АБУЛКОСИМ ФИРДАВСИ

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (форсӣ:حکیمابوالقاسممنصورحسنفردوسیتوسی зодаи 935 &mdash даргузашта 1020 ё 1026 дар Тус, Хуросон, Эрон) &ndash сухансарои номии Эронзамин ва сарояндаи &laquoШоҳнома&raquo &ndash ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.

Зиндагинома

Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Фирдавсӣ дар 940 м. аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:

Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,

Бад-он гаҳ ки буд сол панҷоҳу ҳашт.

Замину замон пеши ӯ банда шуд,

Фаридуни бедордил зинда шуд..

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди &laquoАҷоибулмахлуқот&raquo ва &laquoТорихи гузида&raquo (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани &laquoШоҳнома&raquo, &laquoҲасан&raquo навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи &laquoШоҳномаи Бойсунқурӣ&raquo (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро &laquoМансур&raquo ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар &laquoТорихи гузида&raquo ва севумин муқаддимаи куҳани &laquoШоҳнома&raquo &laquoАлӣ&raquo гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном &laquoҲасан ибни Алӣ&raquo-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.

Барои падари Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: &laquoМавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух&raquo (&laquoмуқаддимаи Бойсунқурӣ&raquo), &laquoФахриддин Аҳмад&raquo (&laquoҲафт иқлим&raquo), &laquoФахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно&raquo (&laquoМаҷолис улмуъминин&raquo ва &laquoМаҷмаъ алфусаҳо&raquo) ва &laquoҲасан Исҳоқ Шарафшоҳ&raquo (&laquoТазкират ушшуароъ&raquo). Теодор Нёлдеке дар китоби &laquoҲамосаи миллии Эрон&raquo дар бораи нодурустии номи &laquoФахриддин&raquo навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи &laquoад-дин&raquo ҳамзамон бо навҷавонии Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи &laquoамирони муқтадир&raquo будааст. Аз ин рӯ падари Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад[1]&rlm.

Замони даргузашти Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Фирдавсӣ ёд карда, &laquoМуқаддимаи &laquoШоҳномаи Бойсунқурӣ&raquo аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он &laquoТазкират ушшуъаро&raquo, асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405 &ndash 411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бино бар гуфтаи Низомии Арузӣ дар &laquoЧаҳор мақола&raquo, пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар &laquoАсрорнома&raquo ингуна овардааст ки &laquoШайх Акобир Абулқосим&raquo бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори &laquoЗафарнома&raquo ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро &laquoАбулқосими Гургонӣ&raquo ё &laquoҶурҷонӣ&raquo низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.

Абулқосим Фирдавсӣ&#39 яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай &quotШоҳнома&quot аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй

Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.

Пай афкандам аз кохи баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Пайнавиштҳо

&uarrمحمدامینریاحی.سرچشمه&zwnjهایفردوسی&zwnjشناسی.چاپاول،تهران:پژوهشگاهعلومانسانیومطالعاتفرهنگی،۱۳۷۲،

Бунмояҳо

محمدامینریاحی.سرچشمه&zwnjهایفردوسی&zwnjشناسی.چاپاول،تهران:پژوهشگاهعلومانسانیومطالعاتفرهنگی،۱۳۷۲،

&rlmجلیلدوستخواه.شناخت&zwnjنامهٔفردوسیوشاهنامه.چاپاول،تهران:دفترپژوهشهایفرهنگی،بهار۱۳۸۴،

ذبیح&zwnjاللّهصفا،تاریخادبیاتدرایران،جلداول.

محمدامینریاحی.فردوسی:زندگی،اندیشهوشعراو.چاپاول،تهران:طرحنو،

سیدحسنتقی&zwnjزاده،فردوسیوشاهنامهاو،انجمنآثارملی،۱۳۴۹

تئودورنولدکه،حماسهملیایران،ترجمهبزرگعلوی،تهران۱۳۲۷

ژولمول،دیباچهٔشاهنامه.ترجمهٔجهانگیرافکاری،چاپچهارم،تهران:انتشاراتوآموزشانقلاباسلامی،۱۳۶۹.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *