Шиками калон эҳтимоли сактаи қалбро зиёд мекунад

>

Солҳои тўлонӣ истеъмол кардани сигор, холестерини зиёд ва фишори баланди хун, сабаби ба миён омадани сактаи қалб мешавад.

Бо зиёд шудани вазни бадан эҳтимоли ба миён омадани сактаи қалб бисёр мешавад, мегўяд мутахассиси ҷарроҳии умумӣ Доктор Умар Курт, сабаби сактаи қалб ин як тарзи ҳаёте, ки дуру дароз давом кардааст, мебошад, мегўяд доктор дар давоми суханаш. Умар Курт: -Мо шикамро фақат ҳамчун як проблемаи эстетикӣ мебинем &laquoШиками калон на танҳо нафасгирии одамро душвор мекунад, балки симои зоҳирии инсон ҳам ба назар зебо наменамояд. Инчунин бофтаҳои равғанҳое, ки дар деворҳои шикам мавҷуд мебошанд, дорои сифатҳои гуногунанд.&raquo

Доктор Умар Курт: баъзе моддаҳое, ки дар девори шикам ҷамъ мешаванд, сабаби пайдоиши касалии дил ва сактаи қалб мегарданд, яъне дар хотир нигоҳ доштан даркор, ки бо калоншавии шикам эҳтимоли сактаи қалб низ зиёд мешавад.

Сактаи қалб проблемаи фаврӣ нест.

&laquoРўзе сактаи қалб шудед&raquo &laquoин фаврӣ шуд&raquo гуфта наметавонед. Чунки ин натиҷаи як намуди тарзи зиндагӣ аст. Бо ҷамъшавии як лахтаи хун ба табақаи равғане, ки дар даруни рагҳои дил аст, дар муддати 5 ё 10 дақиқа сабаби сактаи қалб мешавад. Агар тарзи зиндагиро тағйир надиҳем, пеши ин бемориро гирифтан ниҳоят мушкил аст. Сигор, холестерини зиёд ва фишори баланди хун саломатии шуморо ба таҳлука меандозад.

Маҷаллаи &ldquoГулшан&rdquo нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии&ldquoШалола&rdquo

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *