Зарари сигоркашӣ

Дар баробари он ки сигор ба бемориҳои марговар саратонҳои шуш, даҳон (лабу забон), гулў, гурда, ғадуди зери меъда оварда мерасонад, боз ба як қатор маризиҳои дигар низ сабаб мешавад, ки онҳоро метавон чунин гурўҳбандӣ кард:

1. Таъсири манфӣ ба узвҳои ҳозима:
&mdash илтиҳоби меъда (гастрит)
&mdash захми меъда.

2. Таъсири манфӣ ба узвҳои нафаскашӣ:
&mdash бранхит (варами найчаҳои нафаскашии шуш)
&mdash астма (нафастангӣ)
&mdash ателектаз (пўсидани шуш)
&mdash амфизема (ҷамъшавии ҳавои зиёдатӣ дар шуш).

3. Таъсири манфӣ ба рагҳои хунгард:
&mdash кома (ҳолати беҳушӣ дар натиҷаи заҳролудшавии асабҳо ва мағзи сар), фалаҷшавӣ
&mdash инфаркт (сактаи дил)
&mdash норасоии гурда, нефрит (илтиҳоби гурда), фишори баланд.

4. Таъсири манфӣ ба мардон:
&mdash безурриётӣ
&mdash сустшавии майли ҷинсӣ ва қувваи мардӣ.

5. Таъсири манфӣ ба занон:
&mdash вайроншавии ташаккули ҷанин
&mdash исқоти ҷанин (бачапартоӣ)
&mdash мурдазоӣ
&mdash бо нуқс таваллуд шудани тифл.

Бояд гуфт, ки аз сигоркашӣ то 10 маротиба афзудани гирифторӣ ба сактаи дил ва сактаи мағзи сар мушоҳида шудааст.

Хулоса: Агар танҳо аз сигоркашӣ ба саломатии инсон ин қадар зарарҳои бешумор мерасида бошад, пас, тасаввур кунед, ки аз шаробнўшию нашъамандӣ чӣ таъсири баде ба саломатии ҷисмонию рўҳӣ ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии одамон метавонад бирасад.

Маҷаллаи &ldquoГулшан&rdquo нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии&ldquoШалола&rdquo

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *