Таърихи Панҷакент

Сарсухан оид ба таърихи Панҷакент.
Куҳистонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой аст. Бойгариҳои асосии он аз ангиштсанг, навшотир ва ғайра иборат аст. Конҳои ангиштсанг дар куҳҳои Фон ва қарибии деҳаи гузари Бод маълумот дода шудааст. Вале аҳоли болооби Зарафшон то нимаи дуюми асри XIX дар бораи ангиштсанг тасавуроте надоштаанд. Муҳити ҷуғрофии Кўҳистон барои чорвопарвари ва шикорчиги имкон медод.
Г.А. Арандаренко дар китоби худ “Фарғат дар Туркистон солҳои 1874 -1889” менависад, ки соли 1897 дар Панҷакент замбури асалпарвари оғоз шудааст. Ба ин кор Муҳаммадҳасан Каримов аз Панҷакент ва Ниёз Мирзобошев аз Киштут ҷалбкарда шуданд.
Ў ҳамчунин менависад, ки дар Панҷакент мадрасае бо се муддарис, чор шогир (ёрдамчи) ва 80 толибилм, 6 мактаби мардона бо 6 омузгору 135 талаба, 3 мактаби занона бо 3 муалимаву 40 нафар талаба буданд. Курси таълим дар мактабҳо бо алифбо сар шуда бо (чоркитоб), осори Ҳофиз, Бедил, Навои ва ғайра давом меёфт. Духтарон мактабравиро дар сини 7 солагӣ шуруъ мекарданд ва дар 13 солаги онро анҷом мебахшиданд.
Дар ин ёдгории таърихӣ ҷузъҳои алоҳидаи шаҳри боқи мондааст, ки аз қисматҳои зерин иборат аст: худи шаҳрак (майдони 13,5гк), арки ҳоким (2,5гк), работшаҳрак (боғҳо ва боғҳои беруназшаҳри бо масоҳати қариб 70 гк) ва қабристон.
Шаҳристон бо давраи қалъагӣ иҳота гардида дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истқоматии бо деворҳои пурнақшу нигору муссавра ҳашт куча фурушгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои дакори ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизат карда шудааст.
Дар Панҷакенти қадим ҳар каломе аз Суғдиёни осудаҳол дар манзили худ толори пуршукуҳи деворҳояшон бо нақшу нигор орро дода гачкорӣ ва аз чуб кандакори шуда дошт. Суғдиён аз ҳамаи комёбиву дастовардшои тамаддунҳои пешрафтаву бузўрги замони худ огоҳӣ доштаанд. Аз инру, дар ҳунари онҳо хусусиятҳои ҳунармандии Византиягӣ, Эрон ва Ҳиндугиро мушоҳида намудан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ҳунари Суғдӣ бо мавзеъҳои гуногуни фарқкунанда усули нотакрори худро дошт. Мисли он ҳунари наққоши Суғдист, ки адабиёт фолклор, маросиму ананаи Суғдиёнро иникос намудааст ва то оғози кори ҳафриёти дар Панҷакент дар ин ибора қариб чизе маълумот набуд.
Дар шаҳр тоҷироне мезистанд, ки бо Шоҳроҳи Абрешим ба тиҷорати корвони машғул буданд. Шоҳроҳи Абрешим аз Риму Византия то ба Чин тул мекашид. Яке аз шохаҳои ин роҳ Паҷакентро убур мекард.
Имрўз комилан тасдиқ шудааст, ки маҳз тоҷирони Суғди дар роҳи бузурги Абрешим афзалият дошта, миёнаравиро миёни шарқу Ғарб ба анҷом мерасонидаанд. Танҳо як худи Панҷакент дар бораи фарҳанги шаҳрдории натанҳо Суғд, балки тамоми қаламрави роҳи бузурги Абрешим маълумоти пурра дода метавонад. Суғдиёни Панҷакенти қадим натанҳо созмондиҳандагони бузурги тиҷорати Осиё буданд, балки ҳамзамон чун интиқолдиҳандаи арзишҳои фарҳангии як халқи Осиё ба дигараш шинохта мешуданд.
Арки Куҳандиз Майдони он зиёда аз 2,5 гектарро ташкил дода, аз ҷиҳати тарҳ ба арки Варахш (Бухоро) монанд аст. Арк аз ду қисмат иборат аст: қаср (иншооти муҳофизатии дохили ) ва кохи аз тарафи шарқ ба он пайваста (ҳавлии беруна). Ҳар кадоми онҳо бо девори алоҳидаи қалаги ва кушкий аввала аз ҷониби ҷанубу, Ғарб бо хатти ду қабатаи девор мустаҳкам карда шудааст.
Илми бостоншиносӣ ва аҳамияти он дар пажуҳиши таърихи Панҷакенти.
Ин навиштаи мухтасар — конспект дар асоси асрҳои зерин иншо шуда: Ғафуров Б. гуфтааст «Гузаштаи ғании таърихии халқи тоҷикро омўзед». Омўзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки баъд аз Инқилоби Кабири сусиёлистии Октиябр чи гуна инкишоф ёфтани илми бостоншиносиро ба хонандагон пешниҳод намояд. Ин нуқтаро бо масоили пажуҳиши таърихи Панҷакенти қадим алоқаманд бояд намуд, то талабагон бидонанд, ки кадом олимон дар тадқиқи ин масоил шуғл варзидаанд. Махсусан бояд қайд кард, ки дар ин ҷода олимони ленингради хизмат кардаанд. Дар ин мавзуъ руйхати баъзе адабиётҳо ҳатми нест. Вале муҳим аст, ки онҳо аз заҳмати ин олимон огоҳ бошанд ва эҳтиромашон мебояд кард.
Муаллимон бояд масъалаҳоро пеш гузоранд,ки Панҷакент таърихи 55-асра дорад. Инро мо ба туфайли илми бостоншиносӣ медонем. Ба хонандагон бояд фаҳмонда,ки бостоншиносӣ чи гуна илм аст. Муаллим бояд бо худ китобе чанд хусусан шоҳасари Бобоҷон ­­­Ғафуров «Тоҷикон»-ро оварда ба шогирдонаш нишон диҳанд. Хуб мешуд, агар ў воситаи айёни сомон диҳад дар он ному насаби олимони баруманди аз қабили Бобоҷон Ғафуров. А.Ю. Якубовский, А.М. Беловскй, А. Исҳоқовро бо руйхати асарҳои онон дарҷ кунанд. Аз инвосита айёни хонандагон метавонанд ному насаб ва унвони кутубии олимонро навишта гирифта ба хотир нигоҳ доранд.
Муалимонро зарур аст, ки нақшаи инқилоби октябро дар пешрафти илми бостоншиноси аз он ҷумла дар Тоҷикистон ва махсусан Панҷакент шарҳ диҳад.
Саразм дар давраи биринҷӣ
Навиштаи мухтасар аз руи чунин китобҳо таҳия шуда: Белениский А. Распопова В, Панҷакенти қадим .
Ҳамаи муаллимон бояд китоби А. Исҳоқов «Саразм»-ро бояд биомўзанд. Саразм ва ҳафриёти онро муона намоянд, то фаҳманд, ки Саразм дар таърихи Суғд чи нақше дорад. Як қатор экспонадҳои аз Саразм ёфта шударо, ки дар осорхонаи экспедитсияи Панҷакент ба намоиш гузошта шудаанд, аз назар гузарониданд, маслиҳатҳо бигиранд. Дар дарс ба шогирдон боядравшан карда, ки давраи Биринҷи кадом қарнҳоро фаро мегиранд. Ба онҳо мо бояд ашхосеро, ки дар кофтукови Саразм фаъолона ширкат ҷустаанд, муарифи намуд. Номи баъзе экспонадҳо аз Саразм ёфта шударо шогирдон бояд ба хотир гиранд. Аз баски мо ба омўзиши таърихи Суғд оғоз мекунем, бояд шарҳ дод, ки «Суғд» чиқадар масоҳат дошт ва ғайра. Дар охири дарс шогирдон бояд фикр карда аҳмияти таърихи Саразмро дарк намоянд. Муаллим метавонад аз рўи китоби
А. Исҳоқов «Саразм» як қатор воситаҳои айёни тартиби диҳад.

Саразмро ки кашф кард ?
Деҳаи Саразмро аввалин маротиба ки соли 1976 Ашурали Тайлонов ошкор кард, ки ин мавзеи дорои бузурги археологӣ шуд.
Чунонки олими бостоншинос А. Исҳоқов менависад, дар қисми шимолӣ — ғарбии маҳалаи Саразм ёдгориҳои бостони Куй Қурғон ва Кофирқурғон ҷойгиранд, ки онҳоро ҳануз соли 1947 О.И. Симирнова окор карда ба қайд гирифта буд. Пасон дар ин ҷо солҳои зиёде дастаи бостоншиносон зери сарварии Абдулоҷон Исҳоқов корро давом медиҳад. Дар Саразм бисёр бостоншиносон аз зумраи В. М. Массонт, Р.М. Мингаев А. Аскаров будаанд.

Калимаи Саразм чи маъно дорад?
Олимон «Саразм»- ро чунин тафсир кардаанд:
1) Сарсабз яъне Сари Сабза.
2) Аз калимаи тоҷикии «Сар» ва арабии «разм»-Сарразм, яъне оғози ҷанг.
Заминҳои куҳистон то Саразм долон густуртааст. Бошандагони болооби Зарафшон душманонро дар Саразм вохурда ҷангро дар ҳаминҷо оғоз мекарданд.
3)»Саразм » тибқи ақидаи барҷастатарин донандаи забони Суғди В.А. Литвис маънои «Сари замин»-ро дорад.
Ёдгориҳои қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдулоҷон Исҳоқов кашф гардид.
Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихи қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст. Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи: давраи II- солҳои 3200- 3900 то асри модавраи III солҳои 2900 — 2700 то асри мо давраи IV — солҳои 2700 — 2900 то асри мо. Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалми иборат буд. Аз охири асрҳои 4-ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металурги минтақаи Осиёи Маркази табдил меёбад. Ба ин захираҳои бо ин тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар куҳҳо болооби дарёи Зарафшон мусоидат кадааст.
Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Маркази маҳсуб мегардиданд. Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV -уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистон ҷанубӣ, Эрон, Болуҳистон, Ҳиндустон ва Афғонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994 ), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986 ), Париж (соли 1985 ), Олмон (солҳои 1992), Эрон (соли 2003 ), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008), мавриди омўзиши барраси қарор гирифтааст .
Мувофиқи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391, аз 21 -уми сентябри соли 2001 , ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташакули илми ташкил шудааст.
Оё Искандар ба Панҷакент омада буд ?
Тибқи ривояте Искандар то болооби Зарафшон қадам ниҳодааст, ки ин дар номи Искандаркул акс ёфтааст.
Дар китоби Бобоҷон Ғафуров «Искандари Мақидуни дар Шарқ » доир ба «сахраи Суғд»-ро , ки қалъаи куҳие дар дасти суғдон буд, гирифтани Искандар чунин овварда мешавад: Искандар бо қушунаш ба «аз сахраи Суғд» баҳорон наздик шуд, дар кўҳҳо барф хобида буд. Шоҳ мехост бо ҳамлае қалъаро фатҳ кунад. Ў 300 нафар беҳтарин ҷанговар дар шахбарой ба таҷрибаро баргузид. Аз ҷумлаи онон 30 кас ва ҷарӣ афтодан, мурдаи онҳоро ёфта натавонистанд. Боқимондагон ба қулаи кўҳ баромада руймолчаафшонӣ карданд. Суғдиён, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуданд, нафаҳмиданд ки ин танҳо яке дастаи далерон буд ва таслим шуданд.
Бисёр занону кудакон, аз ҷумла оилаи Оксиарт, ки ба мудофиааи «сахра» сарварӣ мекард, низ ба асорат афтондан. Искандар духтари Оксиард — Рухшонаи соҳибҷамолро баробари дидан ҳамзамон ошиқ шуд, ва ба зани хост.
«Сахраи Суғд»- ё “Сахраи Аримаз”-ро соҳиби намуда, Искандар барои фатҳи Қалъаи Исиёни дигар «Сахраи Хариен » бо сипоҳаш ба Панҷакент шитофт. Ба ҳамин тариқ, таърихнигори (Суғд, Аримаз, Хориен, Сисиметр).
Аз руи харитаҳо айён мешавад, ки Искандар дар Уротеппа, Хуҷанд будааст. Аммо ҷанги сахра ба он вомедорад, ки Искандар Панҷакент низ буд барои дигар тадқиқ бояд кард, ки Ғафуров бевосита наменависад, ки Искандар ба Панҷакент қадам ниҳодааст. Дар ин ҷо ба мавзеъ аст аз олами варзида Халиқ Мирзозода, иқтибос оварем.
Ў менависад: Зограф оиди дар бораи Искандари Мақдуни вуҷуд доштан ривояте нақл мекунад мувофиқи он ривоят Искандар аз муқовимати аҳолии таҳҷой ба ғазаб омада сипоҳиёнашро фармуд, ки пеши кулро банд кунанд. Чун сатҳи обӣ кул хеле баланд шуд, пешаро кушоданд. Оби ҷаъм шуда бо қувваи бузург ба поён ҷорӣ шуд ва водии Искандардарёро хароб карда. Аҳоли маҷбур шуд, ки сар фарорад.
Аҳамияти Панҷакенти Қадим
Ёдгориҳои санъат, ки дар Панҷакент ошкор шуданд хусусиятҳои вижа ва қимати баланди бадеи доранд. Онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Панҷакент ( Суғд) дар давраи то исломи яке аз марказҳое буд, ки дар он ҷо мактаби зинданигорӣ ва ҳайкалтарошӣ гулгул шукуфта дошт. Дар қатори дигар марказҳои ҳунари Осиёи Миёна (Хоразм Варахша ва ғайра) Панҷакент дар таърихи санъати саросари шарқи миёна мавқеи назаррасеро доро буд. Белниский дар яке аз мақолаҳояш барҳақ навиштааст: «маҷмуан барои таърихи тоҷикистон чунонки корҳои солҳои гузашта нишон додаанд , ба туфайли баъзе шароит, Панҷакент бешубҳа марҳалаи муҳимтарин аст. Ин шаҳр дар ҳудуди ду давраи гузаштаи Осиёи Миёна мавҷудияти хешро анҷом бахшид… Мо алҳол дар Осиёи Миёна дигар ёдгориеро бо чунин манзараи муайянӣ хронологӣ намедонем». Маводҳои ҳафриёти панҷакент ба таснифи паҳлуҳои маданияти моддии аҳли шаҳрии Суғд дар асрҳои VII -VIII имкон медиҳад. Кашфи нақшу нигорҳои деворӣ тасаввуроти моро нисбати сатҳи маданият, аз ҷумла санъати Суғдиён ғани гардонд, ба марҳалаҳои аввали ташаккули санъати тасвири асрҳои миёна рушанӣ андохт. Онҳо баҳри пажуҳиши идеологияи то исломии Суғд муҳимтарин мамбаанд.
Кофтуковҳои Панҷакент барои дарки масоили шаҳрсозӣ имконият фароҳам оварданд. Дар натиҷаи кофтуковҳои биноҳои истиқомати шаҳри маъбадҳо қурғонҳои назди шаҳри ҷанозагоҳҳо иншоотҳои истеҳкоми ошкор гардидаанд. Дар бораи камолоти техники бинокори Суғди иморатҳое, ки бо муввафақият аз интиҳони беш аз ҳахорсолаи вақт гузашта то давраи мо расидаанд, шаҳодат медиҳад димнаи Панҷакенти қадим бо маҷмуъи ёдгориҳои маданияти моди ва ба санъати хеш дар айни замон қомусесет дар омӯзиши таърихи суғдиён ва давраи ташаккули феодализми асрҳои V- VIII .
Панҷакенти Қадим баъди кофту ковҳо.
Навиштаи мухтасар аз руи кутбуи зерин иншо шуда: колексия бостоншиноси ва нумизматики пажуҳишгоҳи таърихи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҶШС Тоҷикистон.
Дар китоби маданияти «ибтидои асри миёна дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон «. Ҳадафи ин мавзуъ дар он аст, ки муаллим бояд бифаҳмонад, ки болооби Зарафшон махсусан Панҷакенти Қадим чи гуна кишваре буд. Шогирдон бояд номҳои ҳокимони Панҷакентро донад. Дастурҳои айёни таҳия када дар онҳо он номи ҳокимонро навишта лозим аст. Муаллим ному насаби як чанд бостоншиносонеро, ки оид ба таърихи Панҷакенти Қадим зиёд заҳмат кашидаанд, махсус қайд намояд.Муаллимонро лозим аст, ки дар бораи чор қисми шаҳр — шаҳристон, арк, деҳҳоти назди шаҳри ва қавристон ҳикоя намояд, вобастагии онҳоро нишон диҳад, баён кунад, ки онҳо чи хидматеро адо мекунанд. Муаллим бояд нақшаи ҷойгиршавии шаҳро нишон диҳад.
Панҷакентро ки идора мекард ?
Тараққиёти муввафаконаи иҷтимои ва модаии Зарафшон дар асри V барои ташаккули қадимрави мустақил замина тайёр карда. Ин дар он ифода меёбад, ки ҳануз пеш аз ташакилшавии давлати Эфталитщо ва баъд Суғд шаҳри пойтахти — Панҷакент арзи вуҷуд мекунад.
Тахти Панҷакент аз падар ба писар намегузошт.Ҳокимони ба мо маълуми Панҷакент — Гамаукиан, Биличе, Деваштич, Зоҳиран бо ҳам хешу табори надоштанд, аз инру дар бораи сулолаи Панҷакент сухан кардан асос нест. Дар луғати Забиди («Тоҷ-ул- арус», охири асри XVII) дар бораи Деваштич гуфташудааст: «Номи ў ба форсӣ Девашти аст, маънои ном ба ин вобаста мебошад. Асноди Муғ нишон медиҳад, ки Деваштич на камтар аз 14 сол ҳокими Панҷакент буд.

Агар соли 14 -умро на танҳо соли охирин ҳукмрони балки инчунин соли қатли ў ҳисобем (с. 722 ,) пас ибтидои ҳукмрониашонро ба соли 709 тааллуқ бояд донист».
Панҷакенти Қадим чи гуна шаҳр буд?
Панҷакенти қадим 1,5 км дар самти ҷанубу шарқии шаҳри ҳозираи Панҷакент мавқеъ дорад. Дар илм кайҳо эътироф шудааст, ки Панҷакенти қадим аз чор қисм мутафарриқ иборат аст. Шаҳристон, Арк, деҳоти назди шаҳрӣ, қабристон. Шаҳристон охирин шаҳре буд дар роҳи аз Самарқанд ба сўи куҳистон, маънои Шаҳристон шаҳри бо давраҳои Қалъа иҳота шуда мебошад.
Он қариб 14 гектарро ишғол мекунад. Шаҳристон чунин, ки кофтуковҳои нишон доданд дар асри V ё ибтидои асри VI мелодӣ ба вуҷуд омада, дар асри VIII ба туфайли истилоҳи Араб аз байн рафтааст. Баъд вайро барқарор карда муйяссар нагардидааст.
Парастишгоҳҳои Панҷакент маҷмуъи махсуси иморатҳои гуногун бо ҳавлиҳои васеъ вобастаги дошта мебошанд.Беленский дар бораи шаҳристон чунин менависанд: «Қисми шарқи шаҳрро асосан иморатҳои атрофия, олимақомони ҳарбӣ — феодали ё табақаи тоҷирони коҳинони аз ҷиҳати сарват ба онҳо наздик ишғол кардаанд. Барои чунин тасаввур асоси зиёде ҳаст, агар ин фактро ба назар гирем, ки маҳз дар ҳамин ҷо биноҳои боҳашамату серутоқе ошкор гардида, ки бо деворнигоронҳо ва пайкарҳо кандакори шуда бассо хуб оро ёфтаанд.» Дар шаҳистон Белянский чор кўчаро ошкор намуд. Кучаи 1, кучаи асосии қисми шарқии шаҳристон буда, бараш ба ҳисоби миёна панҷ метр дарозиаш 90 -100 метр аст. Кучаи 2 зери кунҷи рост ба кучаи як пайваст шуда, 85 метр дарози дорад. Кучаи сеюм аз шимол ба ҷануб мувозӣ ба кучаи як тўл мекашад, бараш 3 метр, дарозиаш 80 метр.
Кучаи чорум ба суи дарвозаҳои асоси шаҳр ба дарозии 80 метр тул кашидааст .Яқубовский дар бораи Шаҳристон навиштааст: «Шаҳристон Панҷакенти Қадим боз як хусусияти дигар дорад, ки онро қайд кардан зарур аст. Теппаҳо — боқимондаҳои биноҳо ба ҳамдигар наздик ҷойгиранд. Дар байни онҳо тасмаҳои хурди заминаҳои холӣ ҳаст, ки барои ин биноҳоро чун иморатҳои ҳавлиги пиндоштан имкон намедиҳад».
Манзараи симои иҷтимоии Шаҳристонро Яқубовский чунин менигаронад : «истиқоматгоҳҳо дар шаҳри (Шаҳристон) то феодали ба деҳқонони маҳаллаи таалуқ доштаанд. Оилаҳо патриархалӣ будаанд… Дар Шаҳристон ҷуз чунин манзилгоҳҳои деҳқони иморагоҳои динӣ яъне маъбадҳои оташ, худдоёни маҳаллаӣ, монави буддоӣ вуҷуд доштаанд». Арк дар мавзеи аз ҷиҳати стратегӣ мувофиқ ҷойгир аст. Дар домани шимолу — ғарби теппаи, ки арк сохта шудааст, чашмаи Қайнар воқеъаст. Кофтуковҳои бисёрсола нишондодаанд, ки дар майдони арк дар истилои Араб ду иморати бо шулон — донжон ва қаср мавҷуд будааст. Донжон иморати бошукуҳест, ки аз платформаи 20 x 26 метр иборат аст.
Этироф шуда , ки ин манзилгоҳҳи ҳикмани Панҷакенти қадим буд. Бинои асосии Арк маҷмуи қасри мебошад. Сарчашмаҳои қасрӣ шаҳодат медиҳад, ки то замони истилоҳи Арабҳо аз ду қисм иборат будааст.

Об аз доманакуҳҳои Зарафшон тавассути ҷўйборҳо тодеворҳои шаҳр меомад, ба шаҳри танги пуриморат бошад, онро танҳо ба ҷўйҳои зеризамини равон кардан мумкин буд. Қабристон дар самти ҷануб ва ҷанубу ғарби шаҳристон мавқеъ дошта, дар ҳақиқат қабристони нодири Суғди то исломист.
«Шаҳри Мурдаҳо «- қабристони қадим аз якчанд «хоначаҳо » — и аз хишти хом ё похса таркибёфта иборат буда, ки аз онҳо танҳо теппачаҳои паст боқи мондаанд. Масоҳати ин дахмаҳои руизамини одатан 3 — 4 метр2, баландиаш 2метр буд. Онҳо болопушҳои гумбазшакл доштанд. Ба дахмаҳо аз тариқи даромадгоҳҳои паст дохил мешуданд. Дар дарун тули деворҳо суфаҳо пасти гилин буданд. Чунин дахмаҳо дар осори олимони ба забони араби эҷод карданд Ноус номида шудаанд.
Ноус — калимаи юнонист, ки баъдтар ба забони араби гузаштааст. Арабҳо ин калимаро ба маънои ҷойи дафн кор мебурданд. Дар суфаву тоқҳо тобутчаҳо — куттиҳо гили ва ганҷӣ (Осуриҳоӣ ) гузошта мешуданд, ки дар дохили онон устухонҳои аз гушту пуст тоза карда шудаи одам ниҳода шудаанд. Ин тарз дафн куни ба маросимҳои дафнкуни зардушиён шабоҳат дорад. Расму русуми тозакуни устухони мурдагон дар сарчашмаҳо низ тасвир шудаанд. Аз ҷумла муарифи асри миёнагии араб табари дар бораи қатли ҳокими Бухоро Тағшода (соли 739 ) итилоъ медиҳад, ки қарибонаш «гушти бадани уро бурида гирифта, устухонҳояшро ба Бухоро фиристонданд».
Белниский менависад, ки «саҳнаи мотамдори» тасавуроти умуми Суғдиёнро роҷеъ ба ҳайёти баъди маргӣ таҷассум мекунад вале ҳар чи набошад, дар ин саҳна маросими воқеъан вуҷуддоштаи мотам тасвир ёфтааст. Инро бисёр манбаи хатти тасдиқ менамояд. Ҷиҳати маросимӣ дар тасвири Ҳудазиятдиҳи айёнтар акс ёфтааст. Мардони навҳагар туй меканданд, рухсору синаашонро ба нохун мехарошиданд, баъзеҳо ҳатто бо корд нармии гушташонро мебуриданд.
Бисёр сарчашмаҳо менигоранд, ки чунин маросимҳои мотамиро византиён, арабҳо ва туркон низ доштаанд. Олими Хоразми Беруни менависад, ки дар охири яке аз моҳҳо «Аҳли Суғд ба хотири мурдагони гузаштаи хеш навҳа мекунанд. Онҳо ба ёди онон мегиранд, мехарошанд ва барои мурдагон хурокию нушокиҳо мегузоранд». Муқарар шудааст, ки ноусҳои Панҷакент асосан як ҳуҷра ва аҳёна дуҳуҷра биноҳои биноҳои хурдҳаҷм мебошанд. Дар онҳо устухонҳои одам ёфт шудаанд. Ҳангоми кофтуковҳои қабристон натиҷаҳои муҳим ба даст омадаанд. Дар Панҷакент лаҳзаҳои асоси маросими дафн вобаста ба гузоштанӣ бо гузоштани устухонҳои мурдагон дар қуттиҳои гилин махсус — устунхонҳои ё осуариҳо имконпазир гардид. Осуариҳои дар бостоншиносии Осиёи Миёна кайҳо боз маълуманд. Дар наусҳо пайкарчаҳои худоҳо ва зарфҳо бо хуррок барои мурдагон ниҳода мешудаанд. Суғдиён мурдаҳоро ба замин намегузоштаанд. Мувофиқи тасвири онон замин муқадас ва рисқ диҳи инсон буда аз ин сабаб онро бо ҷисми мурдагон ҳарром кардан манъ аст. Онҳо гушти мурдагонро тоза намуда устухонҳоро дар лаъличаҳо ба руи суфа мениҳоданд. Ду тарзи тозакунии устухон аз гушт вуҷуд дошт. Тарзи авал ин тарзи тозакуни устухон аз гушт вуҷуд дошт. Дигар тар он аст, ки устухонҳоро одамони махсус гуркобҳо аз гуш ҷудо менамуданд.
Ёдгориҳои маданияти модии Панҷакенти қадим
Дар бораи мероси мадании Суғд дар мамлакатҳои мусулмонишини Осиёи Миёна аз китоби «Ҳафриётӣ» навини соли 1973 Бартолву таърихи ҳайёти мадании Туркистон.
Ҳадафи асосии ин дарс аз омузгор тақозо мекунад, ки ў ба хонандагон аҳамияти маданияти модии Панҷакентро фаҳмонад ба онҳо фарқи давраҳои гуногуни онро ё диҳад. Мавод дар бораи шамшер ва ягон давраи муйян таалуқ надорад аз ин ру дар ин боб алоҳида истодан даркор. Омузгор бо хусус ба он диқат диҳад, ки чигуга лар як ноҳияи хурдакаки Панҷакент онқадар намудҳои ҳайкалҳо ва пайкараҳо ёфта шудаанд, ки дар ягонҷои дигар Осиёи Миёна чунин чиз ба чашм нарасидааст. Суғдиён адабиёти ҳаматарафа доштанд , ҷиҳатҳои маънавӣ ва дунявии он зиёдтар ба чашм мехурад. Яке аз асарҳои пураҳмият тарҷумаи «Вессантараджиатики » ба забони Суғдӣ аст. Тарҷумаи ин асар ба забонҳои нимтибети ва Хитои мавҷуданд. Матни Суғди аз 1513 сатр иборат аст. Маънии он чунин аст: Ба подшоҳ баъди умедвории зиёд худованд писаре медиҳад, ки ўро Судошон ном мекунанд. Вақте, ки ў ба балоғат расид, ўро ба духтари зебои аруси карданд ва аз онҳо ду фарзанд ба дунё омад. Барои як амали нохуб падар шоҳзодаро ба саҳро бадарға мекунад. Зани шаҳзода низ кудаконашро гирифта ба назди у меравад. Оворагон ба роҳ мебарояд. Шаҳзода, ки шахси бисёр саховатманд буд, дар роҳ тамоми чизҳояшро ба мардум тақсим мекунад. Худои таъоло ба онҳо раҳм хўрда барояшон як қаср барпо мекунад. Чанде дар он ҷо истироҳат карда шаҳзода боз ба роҳ мебарояд, зеро намехоҳад амри падарашро вайрон кунад . Оқибат ў бо оилааш то ҷои ба дарға мерасад, аз хасу хошук хонае ҷур мекунад. Судашон сахӣ ҳатто ба як роҳгузар кўдаконашро бахшиш медиҳад.Худованд барои интиҳони ў як муйсафедро ба назди ў фиристода зани нозанинаро ҳам талаб мекунад. Ў розӣ мешавад,вале муйсафед мгуйяд, ки сонитар меояд.
Роҳгузаре, ки кудаконро гирифта буд онҳоро ба шаҳр меорад ва подшоҳ ин кудаконро харидорӣ мекунад. Онҳо ба боби худ азобу оқибати падарашонро наул мекунад. Баъди илтмоси зиёди шоҳзода ба шаҳр бармегардад ва шоҳ тоҷи худро ба ў мегузорад. Хотимаи ин (ҷатнӣ ) аз каломи буддо дар васфи Судошон иборат аст.
Маълум аст ки силсила «Ҷатанаҳо» як қисми адабиёти Ҳиндию буддоӣ аст. Дар Панҷакент тасвирҳо дар бораи корнамоиҳои Рустам вуҷуд дорад. Маҷмуи ҳиннди «Панҷакентро » («Калила ва Димнаи «) барои Суғдиён хеле машҳур буд. Дар баъзе тасвирҳо акси ки китоб Ҳастанд воқеан, Рудакӣ аввалин шахсе буд, ки ин китобро ба тоҷики ба назм даровардааст. Як қисми асарҳои тасвирҳоӣ, масалан марсия бар марги Сиёвуши дар Панҷакент аз одобу анъанаҳои мардум шаҳҳодат медиҳад.

Панҷакенти Қадим
Нодиртарин ёдгории мазкур дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чунин замини кишту кор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодахонаҳо кучаҳо ва паскучаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст.
Панҷакенти қадимро метавон бо чунин ёдгориҳои бузург дар ҷаҳон машҳур чунин Афросиёб, ва Рахш, Пайкент (Узбекистон), Нисо, Марв, (Туркманистон), Оқ-Таппа, Тарра, Отрар, (Қазоқистон), Устуршана Кофир- Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон), Чаклактеппа(Афғонистон) ва амсоли ин муқоиса намуд. Корҳои баргузорнамудаи ҳафриёти тақрибан ҳудуди нисфи ёдгориро фаро мегиранд. Дар арки мавҷуда дар теппаи алоҳидаи ҳоким ва гуристон корҳои ҳафриёти гузаронида шудааст. Панҷакенти қадим ёдгории таърихи давраи то исломӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маҳала аз асри 5 то асри 8 давраи мо Суғдиён- аҷдоди Тоҷикони
муъосир ,ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебаранд , зиндагӣ кардаанд.
Дар ин ёдгории таърихӣ ҷузъҳои алоҳидаи шаҳри боқи мондааст, ки аз қисматҳои зерин иборат аст: худи шаҳрак (майдони 13,5гк), арки ҳоким (2,5гк), работшаҳрак (боғҳо ва боғҳои беруназшаҳри бо масоҳати қариб 70 гк) ва қабристон.
Шаҳристон бо давраи қалъагӣ иҳота гардида дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истқоматии бо деворҳои пурнақшу нигору муссавра ҳашт куча фурушгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои дакори ҳунармандӣ ва иншооти иуҳофизат карда шудааст.
Дар Панҷакенти қадим ҳар каломе аз Суғдиёни осудаҳол дар манзили худ толори пуршукуҳи деворҳояшон бо нақшу нигор орро дода гачкорӣ ва аз чуб кандакори шуда дошт. Суғдиён аз ҳамаи комёбиву дастовардшои тамаддунҳои пешрафтаву бузурги замони худ огоҳӣ доштаанд. Аз инрў ,дар ҳунари онҳо хусусиятҳои ҳунармандии Византиягӣ, Эрон ва Ҳиндугиро мушоҳиданамудан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ҳунари Суғдӣ бо мавзеъҳои гуногуни фарқкунанда усули нотакрори худро дошт. Мисли он ҳунари наққоши Суғдист, ки адабиёт фолклор, маросиму ананаи Суғдиёнро иникос намудааст ва то оғози кори ҳафриёти дар Панҷакент дар ин ибора қариб чизе маълумот набуд.Дар шаҳр тоҷироне мезистанд, ки бо Шоҳроҳи Абрешим ба тиҷорати корвони машғул буданд. Шоҳроҳи Абрешим аз Риму Византия то ба Чин тул мекашид. Яке аз шохаҳои ин роҳ Паҷакентро убур мекард.
Имрўз комилан тасдиқ шудааст, ки маҳз тоҷирони Суғди дар роҳи бузурги Абрешим афзалият дошта, миёнаравиро миёни шарқу Ғарб ба анҷом мерасонидаанд. Танҳо як худи Панҷакент дар бораи фарҳанги шаҳрдории натанҳо Суғд, балки тамоми қаламрави роҳи бузурги Абрешим маълумоти пурра дода метавонад. Суғдиёни Панҷакенти қадим натанҳо созмондиҳандагони бузурги тиҷорати Осиё буданд, балки ҳамзамон чун интиқолдиҳандаи арзишҳои фарҳангии як халқи Осиё ба дигараш шинохта мешуданд.
Арки Куҳандиз Майдони он зиёда аз 2,5 гектарро ташкил дода, аз ҷиҳати тарҳ ба арки Варахш (Бухоро) монанд аст. Арк аз ду қисмат иборат аст: қаср (иншооти муҳофизатии дохили ) ва кохи аз тарафи шарқ ба он пайваста (ҳавлии беруна). Ҳар кадоми онҳо бо девори алоҳидаи қалаги ва кушкий аввала аз ҷониби Ҷанубу, Ғарб бо хатти ду қабатаи девор мустаҳкам карда шудааст.
Корҳои ҳафриёти чандинсола нишон додаанд, ки дар арафаи истилоҳи арабҳо дар қаламрави Арк ду бинои бузург — донуон ва қаср мавҷуд будааст. Донуон — бинои пуршукуҳест, ки аз ду иншооти андозаи 26 ба 26 метр бо баландии 2,5 метри сатҳи болоии иҳотакардаи қаср ва пойдевори болои иншоот бо андозаи 18 ба 18 метр ва баландии 8 метр иборат аст.Бинои асосии Арк маҷмааи қаср мебошад. Қаср дар пояи қалъаи ҳоким бозёфт шудааст. Маҷмааи мазкур аз толори сеқабатаи андозаи 22 ба 12,5 метр ва тахти шоҳиву се толори хурд бо андозаи 11 ба 10 метр иборат аст. Аз ҷониби ғарб, ҷанубу ғарб ва шимол ба толорҳои қаср айвони пуршукуҳи дарозиаш 12 метр ва даҳлези асосии дарозиаш 45 метр пайваст мешавад. Аз навиштаҷоти дар деворҳои қаср як замоне бо навиштаҷоти зиёде оро дода шуда будааст.
Аз тарафи Ҷануб, Ғарб ва Шимол қаср бо биноҳои хоҷагӣ ва манзили зисти хизматгорони ҳоким иҳота шудааст. Қаср дар як вақт бо шаҳристон аз сухтори солҳои 721 — 722 рўйдода зарари зиёде дидааст. Биноҳои асосӣ сухта, навиштаҷот барқасдона аз деворҳо канда поймол карда шудааст.Қабристон дар қисмати ҷануб ва ҷанубу ғарбии шаҳристон ҷойгир шудааст. Қабристон дар воқеъ ҳам яке аз гуристонҳои нодири давраи то исломи Суғд ба шумор мераванд. То баргузории корҳои ҳафриётӣ (ҷустуҷўи ) қабристон аз маҷмўи гуруҳои алоҳида дар шакли теппаҳо намуддор мегардид.
Работ маҳалаи ахолинишин назди шаҳри мебошад. Он дар қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии шаҳристон ҷойгир шудааст. Масоҳати Работи Панҷакент як чанд маротиба аз қаламрави шаҳр калонтар аст .Дар қаламрави Работ беш аз дусад теппаҳои сунъи аз ҳамдигар ҷудо мавҷуд аст. Ҷустуҷуйҳо собит сохт, ки ҳар кадоме аз теппаҳо аз се ё чаҳор бино иборат буда, ҳар яке аз онҳо дар навбати худ таъиноти махсусе доштааст: бинои истироҳату хоб, ошхона, бинои қабул, кор ва ғайра .Дар ин ҷо чунин дар аксари хонаҳои шаҳристон зинаҳо ( панддуст ) вомехўрад , ки ба барои ба ошиёнаи дувум ё боми бино баромада сохта шудааст.
Ҳамин тавр, омузиш бозёфтҳои як қатор хонаҳои назди шаҳрӣ нишон дод, ки работи Панҷакент дар асрҳои VII — VIII ба ташаккул ёфтанд оғозгардид , ки он қисми ҷудонашавандаи шаҳри давраи то феодалӣ мебошад. Чанде дертар Работ ба қаламрави шаҳр дохил карда шуда бо девори муҳофизати иҳота карда шуда , ки чунин манзараро мо дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷад, Тирмиз ва дигар шаҳрҳои асри миёнаги мушоҳида менамоем.
Дар маҷмуъ, корҳои ҳафриёти дар ҳамаи қисматҳои шаҳристони Панҷакент имкон дод ки фаъолияти бинокориву сохтмонӣ ва аломатҳои асосии корҳои меъмории иншооти шаҳрӣ дар замони қадим пурратар омухта шавад. Дар натиҷа маълум шуд, ки меъморони Панҷакент бо ананаҳои меъмори Месопотамия, Бохтар ва Эрон аз наздик ошной доштаанд ва ин имкон медиҳад,ки осори меъмории Панҷакентро дар як саф дар сатҳи меъмори ҷаҳонӣ гузошт.
Аз нигоҳи афзалияти арзишҳои умумиинсони ва ҳамазамон эътиром гузошта ба сарвати милли Панҷакенти қадимро намунаи омўзиши ҳисобидан мумкин аст. Дар ин ҷо бо тамоми айёният то ба кадом андоза дар он замони қадим ба сатҳи баланд расидани фарҳанги мардуми Осиёи Миёнаро дидан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол робитаи Суғдиён бо мамбаъҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ доимӣ ва ҳамдигарро такмилдиҳанда боқи мондааст.
Илми бостоншиносӣ ва аҳамияти он дар пажуҳиши
Таърихи Панҷакент.
Ин навиштаи мухтасар — конспект дар асоси асрҳои зерин иншо шуда : Б. Ғафуров гуфтааст «Гузаштаи ғании таърихии халқи тоҷикро омўзед». Омўзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки баъд аз Инқилоби Кабири сусиёлистии Октябр чи гуна инкишоф ёфтани илми бостоншиносиро ба хонандагон пешниҳод намояд. Ин нуқтаро бо масоили пажуҳиши таърихи Панҷакенти қадим алоқаманд бояд намуд,то талабагон бидонанд, ки кадом олимон дар тадқиқи ин масоил шуғл варзидаанд. Махсусан бояд қайд кард, ки дар ин ҷода олимони ленингради хизмат кардаанд. Дар ин мавзуъ руйхати баъзе адабиётҳо ҳатми нест. Вале муҳим аст,ки онҳо аз заҳмати ин олимон огоҳ бошанд ва эҳтиромашон набояд.
Муаллимон бояд масъалаҳоро пеш гузоранд, ки Панҷакент таърихи 55-асра дорад. Инро мо ба туфайли илми бостоншиноси медонем. Ба хонандагон бояд фаҳмонда,ки бостоншиноси чи гуна илм аст. Муаллим бояд бо худ китобе чанд хусусан шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро оварда ба шогирдонаш нишон диҳад. Хуб мешуд, агар ў воситаи айёни сомон диҳад дар он ному насаби олимони баруманди аз қабили Бобоҷон Ғафуров. А.Ю. Якубовский, А. М. Беловскй, А. Исҳоқовро бо руйхати асарҳои онон дарҷ кунанд. Аз инвосита айёни хонандагон метавонанд ному насаб ва унвони кутубии олимонро навишта
гирифта ба хотир нигоҳ доранд.
Муалимонро зарур аст, ки нақшаи инқилоби октябро дар пешрафти илми бостоншиноси аз он ҷумла дар Тоҷикистон ва махсусан Панҷакент шарҳ диҳад.
Бостоншиноси дар Панҷакент
Соли 1915 узви дустдорони маҳфили бостоншиносии Туркистон А.И. Кастание ба Қайнар омада тепаҳои онро таҳқиқ кард ва зарфҳои гуногун ёфт. Баъди инқилоб ба инҷо бостоншиноси маъруф В.Л. Вяткин қадам ниҳод .
Соли 1924 М.С. Андреев бо ду нафар ҳамкораш ба Масчоҳ. Қаротегин. Яғноб экспедитсия ташкил намуд ин экспедитсия дар дарраи Зарфшон боли кашфиёти муҳими бостоншиносӣ кард дар қишлоқи Қуруд сутуни кандакоришудаи чубин дар Искандар меҳроби чубин нодир пайдо шуда буд. Ин ёдгориҳоро аксбардори намуда дар ҳисоботи экспедитсия бо тафсирb кутоҳе чоп менамуданд. Иштирокчиёни дигари экспедитсия Н. М. Пешереева соли 1925 дар деҳаи урметан сутуни кадакоришуда ёфт ,ки акси он танҳо баъди чанд сол дар матбуот пайдо шуд.
Ғайр аз ин экспедитсия манораи гилини Варзи Маноро акс бардошт.
Соли 1925 нахустин ахбор оиди ёдгориҳои бостоншиноси Осиёи Миёна ба вуҷуд омад, ки А.А. Семеёнов тартиб дода буд. Соли 1927 моҳи ноябр М.Е Массон дар Панҷакент тангаеро бо номи Антиман ёфт ва дар он бахши мардумшиноси ва бостоншиноси Осиёи Миёнаги ҷамъбасти ҷуғрофи русс ин мавзу маърузаи махсус намуд.
Дар давоми 2-юми экспедитсия (1926-1945) соли 1932 Муғқалъа тасодуфан сабади бофташудаеро варақе ки хати нофаҳмо дошт ёфт. Санад ба дасти котиби якуми кумитаи ҳизби комунисти ноҳияи Заҳматобод Абдуҳамид Пулоди афтод ва уро ба Сталинобод оввард. Моҳи апрели соли 1933 акси санат ба Эроншиноси маъруф А.А Фрейман нишон дода шуд ў муайян намуд, ки ин санади номаест. ки бо хатти ва ба забони Суғди
навишта шуда соли 1933 Қалъаи Муғ диқати аҳолии ҷомеа ва мутахасисонро ба худ ҷалб кард. Чунон, ки М. Ожерликов навиштааст солҳои 1934-1937 ҳавзаи Зарафшон боло омўхта мешуд. Мувофиқи муалиф яке аз мақолаҳо рузномаҳо ҳангоми муоинаи роҳҳо аз Панҷакент то Заҳматобод се қалъаи феодалии ҳануз дар асри XII аз ҷониби Арабҳо хароб карда шуда пайдо гардидаанд.
Диқати Чейлиткоро ки соли 1936 нуқтаҳои гуногуни он кофтукови хурд мегузаронад, бештар димнаи Панҷакенти Қадим ба худ кашид.
Саразм дар давраи биринҷӣ
Навиштаи мухтасар аз руи чунин китобҳо таҳия шуда: Белениский А. Распопова В, Панҷакенти қадим.
Ҳамаи муаллимон бояд китоби А. Исҳоқов «Саразм»-ро бояд биомўзанд. Саразм ва ҳафриёти онро муона намоянд, то фаҳманд. ки Саразм дар таърихи Суғд чи нақше дорад . Як қатор экспонадҳои аз Саразм ёфта шударо, ки дар осорхонаи экспедитсияи Панҷакент ба намоиш гузошта шудаанд, аз назар гузарониданд, маслиҳатҳо бигиранд. Дар дарс ба шогирдон боядравшан карда, ки давраи Биринҷи кадом қарнҳоро фаро мегиранд. Ба онҳо мо бояд ашхосеро ,ки дар кофтукови Саразм фаъолона ширкат ҷустаанд, муарифи намуд. Номи баъзе экспонадҳо аз Саразм ёфта шударо шогирдон бояд ба хотир гиранд. Аз баски мо ба омўзиши таърихи Суғд оғоз мекунем, бояд шарҳ дод, ки «Суғд» чиқадар масоҳат дошт ва ғайра. Дар охири дарс шогирдон бояд фикр карда аҳмияти таърихи Саразмро дарк намоянд. Муаллим метавонад аз рўи китоби А. Исҳоқов «Саразм» як қатор воситаҳои айёни тартиби диҳад.Ёдгориҳои қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдулоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихи қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст. Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи : давраи II- солҳои 3200- 3900 то асри мо давраи III солҳои 2900 — 2700 то асри мо давраи IV — солҳои 2700 — 2900 то асри мо. Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалми иборат буд. Аз охири асрҳои 4 ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металурги минтақаи Осиёи Маркази табдил меёбад. Ба ин захираҳои бо ин тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар куҳҳо болооби дарёи Зарафшон мусоидат кадааст.
Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Маркази маҳсуб мегардиданд. Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV -уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистон ҷанубӣ, Эрон, Болуҳистон, Ҳиндустон ва Афғонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994 ), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986 ), Париж (соли 1985 ), Олмон (солҳои 1992), Эрон (соли 2003 ), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008), мавриди омўзиши барраси қарор гирифтааст.
Мувофиқи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391, аз 21 -уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташакули ташкил шудааст.

Оё Искандар ба Панҷакент омада буд ?
Тибқи ривояте Искандар то болооби Зарафшон қадам ниҳодааст, ки ин дар номи Искандаркул акс ёфтааст.
Дар китоби Бобоҷон ­Ғафуров «Искандари Мақидуни дар Шарқ » доир ба «сахраи Суғд»-ро, ки қалъаи куҳие дар дасти суғдон буд, гирифтани Искандар чунин овварда мешавад : Искандар бо қушунаш ба «аз сахраи Суғд» баҳорон наздик шуд, дар куҳҳо барф хобида буд. Шоҳ мехост бо ҳамлае қалъаро фатҳ кунад . Ў 300 нафар беҳтарин ҷанговар дар шахбарой ба таҷрибаро баргузид. Аз ҷумлаи онон 30 кас ва ҷарӣ афтодан, мурдаи онҳоро ёфта натавонистанд. Боқимондагон ба қулаи кўҳ баромада руймолчаафшонӣ карданд. Суғдиён, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуданд, нафаҳмиданд ки ин танҳо яке дастаи далерон буд ва таслим шуданд.
Бисёр занону кудакон, аз ҷумла оилаи Оксиарт, ки ба мудофиааи «сахра» сарварӣ мекард , низ ба асорат афтондан. Искандар духтари Оксиард — Рухшонаи соҳибҷамолро баробари дидан ҳамзамон ошиқ шуд, ва ба зани хост.
«Сахраи Суғд»- (ё»сахраи Аримаз » )-ро соҳиби намуда , Искандар барои фатҳи қалъаи исиёни дигар «сахраи Хариен » бо сипоҳаш ба Паретакен шитофт. Ба ҳамин тариқ, таърихнигори (Суғд, Аримаз, Хориен, Сисиметр ).
«Сахраи Хориен » дар Паритакен 20 стади баландӣ ва то 60 стадӣ паҳно дошт, аз шах рўди куҳӣ тезҷараён равон буд, қалъа бо хандаке чуқур иҳота шуда буд. Дар ин ҷо «бисёр князҳо» (эпаракҳо ) аз ҷумла Хориен, ки шах исми ў номида шуда, аз Искандар таслим шуда ва қалъаро ба ҳукми ў супурд. Искандар вайро барои ихтиёран во гузоштани қалъа қадрдонӣ мекард.
Баъд — ин инвол Искандар истилоҳи Осиёи Миёнаро анҷом бахшида, ҳамон тобистони соли 327 то мелоди акиб гашта, Амударё убур намуда, таввасути Ҳундукуш юуриши машҳури хешро оғоз кард.
Аз руи харитаҳо айён мешавад, ки Искандар дар Уротеппа, Хуҷанд будааст. Аммо ҷанги сахра ба он вомедорад, ки Искандар Панҷакент низ буд барои дигар таъқид бояд кард, ки Ғафуров бевосита наменависад, ки Искандар ба Панҷакент қадам ниҳодааст. Дар ин ҷо ба мавҷе аст аз олами варзида Халиқ Мирзозода, иқтибос оварем. Ў менависад: Зограф оиди дар бораи Искандари Мақидуни вуҷуд доштан ривояте нақл мекунад мувофиқи он ривоят Искандар аз муқовимати аҳолии таҳҷой ба ғазаб омада сипоҳиёнашро фармуд, ки пеши кулро банд кунанд. Чун сатҳи обӣ кул хеле баланд шуд ,пешаро кушоданд. Оби ҷаъм шуда бо ҷувваи бузург ба поён ҷорӣ шуд ва водии Искандардарёро хароб карда. Аҳоли маҷбур шуд, ки сар фарорад.
Панҷакенти Қадим асри VII — VIII шаҳри замони ташаккули муносибатҳои феодали дар осиёи Миёна мебошад. Таърихи шаҳри феодали Осиёи Миёнаги — яке аз масоили асосии таърихнигории Осиёи Миёна мебошад. Аз ин ҷиҳат Панҷакент аҳамияти бузург дорад. Яқубовский ба таври образнок Панҷакенти Қадимро озмоишгоҳи махсусе номидааст, ки дар он бояд масоили марбути ташаккули сохти феодали ва билхоса шаҳри феодали мавриди омузиши қарор гирад. Яқубовский навишта : «Панҷакенти Қадим алакай имруз миқдоран нисбат ба варахшавон топраж-қалъа зиёдтар ёдгориҳои санъати тасвири қадимӣ додааст. Панҷакент зоҳиран, уқаламрави ҳақиқи санъати тасвири тоҷикони қадим аст. Панҷакент зоҳиран, қаламрави ҳақиқии санъати тасвирии тоҷикони қадим аст «.
Кофтуковҳои Панҷакент барои дарки масоили шаҳрсозӣ имконият фароҳам оварданд. Дар натиаи кофтуковҳои биноҳои истиқомати шаҳри маъбадҳо қурғонҳои назди шаҳри ҷанозагоҳҳо иншоотҳои истеҳкоми ошкор гардидаанд. Дар бораи камолоти техники бинокори Суғди иморатҳое, ки бо муввафақият аз интиҳони беш аз ҳахорсолаи вақт гузашта то давраи мо расидаанд, шаҳодат медиҳад димнаи Панҷакенти қадим бо маҷмуъи ёдгориҳои маданияти моди ва ба санъати хеш дар айни замон қомусесет дар омўзиши таърихи суғдиён ва давраи ташаккули феодализми асрҳои V- VIII .

Панҷакенти Қадим баъди кофту ковҳо .
Навиштаи мухтасар аз руи кутбуи зерин иншо шуда : колексия бостоншиноси ва нумизматики пажуҳишгоҳи таърихи бостоншиносии ва мардумшиноси ҶШС Тоҷикистон .
Дар китоби маданияти «ибтидои асри миёна дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон». Ҳадафи ин мавзуъ дар он аст, ки муаллим бояд бифаҳмонад, ки болооби Зарафшон махсусан Панҷакенти Қадим чи гуна кишваре буд. Шогирдон бояд номҳои ҳокимони Панҷакентро донад. Дастурҳои айёни таҳия када дар онҳо он номи ҳокимонро навишта лозим аст. Муаллим ному насаби як чанд бостоншиносонеро, ки оид ба таърихи Панҷакенти қадим зиёд заҳмат кашидаанд, махсус қайд намояд. Муалимонро лозим аст, ки дар бораи чор қисми шаҳр — шаҳристон, арк, деҳҳоти назди шаҳри ва қавристон ҳикоя намояд, вобастагии онҳоро нишон диҳад , баён кунад, ки онҳо чи хидматеро адо мекунанд. Муаллим бояд нақшаи ҷойгиршавии шаҳро нишон диҳад. Беленский дар бораи шаҳристон чунин менависанд: «Қисми шарқи шаҳрро асосан иморатҳои атрофия, олимақомони ҳарбӣ — феодали ё табақаи тоҷирони коҳинони аз ҷиҳати сарват ба онҳо наздик ишғол кардаанд. Барои чунин тасаввур асоси зиёде ҳаст, агар ин фактро ба назар гирем, ки маҳз дар ҳамин ҷо биноҳои боҳашамату серутоқе ошкор гардида, ки бо деворнигоронҳо ва пайкарҳо кандакори шуда бассо хуб оро ёфтаанд.» Дар атрофи қисми шарқии димана мавҷудияти аҳолии ҳунарманд дар назар дошта шудааст. Ҳамин тавр, шаҳристон, зимнан қисми атрофи он ҳамзамон макази фаъолияти тиҷорӣ — ҳунарӣ низ будааст.Яқубовский дар бораи Шаҳристон навиштааст : «Шаҳристон Панҷакенти Қадим боз як хусусияти дигар дорад, ки онро қайд карда зарур аст. Теппаҳо — боқимондаҳои биноҳо ба ҳамдигар наздик ҷойгиранд . Дар байни онҳо тасмаҳои хурди заминаҳои холӣ ҳаст, ки барои ин биноҳоро чун иморатҳои ҳавлиги пиндоштан имкон намедиҳад «.
Об аз доманакуҳҳои Зарафшон тавассути ҷўйборҳо то деворҳои шаҳр меомад, ба шаҳри танги пуриморат бошад , онро танҳо ба ҷўйҳои зеризамини равон кардан мумкин буд. Қабристон дар самти ҷануб ва ҷанубу ғарби шаҳристон мавқеъ дошта, дар ҳақиқат қабристони нодири Суғди то исломист. Суғдиён адабиёти ҳаматарафа доштанд, ҷиҳатҳои маънавӣ ва дунявии он зиёдтар ба чашм мехурад. Яке аз асарҳои пураҳмият тарҷумаи «Вессантараджиатики» ба забони Суғдӣ аст. Тарҷумаи ин асар ба забонҳои нимтибети ва хитои мавҷуданд. Матни Суғди аз 1513 сатр иборат аст. Маънии он чунин аст: Ба подшоҳ баъди умедвории зиёд худованд писаре медиҳад, ки ўро Судошон ном мекунанд. Вақте, ки ў ба балоғат расид, ўро ба духтари зебои арруси карданд ва аз онҳо ду фарзанд ба дунё омад. Барои як амали нохуб падар шоҳзодаро ба саҳро бадарға мекунад. Зани шаҳзода низ кудаконашро гирифта ба назди ў меравад. Оворагон ба роҳ мебарояд. Шаҳзода ки шахси бисёр саховатманд буд, дар роҳ тамоми чизҳояшро ба мардум тақсим мекунад. Ў ҳамроҳ шуда мегузаранд Худои таъоло ба онҳо раҳм хўрда барояшон як қаср бар по мекунад. Чанде дар он ҷо истироҳат карда шаҳзода боз ба роҳ мебарояд, зеро намехоҳад амри падарашро вайрон кунад. Оқибат ў бо оилааш то ҷои ба дарға мерасад, аз хасу хошук хонае ҷур мекунад.Судашон сахӣ ҳатто ба як роҳгузар кўдаконашро бахшиш медиҳад.
Худованд барои интиҳони ў як муйсафедро ба назди ў фиристода зани нозанинаро ҳам талаб мекунад. Ў розӣ мешавад, вале муйсафед мегуйяд, ки сонитар меояд. Роҳгузаре, ки кудаконро гирифта буд онҳоро ба шаҳр меорад ва подшоҳ ин кудаконро харидорӣ мекунад. Онҳо ба боби худ азобу оқибати падарашонро наул мекунад. Баъди илтмоси зиёди шоҳзода ба шаҳр бармегардад ва шоҳ тоҷи худро ба ў мегузорад. Хотимаи ин (ҷатнӣ ) аз каломи буддо дар васфи Судошон иборат аст.
Маълум аст ки силсила»Ҷатанаҳо» як қисми адабиёти Ҳиндию буддои аст. Дар Панҷакент тасвирҳо дар бораи корнамоиҳои Рустам вуҷуд дорад. Маҷмуи ҳиннди «Панҷакентро » («Калила ва Димнаи») барои Суғдиён хеле машҳур буд. Дар баъзе тасвирҳо акси ки китоб Ҳастанд воқеан, Рудакӣ аввалин шахсе будӣ ки ин китобро ба тоҷики ба назм даровардааст.Як қисми асрҳои тасвирҳоӣ, масалан марсия бар марги Сиёвуши дар Панҷакент аз одобу анъаноти мардум шаҳодат медиҳад.
Суғдиҳо шояд, аз теғи дарозу борик як дама истифода мекарданд, ки шаклан ба шамшер монандие доштааст. Чихел ки маълум аст шамшер назар ба теғ шакли такмилёфтаисилоҳ буда, зарбаи қавитари бурандагиро дорост, вале дар айни замон теғ танҳо барои буридану хастан ба кор бурда мешуд. Бисёре аз тасвирҳои саворагон ба мо нишон медиҳад, ки Суғдиён дар асри VII алакай аз рикоб (Узангу) огоҳ буданд, бар хусус аз рикоби филизие, ки қисмати болоии он сурох шуда.
Тоҷикон чун халқ
Тоҷикон аз замонҳои қадим дар Осиёи Миёна сокинанд. Тақрибан ҳахор сол пеш, дар яке аз марҳилаҳои давраи феодалӣ, онҳо чун халқият бо номи ҳозираи худ ташкул ёфтаанд. Ниёгони тоҷикони муосир халқҳои гуногуни қадим аз қабили Суғдиён, Бохтариҳо,Тоҳириён ва ғақра буданд .
Аз замони тоҷикон қабоилум ақвоми гуногун гузаштаанд. Бисёр ғолибон аз ҷумла Юнониҳо, Арабҳо, Муғулҳо ба он по гузоштаанд, дин таъир меёфт , вале риштаи ананаҳои маданӣ нагузоштаанд.
Суғди қадим, ки дар водии Зарафшон ва ҳамсояи- Қашқадарё мавқеъ дошт яке аз минтақаҳои ғановантарини Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо беш аз панҷҳазор сол кишоварзии оби вуҷуд дорад. Суғдиён натанҳо дар таърихи Осиёи Миёна балки инчунин дар таърихи Осиёи наздик нақши муҳим бозидаанд.
Тадқиқи ҷумҷумаҳои нахусҳои Панҷакент (асрҳои VII-VIII) манзараи муракаберо ҷилвагар намуда. В.В. Гинизбург ба хулосаи муҳим омад : «дар шаклёбии типи байнанаҳраи Осиёи Миёна, ба ҷуз унсури фарохрух унсури баландрухсор, тангрухсор камтар вомехуранд, ки он дар намуди нисбатан возеҳ алҳол дар сакҳои помири ғарби маълумаст «.
Дар деворнигораҳои Панҷакент, чунонки аз Якубовский менависад, дар қатори тасвири қилофаҳое, ки ба тоҷикони куҳистон аст, ҳамчунин тасвири қиёфаҳои муғулмонандҳои типпи — Туркҳо во мехуранд.
Бостоншиносон А.М.Манделейшота ба натиҷаи расид, ки «типпи антропологии аҳолии асосии Суғдии Самарқанди -Суғдиён дар мудати мадиде аз асри II -и мелодӣ то асри VIII- мелоди тағйироти муҳимеро аз сар нагузаронидааст».
Рудакӣ кай ва дар куҷо зода шудааст?
Деҳаи Рўдак дар ду соҳили дарёчаи Уроч дар байни дараи хушманзара, ки бо куҳҳо иҳота шудааст, мавқеъ дорад. Абўабдуллоҳ Рудакӣ дар ҳамин ҷо соли 858 милодӣ (243 ҳиҷрӣ ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 941 вафот карда дар ҳамин ҷо гузаронида шудааст. Дар бораи ҳайёту фаъолияти ин шоири барҷаста маълумоти каме боқи мондааст .Дар тадқиқи қисмати Рўдакӣ кашфиёти кофиласолори адабиёти шуравии тоҷик Садриддин Айни нақши ҳалкунанда бозид. Баъди омўзиши ҳамаҷонибаву дақиқи сарчашмаҳо ва пурсиши пирони маҳаллӣ Айнӣ хулоса баровард, ки қабри шоир дар деҳааш Рўдак мавҷуд буда, то имрўз ҷои он ба ҳама номаълум мондааст. Профессор М.М. Гересимов тавонист, ки оромгоҳи Рўдакиро ёбад ва дар асоси тадқиқи устухонҳои ҷасад ҳақиқи будани ҷои дафни ўро исбот кунад.
Истеъдоди волои Рўдакӣ
Рўдакӣ дар ҷавонӣ ба туфайли овози хуш лайёқати шоирӣ ва навозиши чанг шуҳрат ёфт. Насри II Ибни Аҳмади Сомонӣ (912-943) ўро ба дарбор даъват кард. Дар ин ҷо қисмати зиёди ўмри шоир гузоштааст. Чунонки Абулфазли Балъамӣ мегуянд, Рўдакӣ дар замонаи хеш дар айни шоирони муосираш муққадам буда, на дар Арабиву на дар форсиҳо касе ҳамтои ў нест. Ў на танҳо шоир, балки инчунин мусиқинавоз ва ҳофиз низ буд.
Асоби мусуқиавиеро ба номи руд ў бунёд ниҳодааст. Ҷангу барбату худро хуб менавохт. Ба мо маълум аст, ки мусқии рақси «Уфар » — ро ў эҷод кардааст. Соли 937 дўсти Рўдакӣ вазирӣ Насри II — Балъамӣ аз вазифа маъзур карда шуд. Шоири пир нобино, шояд зуран нобино карда шуда чунонки баъзе нобино менигаранд аз сабаби бо Балъамӣ дўстӣ варзиданд ё баҳонаи ба ҳаракати қарматиён алоқаманд буданаш аз дарбор ронда шуда ва ба деҳаи маҳбубашон баргашт.
Бузургон дар бораи Рўдакӣ
Гар сари ёбад ба олам кас ба неку шоирӣ,
Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сари.
Ашъори Рўдакӣ барои наслҳои оянда намунаи маҳорат буда. Ў қофиласолори назми классикиест, ки дар асри X-XV дар байни Тоҷикону форсон интишор ёфта чунин азаматҳоеро аз қабили Фирдавси, Хайём, Саъди, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолуддин Румӣ, Бедил, Нозими, Ҷомӣ ва ғайраро ба ҷаҳон додааст. Асрори ҷаззобияти безаволи ашъори Рўдакӣ дар чист?- Унсури навиштааст:
Ғазал Рўдакивор некў бувад,
Ғазалҳои ман Рўдакивор нест.
Агарчи бикушам ба борикфаҳм,
Бад-ин парда андар маро бор нест.
Николай Тихонов дар бораи Рўдакӣ гуфтааст: «Ин мўъҷизаи шеър аст! Мо дар назди ў бо ҳаяҷон таввақуф мекунем».

Суханҳои президент дар бораи Рўдакӣ
Агар яке қурбу қимати мақбараи устод Абуаблоҳи Рўдакӣ аз шаҳрҳои муқаддастарини дунёи исломи — Макаю Мадина камтар надонанд дигаре осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносро махзани осори атиқи рушангири дунёи гузаштаю муосир, оинаи таърихи тамаддуни халқи тоҷик медонад.
Президенти кишвар, Ҷанобӣ олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18- уми марти соли 2006 таъқид карда буданд: «Имрўз вазифаи муқаддаси мову шумо омухтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва меъроси фарҳангӣ мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бойю рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».
Ин таъқиди хирадмандонаву дилсузонаи президенти кишвар бори дигар аҳамият барҷастаи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаю мақбараҳоро собит месозанд.
Хулоса, Мақбара ва осорхонаи устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар тамоми мамолики ҷаҳон маълум мешуданд. Деҳаҳо мақолакю гузоришҳо дар бораи онҳо навиштаанду менависанд. Китоби очеркҳо аз таърихи осорхона ва мақбараи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ , ки ҳоло дар дасти шумост, нахустин иқдомҳост, дар ин бахш. Шояд он аз камбудиву нуқсонҳо ори нест. Бинобар ин, аз хонандагони таманои онро дорем, ки фикру мулоҳизати муносифони хешро оид ба он ба нишонии осорхона ирсол доранд, то дар нашрҳои минбаъда ба инобат гирифта шаванд.
Баъзе маълумотҳо дар бораи ёдгориҳо, мазорҳо, масҷидҳо ва мазорҳои Панҷакент.
Навиштаи мухтаср аз рўи кутуби зерин фароҳам омад: Дар бораи меъмории иморатҳои дафни мусулмонони Панҷакент. Дар китоби «Мамолики ва аҳолии Шарқ «. Дар ин мавзўъ муаллим оид ба ёдгориҳои асри I- VIII милодӣ маълумоти кўтоҳ медиҳад. Вале дар мавзўъи мазорҳо ва масҷид маводҳои қуруни XIX — XX дохил шудаанд. Ин берун аз замони навиштаҳои мост вале онҳоро донистан зарур аст. Дар ин ҷо оид ба бисёр ёдгориҳо, мазорҳо ва масҷидҳо мавод нест, аз ин рў муаллимон бояд онро аз ҳисоби маълумоти дар деҳаҳояшон мавҷуд буда пурра намоянд.
Мувофиқи имконият бо шогирдон баъзе мазорҳоро зиёрат бояд кард. Талабагон шаҳри Панҷакент ҳатман ба се мазори қабристони калон бираванд. Агар дар деҳаатон масҷиде ҳасту таърихаш нонавишта, бикушед, ки таърихашро нависед. Шогирдонро чунон тарбия бояд дод, ки онҳо нисбат ба ёдгориҳо, мазорҳо ва масҷидҳо боҳурмат муносибат намоянд.
Дар бораи масҷидҳои Ғарибак
Мувофиқи ёддоштҳои куҳансолтарин бошандаи қишлоқи Ғарибаки ҷамоаи хурмини ноҳияи Панҷакент Каримов Абдулазиз (соли таваллуддаш — 1905 ) ва тибқи тасдиқи куҳансоли дигар Тоатов Раҳмонберди дар қисми ғарби қишлоқ соли 1901 Раҳимбой ном касе масҷид барафрохтааст. Раҳимбой деҳқони сарватманде, вале дастгири бенавоёну кишоварзон будааст. Ў як ҷуфт говони хешро барои камбағалон ҷудо мекард, то онҳо заминашонро кишт карда тавонанд. Ҳамчунин як аспашро ба онон медод, то бо эҳтиёҷи худ истифода баранд. То ҳоло дар деҳа Раҳимбой ба неки ёдовари карда мешавад.
Раҳимбой дар боғи тобистонааш, ки сарҳавз дошт масҷиди дигаре сохтааст, то ки тобистон дар он ҷо намоз гузоранд. Ҳарду масҷид то имрўз маҳфўз мондаанд. Аз ҳоҷи Раҳимбой ду писар — Сангали ва Маҳаммадризо боқи монда буд. Масҷиди миёнаҷои қишлоқ 10 -12 сол пештар аз масҷидҳои ҳоҷи Раҳимбой сохта шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *