ДУБАЙТИҲОИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

ДубайтиҳоЧаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарадРӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ судМорро ҳарчанд беҳтар парварӣБо он, ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун астТақдир, ки ба куштанат озарм надоштДар раҳгузари бод чароғе, ки туростОн харпадарат ба дашт хошок задӣГар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ* * *Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарадТани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.Ҳар он, ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.* * *Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,Дил ба Бухорову бутони Тароз!Эзиди мо васвасаи ошиқӣАз ту пазирад, напазирад намоз.* * *Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.Сифла табъи мор дорад бехилоф,Ҷаҳд кун, то рӯйи яифла нангарӣ!* * *Бо он, ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст,Шодӣ ба ғами туам зиғам афзун астАндеша кунам ҳар шабу гӯям: «Ё раб,Ҳиҷрон — ш чунин аст, висолаш чун аст?!»* * *Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт,В — аз қатли ту зарра дили нарм надошт,Андар аҷабам зи ҷонситон, к — аз чу туеҶон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.* * *Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост,Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигрифт,Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!* * *Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,Момот дафу дурӯя чолок задӣОн дар сари гӯрҳо таборак хондӣ,В — ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!* * *Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,Бар кӯру кар ар нукта нагирб, мардӣМардӣ набувад фитодаро пой задан,Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *