ТАРТИБИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН (ММТ)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1. Тартиби мазкур дар асоси “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории озмуни тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳои тибқи ихтисосҳои баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда муайян менамояд.