ПЕШГУФТОР
Мувофиқи банди 12-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2013, №23 &ldquoДар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013&rdquo Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки бо назардошти таъсиси Муассисаи давлатии &ldquoМаркази миллии тестӣ&rdquo барои ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешад. Мақсад аз таъсиси Маркази миллии тестӣ (ММТ) ва ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба МТОК-и ҷумҳурӣ арзёбии одилонаи дониши довталабон, таъмини шаффофӣ ва дастрасии баробар ба имтиҳонҳои дохилшавист.
Вобаста ба ин мутобиқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2013 &ldquoТартиби ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo қабул карда шуд. Дар ин замина барои татбиқи низоми ИМД Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар асоси талаботи муқарраргардида аз рӯйи фанҳои зерин маводи имтиҳониро таҳия намуд:
забони тоҷикӣ (давлатӣ),
забон ва адабиёти тоҷик,
забон ва адабиёти рус,
таърих (таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ),
асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон),
математика,
физика,
химия,
биология,
география,
забон ва адабиёти ӯзбек,
забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ, забони немисӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ).
Маводи имтиҳонӣ аз рӯйи &ldquoБарномаи имтиҳон&rdquo-и фанҳои таълимӣ таҳия гардид.
&ldquoБарномаи имтиҳон&rdquo аз фанҳои забони тоҷикӣ (давлатӣ), математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон &ldquoДар бораи маориф&rdquo, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон &ldquoДар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo, Оинномаи Муассисаи давлатии &ldquoМаркази миллии тестӣ&rdquo, &ldquoТартиби ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo мутобиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълим таҳия гардидааст.
Аз хазинаи www.ntc.tj