«ХАФТ СИН» ДУРУСТ ACT, Ё «ХАФТ ШИН»? — ИНШО

&laquoХАФТ СИН&raquo ДУРУСТACT,Ё &laquoХАФТ ШИН&raquo?

Дар айёми чашни Навруз дар саросари чумхурй, дар мактабхову донишгоххо, муассисахои фархангй ва гайра барои пазироии соли нави таквими суннатй махфилхову маъракахои хурсандй барпо мекунанд. Яке аз унсурхои чашни Навруз оростани суфраи &laquoхафт шии&raquo ё &laquoхафт син&raquo мебошад, ки дар бисер базмгоххо барои намоиш гузошта мешавад.Модар солхои каблй шохиди он будем, ки донишчуёну мактаббачагон ба суфраи мазкур хар гизое, ки номаш бо харфи &laquoс&raquo ва &laquoш&raquo огоз мешавад, мениходанд. Дар суфраи &laquoхафт син&raquo баьзан сабзй (зардак), сок (нушоба) ва монанди инхо дар хони &laquoхафт шин&raquo шакароб, шоколад ва он чизхое мегузоштанд, ки ба хеч аньана рост намеомад. Бино бар ин, мо дар ин макола хостем, ки ба вокеияти суфраи идонаи &laquoхафт син&raquo ва таъриху рамзхои он равшанй андозем.

Оростани хони наврузии &laquoхафт син&raquo, аз суннатй бостонии эрониён аст. Ба хони &laquoхафт син&raquo 7 ашёи бо харфи арабии &laquoсин&raquo шуруъшаванда гузошта мешавад, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санчид, сипанд ва сирко нихода мешаванд. Баъзехо сумокро низ ба он илова мекунанд.

Тибки акидахои олимон, ба хони &laquoхафт шин&raquo 7 неъмате гузошта мешудаанд, ки номи онхо бо харфи арабии &laquoшин&raquo огоз мегарданд, яъне &laquoхафт шин&raquo аз инхо иборат аст: шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шахд. Баъзехо &laquoшоя&raquo-ро ба он ба ивази яке аз аносир ном мебаранд. Аммо &laquoшоя&raquo чист, хатто худашон шарх надодаанд. (Дар &laquoФархаиги забони точикй&raquo пайдо нашуд).

Донишмандону фархангшиносон кушиш кардаанд, ки рамзи хар яке аз ин ашё ва неъматхои табиатро шарх диханд ва алокаи мардумро ба онхо маънидод кунанд. Масалан, шир рамзи сапедии хаёт, рамзи покй, сулху осоиш. Сабза — намоди хуррамию сарсабзии табиат. Себу санчиду сир — гизохои солим ва хоказо.

Мувофики ривоятхое, ки дар аксари сухбатхои оид ба суфраи &laquoхафт син&raquo гуфта мешаванд, гуё кабл аз зухури дини Ислом дар айёми Навруз ниходани суфраи &laquoхафт шин&raquo маъмул будааст ва пас аз чорй шудани дини Ислом, азбаски, шароб дар шариати исломй мамнуъ аст, анъанаи хони &laquoхафт шин&raquo-ро ба &laquoхафт син&raquo табдил додаанд.

Бояд гуфт, ки ин як ривояти бофтаи авомонаи дахсолахои охир аст ва аз беху бунаш галат мебошад. Якум ин ки рочеъ ба суфраи &laquoхафт шин&raquo ва ё &laquoхафт син&raquo дар ягон сарчашмаи таърихй маьлумоти дакик, ва собиткунанда вучуд надорад. Китьаи зерин, ки баъзе муаллифон хамчун далел меоранд, кадимй набуда, ба ягон шоири асри XX мутааллик аст.

Чашни Навруз аз замани каён,

Мениходанд мардуми Эрон.

Шахду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хон.

Аз тарафи дигар, калимахои &laquoшамъ&raquo, &laquoшароб&raquo ва &laquoшарбат&raquo хар се арабй мебошанд ва то тасаллути арабхо ин калимахо дар байни эрониён роич набуданд. Эрониён шаробро &laquoмай&raquo ва &laquoбода&raquo меномиданд, шамьро &laquoчарог&raquo мегуфтанд. Х,атго харфи &laquoшин&raquo хам арабй аст.

Таъбири &laquoхафт син&raquo пас аз кучо сарчашма мегирад? Ин расм дар огоз такрибан чунин буда, ки дар хафт табак хуришу ашёи рамзй гирифта, дар суфраи наврузй мегузоштаанд. Шумораи &laquoхафт&raquo дар фархангй мардумони эронитабор мукаддас ва серистеъмол аст. Дойр ба пайдоиши он ривоятхои гуногун мавчуданд, аммо андешаи ба хакикат наздиктар дар мавриди &laquoхафт син&raquo ин аст, ки адади хафт аз чамьи Ахура Маздо ва шашамшоспандон —эзадон ё фариштахои сохибмакоми пантеони зардушгй ба вучуд омадааст. Махз дар айёми Навруз барои ин хафт нафар дар хафт табак гизову ашёи рамзй гирифта дар суфра мегузоштанд. Масалан, дар як табакча тухми мург мегузоштанд, ки рамзи офариниш буда, намоди Ахура Маздо ба шумор мерафт. Дар косае шир мегирифтанд ва он хамчун ифодакунандаи покманишй ва бегунохй марбут ба эзади Бахман буд. Табаки сабзаро ба хотири эзади Урдибихишт, ки нигахбони гиёху маргзорон буд, мениходанд. Ё худ барои Шахривар, ки эзади нигахбону хомии маъдану филизот буд, дар табаке чанд сиккаи нукрагин мегузоштанд. Испандро намоде аз Спандармад (Исфанд) мешумурданд ва гайра.

Эрониён табакро &laquoсини&raquo меноманд, ки муарраби &laquoчинй&raquo аст, яъне лаълие, ки аз Чин овардаанд, ё ба тарзи чинй сохта шудааст. Ба гумони аглаб, таъбири &laquoхафт син&raquo бояд аз хамин хафт синй, яъне хафт табак гирифта шуда бошад. Ибораи &laquoхафт шин&raquo ва гузоштани неъматхо бо харфи &laquoш&raquo баъдтар дар пайравии &laquoхафт син&raquo ба вучуд омадааст.

Дар Эрони кадим суфрахои наврузй ва хадяхои рамзй аз ашёву неъматхои гуногун иборат будаанд. Чуноне ки Умари Хайём тасвир мекунад, ба назди шохони сосонй нахуст мубади мубадон бо тухфахои рамзнок даромада, уро бо фарорасии соли нав муборакбод мегуфтааст.Удар &laquoНаврузнома&raquo овардааст, ки &laquoойини мулуки Ачам аз гохи Кайхусрав то ба рузгори Яздич,урди шахриёр, ки охири мулуки Ачам буд, чунон будааст, ки рузи Навруз нахуст кас аз мардумони бегона мубади мубадон пеши малик омадй бо чоми заррини пурмай ва ангуштарй ва дираму динори хусравонй ва як даста хавиди сабзи руста (чави сабзи тозаруста-ДР) ва шамшере ва тиру камон ва давоту калам ва аспе ва бозе ва гуломе хубруй ва ситоиш намудию ниёиш кардй уро ба забони порей ба иборати эшон. Чун мубад мубадон аз офарин бипардохтй, пас бузургони давлат дар-омадандй ва хидматхояш овардандй&raquo.

Бояд гуфт, ки шумораи хафт хамчун микдори мукаррарии ашё ва ё гизо дар аксари суфрахои наврузй намудор мешуд. Дар Эрони бостон кабл аз фаро расидани Навруз ба истикболи ин ойини бузурги миллй суфраи наврузии худро бо хафт гулу гиёх ва сабза, хафт хуша ё донаи аз хубубиёти мухталиф, як тика канд, хафт сиккаи сафеди нукра, як шохаи гули судоб, дар дохили хафт табаки сафолии сафед, ки ба тарзи зебое чида шуда бо хафт шоха аз дарахтони анор, бихй, гирду, бодом, булут, зайтун, ва себ тазйин менамуданд.

Х,ар хонаводаи эронй мувофики имконияти молй ва саликаи шахсй худ хафт сиккаи тилло, шамъ, микдоре шири тоза душидашуда, нони кумоч, хафт кулчаи тахияшуда аз бодому чормагз ва кунчид, тухм, асал ва хафт чоми сафед, ки дохили хар яке ширу аслу об ва чанд катра гулоб рехта шуда буд, дар сари суфраи идона карор медоданд.

Имрузхо дар Чумхурии Исломии Эрон дар суфраи наврузй ойина, тухми рангкардашудаи мург, сабза, дар зарфи обдоре мохии заррин, гули сумбул, себ, дар табаке магзу мавиз (очил) ва китоби Куръони мачидро мегузоранд, ки хар яке рамзу маънии худро дорад. Х,арчанд онхо суфраи &laquoхафт син&raquo меноманд, аммо номи ашёи мазкур бо харфхои гуногун огоз мешаванд.

Дар асрхои гузашта дар байни мардуми точик дар айёми Навруз дар дастархонхои идона гузоштани хафт мева маъмул буд. Тавре ки кухансолон накл мекунанд, то солхои 1950-ум дар дехоту шахрхои точикнишин дар чашни Навруз дастархонхои наврузиро бо гизохои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисер хонаводахо дар табакхо хафт навъи мева мегузоштанд. Ба дастархони хафтмева инхо дохил мешуданд: анор, себ, нок, ангур, чормагз, бодом ва гулинг ё зардолуи хушк. Баъзехо мувофики имконашон ба чойи баьзе аз инхо мевахои дигарро ба мисли пиставу тутмавиз ва гайра мегузоштанд. Барой онхо мухим набуд, ки номи кадом мева бо кадом харф шуруъ мешавад ва махз мевахои муайянро интихоб намекарданд. Х,ар хонадон мувофики имкону шароит суфраи идона меорост. Дар хонахои шахсони доро хафт навъи таом бар руйи хони наврузй гузошта мешуданд. Аз нушокихо гулингоб хеле маъмул буд ва имрузхо низ он аз нушокихои барои тандурустй хеле к,авй ва судманди дастархони точикон аст.

Дар дехаи Хучилдиёри Болои нохияи Хисор ба муносибати Соли Нав нушобаи &laquoхафтмева&raquo тахия мекарданд. Дар он гулунг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолукок, яъне хафт меваи хушкро шуста, тар карда мемонданд. Ин &laquoхафтмева&raquo яке аз нушокихои дастархони солинавй буд.

Мардуми точик дар гузашта ранги сафедро хамчун рамзи покиву беолоишй, сулху осоиштагй, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби гизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Онхо кушиш менамуданд, ки хар чи бештар ин ранг дар айёми Навруз ба назархо расад. Масалан, хангоми тахвили сол либосхои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврузй илова ба хафт мева шакар, шир, чургот ва хурокхои аз ширу биринч тахияшуда мегузоштанд. Аз гушти чонварон, асосан, мург ва мох,иро руи дастархон мениходанд, ки сафедранг хастанд. Инчунин дар суфраи идона себу сир ва санчид хам чойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Хурокхои анъанавии наврузи точикон аслан таомхоянд, ки аз галладона пухта мешаванд. Дар нохияи Х,исор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёххои хуштаъм ба монаиди райхон, пудина, шулха, чаъфарй, пиёз ва гайрагандумкучамепазанд, ки онро дар дигар минтакаходалда(Кулоб),кашк(Ягноб),боч(Бадахшон) вагуча(дар Панчакент) гайра меноманд. Хурокхои галлагй рамзи фаровонии соли нав ва гизои солимро ифода мекунанд.

Дар дехаи Чиптураи нохияи Шахринави имруза дастархони хафтмева мекарданд. Мардуми он хануз дар фасли тирамох барои Навруз кадухои солимро дар чойхои хунук нигох медоштанд. Х,амин ки сол нав шуд, дегхоро пур карда, ширкаду мепухтанд. Ширкадуро &laquoмеваи бихиштй&raquo гуфта, дар иди Соли Нав мехурданд.

Х,амин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки дар замонхои хеле кадим дар баробари курбоникунихову пешкашхо ба худоёну фариштагон, эрониёни бостон айёми зиндашавии табиат ва фарорасии бахор — Наврузро чашн гирифта, тавассути рамзхо орзуву омоли худро ифода мекардаанд, аз эзадон кумаку хушбахтиро умедвор мешуданд. Дар ибтидо дар хафт табак ниходани ашё ва ё дар хар табак хафт адад гузоштани неъматхо расм шуда будааст. Дар асрхои миёна дар фархангй мардуми Эрон таъбири &laquoхафт синй&raquo, яъне хафт табак пайдо мешавад. Сипас баъзехо ба кутохй онро &laquoхафт син&raquo мегуфтаанд ва фикр мекарданд, сабзаву сикка, сиру себ, санчид, ки ба харфи син огоз мешаванд, &laquoхафт син&raquo номидан бехтар аст. Баъдхо ба дунболи &laquoхафт син&raquo доноён суфраи &laquoхафт шин&raquo-ро дуруст карданд. Пас аз мурури дахсолахо суфраи &laquoхафт мим&raquo ба вучуд омад. (Ба &laquoхафт мим&raquo мост, май, мохй, майгу, мавиз, муруд ва мушкро нисбат медоданд).

Дар байни мардуми точик аз замонхои кадим дар айёми Навруз кушодани дастархони &laquoхафт мева&raquo, тахияи хурокхои ширй, махсулоти сафедранг ва таоми бахорй — гандумкуча маъмул будааст ва холо хам ин анъана идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *