Китобхони одати хуб аст

Онҳое, ки камии вақтро баҳона карда, китоб намехонанд, худашонро фиреб медиҳанд. Барои мутолиаи китоб ҳама ҷой, ҳама вақт ва ҳама гуна шароит муносиб аст. Хеҷ монеае пеши роҳи китобхонро гирифта наметавонад ва набояд гирад. Онҳое, ки &ldquoбарои хондани китоб вақт намеёбам&rdquo мегўянд, асосан тарзи дурусти истифода бурдани вақтро намедонанд. Ҳол он ки барои китобхонӣ ҳамеша вақт пайдо кардан мумкин аст.

Доктор Кэдмэн &mdash намуна барои китобхонон

Саргузашти Доктор Паркер Кэдмэн, наттоқи машҳури яке аз шабакаҳои радиоӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки дар ҳама гуна муҳит ба мутолиаи китоб машғул шудан мумкин аст. Давраи наврасии Кэдмэнро, ки аз синни понздаҳсолагӣ дар кони ангишт кор кардааст, чунин нақл мекунанд: &ldquoНигоҳубини ду додараш ба ўҳдаи ў гузошта шуда буд. Ба ин хотир Кэдмэнро лозим меомад, ки дар ҷое кор карда, ризқу рўзии худ ва бародаронашро таъмин кунад. Дар кони ангишт коргари одӣ шуда ба кор даромад. Вазифаи ў ба мошин ангишт бор кардан буд ва ў фурсатро аз даст надода, то омадани мошин вақташро бо китобхонӣ мегузаронд. Ҷойгоҳи зеризаминӣ, ки дар он ҷо Кэдмэн ба мошинҳо ангишт бор мекард, хеле торик буд, ба ҳамин хотир Кэдмэн маҷбур мешуд, ки ҳамроҳаш чароғи чиркинеро ҳамеша нигоҳ дорад. Ў ҳама вақт дар бараш китоб мегардонд ва вақти ёфтаашро сарфи китобхонӣ мекард. Вай хеле хуб медонист, ки аз кони ангишт танҳо бо як роҳ раҳо ёфта мешавад ва ин роҳ китоб хондан аст. Кэдмэн дар давоми даҳ соле, ки дар кони ангишт кор кард, тамоми китобҳои ба даст оварда тавонистаашро хонда, ба охир расонд. Шумораи китобҳои хондааш аз ҳазор зиёд буданд. Муваффақияте, ки дар солҳои минбаъда Кэдмэн ба даст овард, ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Дар давоми даҳ сол ў ба ҳадде зиёд китоб хонда буд, ки ба имтиҳони Коллеҷи Ричмонди Лондон даромада, онро бо баҳои хеле баланд супорид ва дохил шуд. Коллеҷро хатм карда, ҳамчун рўзноманигор-наттоқи машҳури радио ном баровард&rdquo.

Китобхонӣ хосияти хубе дорад, ки инсон пас аз одат кардан тамоми умр ҳамроҳи китоб мегардад. Аммо барои одат кунонидани кўдакон ба китобхонӣ нақши волидайн, муаллим ва омўзгор дар мадди аввал меистад. Зеро, қадамҳои аввали китобхонӣ дар оила гузошта шуда, минбаъд дар мактаб идома меёбад.

Нақши китобхонӣ дар ихтироот

Муҳаққиқони ҳаёти ихтироъкорон қайд мекунанд, ки онҳо аз ҳама зиёд ба хондан эҳтиёҷманд будаанд. Ихтироъ-корони машҳур кашфиёташонро дар заминаи донишҳои аз китоб омўхтаашон ба даст овардаанд:
&mdash Ихтироъкори телефон Граҳам Белл фикри ихтирои телефонро аз асари нависандаи немис Гелмолт гирифта буд.
&mdash Идеяи эҷоди ҳавопайморо низ бародарон аз оилаи Ритҳ (Writgh) аз китоб гирифтаанд.
&mdash Ихтироъкори нерўи барқ Ҷ. Фарадай илҳомашро аз як китоби кимиё гирифта буд.
&mdash Ҳенри Форд фикри мошинсозиро аз мақолаи як нависандаи фаронсавӣ, ки дар маҷаллаи зироаткорон чоп шуда буд, гирифтааст.

Одати китобхонӣ

Дар ҳоле ки ҳама аҳамияти китобхониро медонанд, аз чӣ сабаб бошад, одати китоб хондан танҳо дар сухан дида мешавад, дар амал не. Ҳол он ки барои кўдаконро ба китобхонӣ одат кунондан падару модарон бояд бо ҳама роҳу воситаҳо кўшиш кунанд, ки шавқи ўро ба китобхонӣ бедор намоянд.

Аз сабаби он ки таҳкурсии таълим ва тарбияи кўдаконро волидонашон мегузоранд, онҳо бояд дар ин хусус хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳар гоҳе кўдак эҳсос мекунад, ки падару модари ў ба хондани китоб аҳамият медиҳанд, ў ба хондан майли зиёдтар пайдо мекунад.

Айёми томактабӣ, ки ба синни 0-6 солагии кўдак рост меояд, фурсатест, ки волидон заминаи хуби таълиму тарбияи кўдакро гузоранд. Дар ин муддат кўдак эҳтиёҷ дорад, ки дар ҳар кор ба ў кўмак кунанд ва роҳи дурустро нишон диҳанд.

Кўдакро ба хондани китоб чӣ гуна роҳнамоӣ кардан мумкин аст?

Роҳнамоӣ кардани кўдакон ба китобхонӣ кори осон нест. Ҳамаи мо дар хусуси китоб ҳикматҳои зиёд медонем. Ҳанўз аз хурдӣ ёд дорем, ки &ldquoАниси кунҷи танҳоӣ китоб аст&hellip&rdquo, &ldquoКитоб &mdash хазинаи илму маърифат&rdquo, &ldquoКитоб равшанибахшандаи дилҳост&rdquo, &ldquoКитоб &mdash дўсти беҳтарин&rdquo. Аммо агар хоҳем, ки фарзанди мо бо китоб воқеан дўст бошад, он гоҳ донистан зарур аст, ки бо тўҳфа кардани китоб ба кўдак ин &ldquoдўстӣ&rdquo дарҳол пайдо намешавад. Аксари одамон ҳатто китобро ҳам тўҳфа намекунанд. Аз ин рў, барои пайдо шудани робитаи дўстӣ байни кўдак ва китоб, шумо бояд ҳадди ақал чораҳои зайлро дида бароед:

1. Кўшиш кунед, ки кўдакро баъд аз мактабхон шуданаш не, балки ҳанўз аз се чор солагӣ дар дилаш завқи китобхонӣ бедор шавад. Дар ин синну сол бо ў ҳамроҳ китоб хонда, барояш аз китоб нақлҳо кунед.

2. Дар назди кўдак ба китобхонӣ машғул шуда, барояш намунаи ибрат шавед. Волидон барои кўдак намунаи беҳтаринанд. Вақте кўдак китобхонии дигаронро мебинад, ў ҳам ҳаваси китобхониро дар худ ҳис мекунад.

3. Дар хонаи зистатон рафҳои китобмонӣ бо китобҳо барои калонсолон ва барои хурдсолон бояд ҳатман бошад. Агар рафҳои китобмонӣ дар ҳуҷраи кўдак бошад боз беҳтар. Ба кўдак рафи китобгузории алоҳида сохтанатон таваҷҷўҳи ўро ба пайдо кардани китобҳои нав ба нав зиёд мекунад.

4. Дар тарбияи одати китобхонӣ таъсири истифодабарии китобхона хеле зиёд аст. Аз ин рў, ҳамроҳи кўдак баъзан ба китобхонаи мактаб рафта, ба ў тарзи истифода аз китобхонаро омўзед.

5. Барои хона рўзнома харидорӣ кунед. Ҳар ҳафта ба хона ақаллан як ё ду нусха рўзнома биёред.

6. Дар назди кўдакон барои тамошои телевизион ва истифодаи компютеру телефонҳои мобилӣ маҳдудият гузоред. Зеро, агар кўдак дар истифодаи ин воситаҳо озод бошад, китоб хондан ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасад. Барномаҳое, ки ў дар телевизион тамошо мекунад ва машғулиятҳое, ки ў дар компютер мегузаронад, бояд аз ҷониби шумо интихоб гардида, барои инкишофи кўдак манфиатовар бошанд. Ҳамчунин нагузоред, ки кўдак вақти зиёдашро бо бозиҳо ва дигар машғулиятҳои телефонҳои дастӣ сарф намояд.

7. Ҳангоми харидани китоб характери кўдакро ба назар гиред, ки ба кадом намуди китобҳо майл дорад.

8. Кўдакро ба китобхонии аз ҳад зиёд маҷбур накунед.

9. Агар имкон бошад, ҳангоми китоб хондани кўдак паҳлўи вай нишаста, расмҳои дар китоб бударо ба ў нишон диҳед.

10. Вақте ки барои кўдакон китоб мехонем, муҳим аст, ки вобаста ба гуфтори қаҳрамонҳои асар тағйири овоз кунем, чунки ин диққати кўдакро ҷалб мекунад. Азбаски дар синни томактабӣ диққати кўдакон зудтар парешон мешаванд, бинобар ин муҳим аст, ки барои онҳо ҳикояҳои кўтоҳ интихоб намоем. Пас аз хондани ҳикоя ё асар ба кўдак тарзи хулосабарорӣ карданро низ омўзед.

11. Ба ягон журнале аз номи кўдак обуна шудан лозим аст, ки ин диққати кўдакро ҷалб мекунад. Маҷаллае, ки ба номи кўдак харида мешавад, ўро ба шавқ оварда хушнуд месозад.

12. Волидон ҳангоме, ки бо кўдак ба бозор мераванд, ҳатман ба ягон мағозаи китобфурўшӣ (китоби кўдакона) рафтанашон лозим аст. Ҳангоми тамошои китоб ва харидани китоб кўдак бояд дар пеши волидонаш бошад ва онҳоро бубинад. Дар баробари он ки падару модар китобҳои дўстдоштаашонро тамошо мекунанд ва аз назар мегузаронанд, барои тамошои китоби дўстдошттаашон ба кўдакон ҳам иҷозат диҳанд, монеъ нашаванд.

13. Волидон бояд дар хона барои китобхонӣ вақт ҷудо кунанд. Масалан, шабона пеш аз хоб, барои хондан вақти мувофиқ аст. Махсусан, кўдакони синфҳои ибтидоиро водор кардан зарур аст, ки ҳар шаб пеш аз хоб ним соат китоб бихонанд. Пеш аз хоб китоб хондан бояд ба як машғулияти дўстдоштаи кўдак табдил ёбад ва бояд китобҳое интихоб шаванд, ки хонданашон шавқовар бошад ва мазмуни тарбиявӣ дошта бошанд.

14. Вақте волидон ба кўдак чизе тўҳфа карданӣ мешаванд, ҳамроҳи тўҳфа ҳатман китоберо низ додан лозим аст. Дар рўзҳои махсус ба кўдакон китоб тўҳфа намуда, ба ин васила шавқи китобхонии кўдаконро баланд бардоштан ба осонӣ мумкин аст. Зиёда аз ин, пуле, ки волидон ба кўдак барои харҷи шахсиаш медиҳанд, бояд пайваста ташвиқ кунанд, ки як миқдорашро барои харидани китоб сарф кунад.

15. Ба ҷойи кўдакро пайваста барои китоб нахонданаш сарзаниш кардан, беҳтар мебуд, ки ба ҳангоми китобхонӣ кўдакро дастгирӣ намуда, ўро рўҳбаланд созем.

16. Баъди хондани ҳар китоби бадеӣ бо кўдак мазмуни китоби хондаашро муҳокима кунед, аз мазмуни китоб пурсон шавед.

17. Вақте мазмуни китобро ҳамроҳи кўдак муҳокима мекунед, диққат додан зарур аст, ки ўро бо саволҳои зиёду душвор дилгир насозед. Ҳангоме ки чизеро аз китоби хондааш ба шумо фаҳмонданӣ мешавад, бояд ҳушу гўш шуда, ба суханаш гўш диҳед.

Хулоса

Фаромўш набояд кард, ки дар оғоз аз эҳтимол дур нест, ки хондани китоб ба кўдакон хуш наояд. Вале дар ин ҳолатҳо волидон кўшиш карданашон зарур аст, ки бо ҳар роҳу восита ўро ба китобхонӣ водор созанд, то ки ў худ аз китоб завқ бардорад.

Дар ҳаёти кўдак омили муҳимтарини муваффақият пайдо кардани ў китоб хондан аст. Аз ин сабаб дар мавзўи бедор намудани шавқи китобхонии кўдакон волидони онҳо набояд бепарвоӣ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *