Волоияти конун маънои онро дорад, ки конун дар низоми санадхои меъёри кувваи олии хукуки дорад, яъне бояд хамаи конунхо ба сарконун ва дигар конунхои конститутсиони, санадхои меъёрии зериконуни бо конунхо, санадхо ва фаъолияти татбики хукук ба конунхо ва санадхои зериконуни ба онхо асос ёфта, санадхои рафтори фарди ба конунхо ва санадхо мувофик бошанд.
Ягонагии конуният онро ифода мекунад, ки эчод ва амалигардонии хукукхои аз чихати мард ва хам аз чихати субъектхо самти ягонаро дорад, яъне санади меъёрии дахлдор дар тамоми каламрави муайян амал мекунад ва ба хама субъектхо пахн мегардад. Максаднокии конуният маънои дар доираи конун интихоб намудани роххои дурусту ба вазифаву максадхои чамъият мувофики амали гардонидани фаъолияти худ ва татбики хукук рох намудан ва максаднокиро дорад. Хакконияти конунияти ин комёб шудан ба амалан ичрошавии нишондодхои хукук дар хама гуна фаъолият ногузирии чавобгари барои вайронкунии он мебошад.
Бартарияти хукук хамзамон маънои онро дорад, ки хамаи масъалахои чамъиятиву давлати аз чихати хукук танзим шуда, арзишхои маънави ва меъёрхои хукукии умумиинсони ва расман танзимшаванда дар пайвастаги бо таксимоти ташкиливу худудии чамъият онро таъмин намояд.