Муборак бод Навруз бар точику бар точикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рузи нав,
Дар ин дунёи берахму дар ин дунёи сарсонӣ,
Илохо Иди Навруз чун сархаде бошад ба самти нек,
Кушоиш орадо бар дини Ислому мусалмонӣ,
Орову тор бахшад бар хаёти хар яки Шумо,
Рухи болидаву хам шодй бахшад иди осмонӣ.
Намо бахшад, наво бахшад, ба хар калбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонӣ.
Муборак Рузи Нав ай точику, ай точикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ!