанданд. Ҳатто ба маслиҳати хуби дўстона низ бо назари нописандӣ ва беэҳтиромӣ нигоҳ карда, онро истеҳзо мекунанд. Аз рўи ақидаи нарсистҳо шахсоне, ки ба онҳо маслиҳат медиҳанду дар ягон кор роҳ нишон додан мехоҳанд, аблаҳтарин одамони рўи дунё ба ҳисоб мераванд. Ҳатто онҳо гуфтаҳои мунаққидонро дар хотири худ гирифта, баҳри исботи фикри худ бо онҳо ҳамеша баҳс мекунанд.
5. Барои манфиати шахсии худ дигаронро истифода мебаранд.
Одамони нарсист пас аз ба итмом расидани нақшаи худ аз одамоне, ки дар он кор ба ў дастӣ мадад дароз карда буданд, рўй метобанд. Зеро ки бевафоӣ ва кўрнамакӣ барои ин қабил одамон як рафтори оддӣ ба шумор меравад.
6. Қадру қимати одамиро пос намедоранд.
Ҳамаи муваффақиятҳо ва дастовардҳоро танҳо натиҷаи саъю кўшиши худ медонанд. Онҳое, ки барои ба даст овардани дастовардҳо шабу рўз кор карда, арақи ҷабин рехтаанд, дар назари шахсони худписанд як зарра ҳам қадру қимат надоранд. Фаъолият ва пешравии коллектив гўё тамоман ба роҳбарӣ, ақлу заковат, кўшишу ғайрат, маҳорату малакаи ин гуна одамон вобаста бошад. Дар асл бошад, ҳамаи муваффақияту пешравиҳо аз натиҷаи меҳнати коллектив вобаста аст. Лекин ин гурўҳи худписанд ҳамаи онро натиҷаи кори худ дониста, ба қадру қимати меҳнати ҳамкорони худ намерасанд. Аз ҳамин сабаб ба дигарон бо назари таҳқир нигоҳ мекунанд.
7. Ҳамеша дар тамаъи ҷамъоварии пулу мол, иқтидор ва обрўю эътибори зўракӣ ҳастанд.
Решаи ҳаёти одамони худписанд аз дарёи кибру ғурур сероб мегардад. Аз ин рў ҳамеша дар талоши ёфтани шаъну шараф ва иззату эътибор мебошанд. Ба ҳар куҷое ки нараванд, бояд муомилаи хуб бубинанд. Ҳатто дар фурудгоҳҳо бояд ки аз толори VIP (барои одамони олимақом) пешвоз гирифта шаванд.
8. Дар гирду атрофи худ мухлису тарафдор ва хушомадгўй ҷамъ кардан мақсади ягонаи онҳо мебошад.
Онҳое, ки худро меписанданд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар гирди худ косалесону чоплусон ва тарафдорони худро ҷамъ намоянд. Ҳол он ки мухлисони чунин одамон дар назди онҳо қадру қимате надорад.
9. Ҳисси бахилӣ дар ҳаёти онҳо ҷои намоёнро ишғол менамояд.
Нисбати дигарон бахилӣ намуда, дар он ақидаанд, ки гўё ҳама ба худи онҳо бахилӣ мекарда бошанд. Аз хатоҳои дигарон истифода бурда, онҳоро ба ҳоли табоҳ мегузоранду аз ин фоида мегиранд. Манфиати худро аз манфиати дигарон ҳамеша боло медонанд.
10. Фикру андешаҳои ҳеҷ касро ба инобат намегиранд.
Барои чунин одамон маслиҳат пурсидан ё ин ки фикру ақидаи шахсеро дар бораи ҳалли ин ва ё он масъала фаҳмидан корест ношуданӣ. Зеро ба фикри эшон худашон аз ҳама чиз бохабаранд ва донотарини одамон худи онҳоянд. Пас чӣ тавр мешавад, ки онҳо рафта, қадру қимати худро паст зада, аз дигарон маслиҳат пурсанд? Э не&hellip Аз ин мурдан беҳ&hellip.!! Онҳо гумон доранд, ки мавҷудияти эшон дар коргоҳ ва ё оила барои ҳар як фарди он макон бояд мояи ифтихор бошад.
11. Ба корҳои кардаи нарсистҳо сарфаҳм рафтан душвор аст.
Ҳамкасбон ва ҳамкорони чунин одамони худписанд умуман ба рафтори онҳо сарфаҳм намераванд. Баъзан дар оила низ чунин ҳолате руй медиҳад, ки »Наход, ки вай ҳамин хел карда бошад?» Ё ин ки » Наход, ки ин ҳамон одам бошад?» гуфта, баъд аз фаҳмидани рафтори чунин шахсон ангушти ҳайрат мегазед.
12. Давраҳои бўҳронӣ ва бесарусомониро меписанданд.
Одамони худписанд ҳолатҳои бесарусомонию саргардониро меписанданд. Зеро маҳз дар чунин ҳолатҳо, худро ҳамчун нуре тасаввур мекунанд, ки зулмотро равшанӣ мебахшад ва дасти ёрӣ дароз намуда, худро дар назди одамон баланд мебардоранд. Пас аз он аз кори кардаи худ лаззат бурда, ба истисмори атрофиён мепардозанд, ё худ он кори кардаи худро аз будаш зиёд карда, даҳҳо бор таъриф мекунанд.
БО ОДАМИ ХУДПИСАНД ЧӢ ГУНА РАФТОР БОЯД КАРД?
1. Аввал ин ки ба ин гуна одамон тавозўъ (хоксорӣ) нишон додан нашояд. Чунки бо рафтори хоксоронаи худ ба дарди онҳо чора шудан амри маҳол аст. Бо боварии комил дар фикру ақидаҳои худ устувор истода, коре карда дар зери таъсири онҳо мондан даркор нест.
2. Қайд кардан зарур аст, ки чунин одамонро ба зери тозиёнаи танқид гирифтан аз рўи ақл нест. Зеро одамони худписанд аз танқид ба ғазаб омада, метавонанд сўҳбати худро комилан қатъ созанд.
3. Онҳоро ситоиш намудан хуб мебуд, зеро ки аз ин кор хеле ҳам хушнуд мегарданд. Лекин аз ёд набароред, ки ситоиши одами худписанд, хусусан дар байни коллектив хуб нест. Аз ин сабаб онҳоро мадҳу ситоиш кардан зарур нест.