Модарнома

Устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин қадамҳои эҷодияш ба мавзӯи модар таваҷҷӯҳ пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир &laquoБа модарам&raquo ном дорад, ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидааст. Баъдҳо ин мавзӯъ дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи аввалиндараҷа пайдо намуд.
Вақте ки &laquoДасти дуои модар&raquo ном маҷмӯаи шоирро варақ мезанем, ба панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем. Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ, аз ҷумла, шеърҳои &laquoМодар&raquo, &laquoСуруди модар&raquo, &laquoқарз&raquo, &laquoқасидаи модар&raquo, &laquoҷомаи гадоӣ&raquo, &laquoЧордард&raquo, &laquoТу монанди замин танҳоӣ, модар&raquo, &laquoДар сари гӯр&raquo, &laquoҲасрат&raquo, &laquoМуноҷот ба модар&raquo ва рубоиву дубайтиҳои маҷмӯаи &laquoДасти дуои модар&raquo ҷовидонаанд. Дар ин шеърҳо хусусиятҳои соф миллию шарқии модари одии тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Тасвирҳо чунон содаву самимӣ ва ифодаҳо чунон моҳирона ба ҳам омадаанд, ки хонанда беихтиёр ҷавҳари ҳастии инсонро пеши назар меорад:

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
(&laquoБа модарам&raquo)

Дар Модарномаи Лоиқ рӯҳи халқии тасвир пурқувват аст. Шоир дар тасвири ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри &laquoҷомаи гадоӣ&raquo модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, одамони бодавлату бонанг ва арӯсони хушбахт гашту гузор карда, пораҳои матоъ ҷамъ месозад ва аз ин пораҳо ҳамроҳи пиразанҳои худоҷӯ ҷомаи садпораву садранг дӯхта ба кӯдакаш мепӯшонад. Ин ҷома мувофиқи одатҳои мардумӣ бахосият буд:

Читайте также:  Тавонгари ба хунар аст, на ба мол

Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид,
Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.
Ту гӯйӣ ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯйӣ пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.

Ҳамин пайвастагии ногусастанӣ фарзандро водор мекунад, ки назди модар ва Ватан қарзи фарзандии хешро бо тамоми масъулият эҳсос намояд ва ҳастиву истеъдодашро пурра сарфи роҳи хушбахтии халқи азизаш намояд:

Ба ҷойи пораи талбидаат ҳар бор
Орам пораи ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол&hellip

Суханшиносон Модарномаи Лоиқ Шералиро дар радифи модарномаҳои Мирзо Турсунзода, шоирони эронӣ Эраҷ Мирзо, Раҳими Муайирӣ, &laquoЭй, вой модарам&raquo ном шеъри машҳури Шаҳриёр, &laquoМактуб ба модар&raquo ва &laquoМактуби модар&raquo ном шеърҳои шоири рус Сергей Есенин гузошта, услуби нигориши онро саҳли мумтанеъ гуфтаанд.
Мавзӯи модар ба Лоиқ имконият додааст, ки таваҷҷӯҳи фарзандонро ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ ҷалб намояд. Дар шеъри &laquoТу монанди замин яктоӣ, модар&raquo шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду моҳ ташбеҳ медиҳад, зеро онҳо ҳам чун модар ягонаанд ва меҳри худро миёни фарзандони инсон тақсим намекунанд. Хуршед ба ҳама мавҷудоти дунё баробар нур мепошад ва оғӯши замин низ ба рӯи ҳама сокинони сайёраи мо баробар боз аст. Пас, ба қитъаҳо тақсим кардани Ватан гуноҳ аст ва чунин амали манфиатҷӯёна мардумро ба хушбахтӣ намеорад. Ин ҳушдори шоир махсусан дар замони мо, ки давлатҳои абарқудрат фикри тақсим кардани заминро ҳеҷ гоҳ аз сар дур намекунанд, басо аҳамиятнок аст:

Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақсим карданд,
Вале як рӯз донистанд
Замин қисмат нахоҳад шуд.

Лоиқ дар синни 8-солагӣ аз падар зиндаҷудо мегардад. Модар тани танҳо кулли ташвишҳои рӯзгори ноҳинҷори баъди ҷанги Бузурги Ватаниро ба зимма гирифта, тамоми қуввату ғайраташро дар роҳи тарбияи ҷигаргӯшагонаш сарф мекунад. Шояд, ҳамин вазъияти мушаххаси оилавӣ шоири ҳассосро ба риққат оварда, манбаи тахайюлоту андешапарвариҳои ӯ гардида бошад. Дар Модарномаи Лоиқ ҳатто устод, пир, қиблагоҳ барин тавсифҳо ва унвонҳои ифтихории ба падар ва мард тааллуқдор ба модар нисбат дода мешавад:

Читайте также:  ТАБИАТИ ЗЕБО МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ АСТ

Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар
Дар сарат қарси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар
Дар пеши дар истодаӣ.

Ҳамчунин, дар тасвири симои муқаддаси модари Шарқ устод Лоиқ, эҳтимолан бори аввал дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик, аз калимаҳои Худо, қуръон, оят, пайғамбар, Ҳафтяк истифода кардааст, ки ин аз ҷасорати адабии шоир дар он айём гувоҳӣ медиҳад. Калимаҳои мазкур ба шоир имконият додаанд, ки дар тасвири характери модари рустоии тоҷик саҳми боз ҳам бештаре дошта бошад:

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим Ҳафтяк мондӣ ба зери болини кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад,
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак&hellip

Хулоса, сар то пойи Модарномаи устод Лоиқро пайванди ҷисмониву рӯҳонии модари ғамхору фарзанди сипосгузор фаро гирифтааст. Дар шеъри &laquoМуноҷот ба модар&raquo таркибҳои айёми пирӣ, чашмони камбину обрав, боли абрӯвони шикаста, ларзиши дасту сару абрӯю лаб ва оҳҳои пурдарду алам андешаи шоирро дар бораи рӯзгори ба сар омадаи модар ифода мекунанд. қаҳрамони лирикӣ дар натиҷаи мулоҳизаҳои пуршиддат ба хулосае меояд, ки ӯ дар ду дунё вуҷуди худро бе модар тасаввур карда наметавонад:

Модари пирам, Худо умрат диҳад!
Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон&hellip

Ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ ба силсилаи шеърҳои Модарнома маҳдуд намешавад. Аз ҷумла, аз силсилаи &laquoИлҳом аз &laquoШоҳнома&raquo шеъри &laquoНавҳаи Таҳмина бар Сӯҳроб&raquo-ро ба ёд овардан кофист. Ин шеър аз ҳашт банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, аз матлаъ то мақтаъ дарду ҳасрат ва сӯзу гудози модари бадбахт мебошад. Модаре, ки аз ягона фарзанди бо ҳазор умед парвардааш абадӣ ҷудо шудааст ва боз фарзандаш бо дасти падар кушта мегардад. Ин тазоди зиндагии нобасомон махсусан дар бандҳои:

Читайте также:  Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Афтод аз болои зин
Чун ахтар аз чархи барин.
Шири сафедам аз танаш
Дарёи хун шуд бар замин&hellip
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ,
Аз ҷавшани ҷонам гузашт.

бо тамоми қувваи бадеии сухан ифода гардидааст. Ба ахтари аз чархи барин фитода монанд кардани Сӯҳроби қурбони хиёнат гардида, ба дарёи хун ташбеҳ додани шири сафед ва аз ҷавшани ҷони модар гузштани теғи ба фарзанд задаи падар тасвирҳоеанд, ки симои модари аз ҷигаргӯшааш абадӣ ҷудошударо возеҳу равшан нишон медиҳад. Сухани пурҳасрати модар: &laquoДасти кӣ гирад рӯзи марг аз пояи тобути ман?&raquo- халқияти тасвирро боз ҳам афзун намудааст. Хулоса, силсилаи шеърҳои ба модар бахшидаи устод Лоиқ чун беҳтарин дастоварди адабиёти давраи нави тоҷик эътибор дорад.

Adblock
detector