Питса

Питса>

Маҳсулоти лозимабарои хамир:

Шир &mdash 1 пиёла, маргарин &mdash ним пачка, шакар 2 қошуқи ошӣ, каме намак, дрожж- 1 қошуқи ошӣ, орд.

Маҳсулоти лозима барои начинка:

Помидор 3-4 дона, бодиринг 3-4 дона, ҳасиб такрибан 200 гр, майонез 5-6 қошуқи ошӣ, панир 100-150 гр, пастаи томат 2-3 қошуқи ошӣ.

Тарзи тайёр намудан: (хамир)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ширро ба болои алав мегузорем, то каме гарм шавад, аз алав гирифта ба он маргарин, намак ва шакарро ҳамроҳ мекунем, хуб аралаш карда баъдан дрожжу ордро ҳам ҳамироҳ карда хамир мекунем ва мегузорем ,то дам гирад, ним соат дар ҷои гармӣ.
Вақте, ки хамири мо дам гирифт ба лаълии тафдоне, ки равған молидаем тунук мекунем.

Ба болои хамир пастаи томатро мемолем. Бодирингро даврашакл бурида аз болои томат мечинем аз болои бодиринг бошад помидорро низ даврашакл бурида мечинем. Аз болои помидор майонез мемолем, ҳасибро низ реза карда мечинем. Тафдонро то 180 дараҷа гарм карда питсаамонро мегузорем, то пухта шуданаш. Аз тафдон гирифта ба болояш дарав панирро аз турбтарошак гузаронда мепошем, то панири мо об шавад.

Питсаи мо омода шуд иштиҳои том : )

Читайте также:  Бисквит ва ширинӣ аз он
Adblock
detector