SMS ва шеърҳо барои ошиқон :)

Дар аввал ошноӣ дидам аз ту,
Дар охир бевафоӣ дидам аз ту.
Худат гуфтӣ дигар ёре надорам,
Ҳамин шуд, ки ҷудоӣ дидам аз ту.
***

Имрӯз, рӯзи гарон аст!
Чӣ руз аст? Рӯзи ошиқон аст!
Биё Дилам, дил во кун!
Аз қалби дил, маро садо кун!
Дар васфи ту, ҳама гулҳо шукуфтаанд!
Аз дарди дурӣ, ҳама гулҳо пажмурдаанд!
Дар рӯзи ошиқон, бо ҳам бошем Дилам.
Хайем ҳастам, Ҳофизу, Бедили туям!
Булбули ишқам, дар паи он рӯи туям!
***

Ай боло меоӣ тоқии чоргул ба сарут,
Ғамҳои маро задаӣ дар пеши барут.
Ғамҳои маро бигир аз пеши барут,
Сад ёр гирӣ ғамҳои ман аст дар ҷигарут.
***

Дигар он шаҳри шодӣ бас, ки хомӯш аст,
Дигар он хандаи беғам фаромӯш аст.
Дигар маънӣ надорад ин шабу рӯзам,
Дигар хунобаи ғамҳо маро нӯш аст.

***

Сари роҳи туро гулзор кардам,
Туро ай бевафо ман ёр кадам.
Надонистам дили сангини туро,
Гули умеди худро хор кардам.

***

Машав ғамгин, ки ёрат бевафо шуд,
Бирафт у бо дигар кас ошно шуд.
Сарат бошад дар дунё тоқӣ бисёр,
Ту ҳам ёбӣ ба худ ёри вафодор.

***

Афсӯс,ки неку бад надонӣ,
Дарди ману қадри ман надонӣ.
Оҳ аз туву бевафоии ту,
Мурдам зи ғамии ҷудои ту.

***

Духтаре, ки ( ……….. )ном дорӣ,
Сафеда аз гули бодом дорӣ.
Ба ту ошиқ шудам раҳме накардӣ,
Маро куштию парвое надорӣ!

***
Ту дурӣ гарчи аз ман чун ситора.
Ба сӯят мекунам ҳар шаб назора,
Ҷигар аз ишқи ту шуд лахта-лахта.
Дилам дар ҳасратат пора-пора!

***
Намедонам дилам девонаи кист,
Гули гумкардаам дар лонаи кист.

***
Аз гармии нон дасту забон месӯзад, аз оташи ишқ устуғон месӯзад.
Эй ҷон маро маранҷон, ки агар ман хафа шавам, ними ҷаҳон месӯзад.

***
Қаду бастат маро кушт,
Ҳамон чашмони сиёҳат маро кушт.

***
Ҷон хуш аст, аммо нахоҳам ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон ширинтар бошад, ки он гӯям туро.

***
Агар дар хоб медидам ғами рӯзи ҷудоиро,
Ҳавас асло намекардам дар олам ишқбозиро.

***
Хато кардӣ — хато кардӣ азизам,
Бубин охир чӣ кор кардӣ азизам.
Муҳаббат дар дилам чун ғунча гаштааст.
Ту онро зери по карди азизам!

***
То туро банда шудам,
Аз ҳама канда шудам.
Ту ки рафти зи барам вой-вой,
Ман сарафканда шудам.

***
Ба тӯри ғам задӣ паймонаи ман,
Ба сели ашк доди хонаи ман.
Кунин аз пешам чу бод рафтӣ,
Куҷо бурдӣ дили девонаи ман?

***
Дарё бо об, ситора бо моҳ, осмон бо дунё, ман бо ту!

***
Ба ту одат кардаме,
Ҳам ибодат кардаме.
Ба ҳама ҷабру ҷафоят,
Сабру тоқат кардаме.

***
Дар даҳани дарвозаи ҷазира истодаӣ рост,
Свисток мекашм бача ҳушут дар куҷост?
Очам мега и сағера ай куҷост?
Сағера нагу оча, ин домоди шумост! )))

***
Оҳе намондааст, андар гулӯи ман,
Дил гиря мекунад, ей орзуи ман.
Дунёи ман туӣ, ей бори хотирам,
Аз ман гузар макун, ман бе ту мемирам.

***
Омадам боз ба канори ту,
Ҷон лолаи саҳрои ту.
Манам шеъру таронаи ту,
Ман он моҳи ягонаи ту…

***
Мерасад рӯзе маро ёдам кунӣ,
Ҳар куҷо биншаста фарёдам кунӣ.
Бо ду се байте, ки гуфтам баҳри ту,
Ҳар замоне хонию шодам куни.

***
Эй Бону, рӯятро надидаам боре,
Аммо ба ту меҳре дорам, оре.
Ҳаёти ману ту дигар аст – тақдир ҳамин,
Шояд мисли ту барин ёбам ёре.

***
Духтараки бо шарму идрокро интизорам, ки қалби худ бар он нозанин биспорам.

***
Нигори нозанин ман аҳли дардам,
Сарамро гар буранд аз ту нагардам.

***
Дар ин дунё ба ҷуз ишқу ҷавонӣ,
Дигар чизе намемонад нишонӣ.
Агар дӯстам бидорӣ то ҳамеша,
Бо ту хоҳам ду бора зиндагонӣ!

***
Эй дуст биё зи нав ҳамовоз шавем,
Намсоз ба ҳам ду тори як соз шавем.
Афсонаи дустӣ надорад анҷом,
То мову ту чун тарона оғоз шавем.

***
Дили ман адоят, мирам аз бароят, ман фидои каду нозу хандаҳоят.

***
Туро ман дӯст медорам, вале инро немегӯям.
Чунон аз ишқ месӯзам, вале инро намегӯям.
Ба сони чеҳраи моҳат, ба сони рухи зебоят,
Муносиб шеърҳо ёфтам, вале инро намегӯям.

***
Ошиқам ошиқ ба рӯят гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят гар намедонӣ, бидон.

***
Эй духтари шаҳри ман адои ту шудам,
Чун аъзои пайрав аз кафои ту шудам.
Ту ҳоли замон бошӣ ман ҳоли макон,
Дар охири ҷумла мубтадои ту шудам.

***
Ту замин шавӣ хокат шавам,
Ту осмон шавӣ ситораат шавам.
Ту офтоб шавӣ нурат шавам.
Ту моҳ шавӣ доғат шавам ҷон.

***
Ба дидан рӯи хандон дора(д) ошиқ,
Ба пинҳон чашми гирён дора(д) ошиқ.
Ба мисли ашки модар софу сӯзон
Ба сина ишқи пинҳон дора(д) ошиқ.

***
Туӣ дар зиндагӣ орзуи ман
Дилам моили дигаре набошад.
Туӣ танҳо бахудо бовари ман,
Ба касе боварам набошад.
Ҷони ман зиндагӣ моли ману ту,
зиндаам ба хотири будани ту.
Агар ошиқи дар дунё намебуд,
Азизам чӣ мешуд ҳоли ману ту

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *