Ваҳдат – пояи хушбахтӣ ва рушди миллат

Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурўҳҳо ва паси сангари муқобилпайиқасдиҷониякдигарқароргирифтанитоҷикон, киакнунистиқлолиятнасибашонгаштабуд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд.Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.
Ваҳшонияти ин рўйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андўҳ ниҳода буд, дар шеъриМўъминҚаноатчунинтасвиршудааст:
Чунин разми беназмро касс надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гавҳора то пирикор,
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор
Чун тулўи офтобе, ки баъди чанд рўзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ўҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам » буд.
Дарвокеъ, ин шахси ватандўсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пўшонад. Ў ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз максадхои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири давлати точикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хўрд.
Устод Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда ин санаи муборакро барои ҳаммиллатонашон муборакбод гуфт:
Имоми дутарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнур амон наздик!
Шоира Гулрухсор аз тулўи ҳаёти нави мадуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада мегўяд:
Боз тоҷик, —
Миллати мурғи самандар,
Аз шўои оташи худсўзии худ,
Марзи имонро биафрўзад.
Тоҷикистон сўхтгар
аз ҷаҳли тоҷик
Фазли тоҷик-
Тоҷикистонро биафрўзад.
Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *