Таълими забонхои хоричи дар мактабхои миёна

Забони англиси забони байналхалки буда, холо дар тамоми мактабхои кишварамон хамчун воситаи муошират омузонида шуда истодааст. Чуноне, ки ба мо маълум аст омузиши забони англиси аз синфи се то синфи ёздах ва дар баъзе мактабхои хусуси аз синфи якум ба рох монда шудааст, ки акидаи олимону методистон дар ин бора гуногун мебошад. Л.В. Шерба дар ин хусус кайд кардааст, ки дарккунии маънои калимахо ва категорияхои забони модари бе мавчудияти истилоххо барои мукоиса хеле мушкил мебошад, инчунин у зикр намудааст, ки омузиши забони хоричи барои дарки забони модари ёри медихад, чунки он ба воситаи таъминнамои бо истилоххо имконияти мукоиса карданро фарохам меорадва аллакай дар зинаи ибтидои хонандагонро водор месозад, ки аз асорати забони модариашон озод шаванд.
Вале акидаи профессорон Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина дар ин бора андаке фарк мекунад. «Дар чое, ки омузиши забони модари хуб ба рох монда шудааст, омузиши забони хоричи осонтар мегардад». Ба фикри ман низ хонандагон бояд аввал забони модариашонро хуб омухта, баъд ба омузиш и дигар забонхо пардозанд, зеро бузургон гуфтаанд:
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омухтани сад забон осон гардад.
Муваффакияти ноил шудан ба максади асосии таълими забони англиси, яъне максади хосил намудани малака ва махорати муоширати аз истифодаи методхои гуногуни таълими забони хоричи вобастагии хеле калон дорад. Вале барои омузгор донистани танхо методика кифоя нест, зеро дар ин хусус Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина чунин зикр кардаанд: «Методика ин психологияи амали нест, зеро донистани танхо гузариши чараёнхо ба монанди дар хотир нигохдори, фикррони, чи гуна ташаккулёбии махорат ва малака кифоя набуда, зарур аст, ки фанни омузонидашаванда, яъне забони англиси аз тарафи омузгор хуб аз худ карда шуда бошад». Инчунин А.Пэнлоуш гуфтааст: «Методхои хуб ва бад вучуд надоранд, балки муаллимони хуб ва бад мавчуданд».
Дар хакикат муаллимон бояд гайр аз методикаи таълими забони хоричи фанни тадрисшавандаро низ хеле хуб азбар карда бошанду тавонанд, ки заминаи хубе бахри тахсили минбаъдаи омузиши забони англиси фарохам оранд. Ба мархилаи авали омузиш ахамияти чидди бояд дод, зеро ин мархила асоси ба шумор рафта,

муваффакияти омузиши фан дар зинахои навбати аз зинаи аввал вобастагии хеле калон дорад. Чуноне ки шоир гуфтааст:

Хишти аввал чун ниход меъмор кач,
То ба охир меравад девор кач.
Ё олими англис М.Уэст гуфта буд : «Забон фанне нест ки омузонида шавад, он фаннест, ки бояд омухта шавад».
Педагоги машхур К.Д.Ушинский зикр намудааст, ки хар як дарс барои омузгор бояд вазифа бошад, ки халли онро каблан андешад: дар хар як дарс у бояд ба чизе ноил шавад, кадами навбатиашро гузорад ва тамоми синфро мачбур кунад, ки ин кадамро гузоранд. Боз якчанд маслихатхои муфиди дигаре барои омузгорон мавчуданд, ки иктибос аз принсипхои таълим дар мактаби Берлитси ИМА мебошанд:
1. Харгиз тарчума макун: намоиш дех.
2. Харгиз нафахмон: бо амалиётхо нишон дех.
3. Харгиз дурудароз гап мазан: савол дех.
4. Харгиз хатои шогирдро ба дахон магир: онро ислох кун.
5. Харгиз бо вожахои алохида сухан магу: аз чумлахо истифода бар.
6. Харгиз худ зиёд харф мазан: мачбур кун, ки шогирдон сухан кунанд.
7. Харгиз ба китоб манигар: накшаи дарсии худро истифода бар.
8. Харгиз аз як нукта ба нуктаи дигар мачах: аз руи накшаи кори худ амал кун.
9. Харгиз шитобкори макун: бо суръати харакати шогирдон кадам зан.
10. Харгиз охиста сухан магу: бо суръати мукаррари гап зан.
11. Харгиз тез сухан марон: табии гап зан.
12. Харгиз бетахаммул мабош: ба хар ходиса бо чашми хирад нигар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *