Дарди дандон дораму дандон ба дандон мезанам,
Тоқати анбур надорам, сар ба сандон мезанам.
Вақте лабҳо ба табассум боз мешаванд, дандонҳои ҷилодору булӯрине, ки дар моварои он ду лаъл маскан гузидаанд, зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Соҳиби чунин дандон ниме аз хушбахтиро камоӣ кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба соддагӣ ҳусну зебоӣ ва аз сӯи дигар саломатӣ ва дурахшиши ҷавониро ҷилва диҳад. Нишонаи пирӣ танҳо хамидагии қомат ва коста шудан аз хирмани мӯю гесу нест. Он чӣ аз шумораи дандон кам шавад, нишонаест, ки дигар сафову зулоли ҷавонӣ ба манзили ғуруби худ равон аст.
Феҳрасти бемориҳои дандон иборатанд аз илтиҳоби милки дандон, кирмхӯрдагии дандон, варам ва чирки буни дандон, хунрезӣ ва дарди дандон ношӣ аз авомили гуногун.
ИЛТИҲОБИ МИЛКИ ДАНДОН(парадантоз). Тибби расмӣ маълум сохтааст, ки авомили бурӯзи парадантоз пайдоиши сангҳои дандон, ихтилолоти ғадуди сипаршакл, бемориҳои табодули мавод дар бадани инсон, норасоии Витамини гуруҳи «В» ва ғайра мебошад. Ин беморӣ дар ибтидои пайдоиши худ асосан бидуни нишона буда, фақат гоҳе хориш ва сӯзиш дар милки дандон эҳсос мегардад.
ТАРЗИ МУОЛИҶА: Дар ибтидои пайдоиши хориш ва сӯзиш метавонед аз нусхаҳои зерин истифода карда аз пешравии парадантоз ҷилавгирӣ намоед. Вале агар беморӣ пешрафтааст, ҳатман бояд ба духтури дандон муроҷиат намоед.
Нусха: бигиранд 2 қошуқи чойхурӣ аз шираигули алоэва дар 200 гр. оби ҷӯшидагии ширгарм омехта карда, рӯзе 2-3 маротиба дандонҳоро обкашӣ кунанд. Ин нусха дар мавриди харобии дандон (кариес) низ кӯмак менамояд.
ХАРОБИИ ДАНДОН(кариес). Тибби расмӣ эътироф менамояд, ки сабаби харобию пусидагии дандон то ба ҳол ошкор нашудааст, вале ихтилол дар реҷаи ғизо монанди тағйири мувозинаи намакҳо ва камбуди витаминҳо, махсусан «В», «С» ва «Д» метавонад нақш дошта бошад. Дард дар қиболи кариес пайдо намешавад, илло ҳангоми тамос бо гармию сардӣ, туршӣ ва ширинӣ, инчунин ҷисми сахт.
МУОЛИҶА ВА ПЕШГИРӢ.Пешгирии ин беморӣ бояд аз батни модар оғоз гардад. Модари тифл бояд ғизоҳое масраф намояд, ки саршор аз витаминҳо, фтор, калсиюм ва фосфор бошад, то тифли оянда аз дандонҳои мустаҳкам ва ҷилодор, инчунин устухони қавӣ бархӯрдор бошад. Ин мавод дар дохили ширу панир, чормағз, сиру пиёз, моҳии баҳрӣ ва карам ба таври фаровон мавҷуданд.
Нусха: Дар тибби мардумӣ омадааст, ки қандро дар як қошуқ бигиранд ва рӯи оташ сурх кунанд, сипас нарм бикӯбанд ва бар маҳалли пӯсидагӣ ё кирмхӯрдагии дандон бигузоранд. Ин нусхаи соддаро ба яке аз дӯстон тавсия кардам, эшон иҷро карданд ва бо ризоят фармуданд, ки дарди дандон таскин ёфт ва умед аст аз пусидагӣ ва кирмхӯрдагии баъдӣ ҷилавгирӣ шавад.
ДАРДИ ДАНДОН(зубная боль).
Нусха: бигиранд 3 гр. тухми кӯбидаи ҳазориспанд ва бо 30 гр. оби ангур махлут карда, дар даҳон гиранд ва мазмаза кунанд, дарди дандон сокит хоҳад шуд.
Агар дарди дандон ба сабаби пӯсидагӣ ва сӯрохӣ бошад, аз ин нусха истифода кунед: Занҷабилро бо каме сирко ва асал ҷӯшонда дар сӯрохии дандон бирезед.
Агар коҷи дандон дард кунад &ndash даҳонро бо дамкардаи решаи гули хайрӣ дам ба дам обкашӣ намоед ё хокаи дорчиниро бо асал омехта карда ба коҷи дандон бимолед.
НУСХАҶИҲАТИ РАФЪИ ХУНРЕЗИИ ДАНДОН:Ним қошуқча содаи хурокиро бигиранд ва чанд қатра перекисро дар он бичаконанд ва бо ангушти ишора қисмате аз онро бардоранд ва коҷи дандонро молиш диҳанд. Агар ин амалро чанд бор такрор кунанд, хунрезии дандон барои ҳамеша аз байн хоҳад рафт.