Киҳо ба муваффақият ноил мегарданд?

>

То як муддати муайян абитуриент будани талаба пас аз супоридани имтиҳонҳои дуру дарози мушкили дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва гирифтани унвони донишҷў ў мефаҳмад, ки хатм кардани донишгоҳ низ мисли дохил шудан мушкил аст.

Киҳо аз муваффақият бенасиб мемонанд?
Шахсоне, ки:

Рўзи худро бе ягон тайёрӣ оғоз мекунанд.
Дар давоми дарс маълумотро ба дафтар қайд накарда дар ёди худ нигоҳ доштанӣ мешаванд.
Ба ҷои корҳои мушкил ва муҳим ба корҳои содда ва беаҳамият машғул мешаванд.
Корҳои худро ба рўзи охир мемонанд ва баъд вақт наёфта аз ўҳдааш баромада наметавонанд.
Дар ҷои корашон тартибу интизом нест.
Вақте ки вазифаи хонагии худро иҷро мекунанд ба чизҳои хурд аҳамияти зиёд медиҳанд.
Аз дарсҳо тез-тез мегурезанд.

Киҳо ба муваффақият ноил мегарданд?
Шахсоне, ки:

Эътироз карданро ва аз исён бардоштан фарқ мекунанд.
Аз зиндагии худ ва дигарон ибрат гирифта, таҷрибаи омўхтаашонро амалан истифода мекунанд.
Ба ҳодисаҳо бо чашми хирад нигоҳ карда, дар хулосабарорӣ низ фикру ақидаҳои дигаронро ба инобат мегиранд.
Ба худ боварӣ доранд ва ҳаёти ояндаи хешро дурахшон мебинанд.
Дар такмили дониши худ ҳавасманд ҳастанд.
Ғайр аз дарсҳои ҳаррўза дарсҳои иловагӣ мегиранд.
Ҳадафи муайян доранд ва барои амалӣ гардонидани он кўшиш мекунанд.
Қадру қимати мактаби худро медонанд.
Бо устодони хеш музокира карда фикру ақидаи худро исбот мекунанд.
Ғайр аз фикрҳои шахсӣ, фикрҳои дигаронро низ ба эътибор мегиранд.
Боварии худро аз ҷасорат фарқ карда метавонанд.
Нақшаи ҳаррўзаи худро иҷро карда, васеъ фикр карда метавонанд.
Нуқтаҳои муҳимро ба қаӣд мегиранд ва амалӣ мегардонанд.
Ба атрофиён муомилаи хуб мекунанд.
Ғайр аз маълумоти додашуда, маълумоти иловагӣ меҷўянд.
Чизи дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонанд.
Компютерро истифода бурда метавонанд ва аз навигариҳои техникӣ хабардор ҳастанд.
Забонҳои хориҷиро медонанд ва аз китобхонаҳои мавҷуда истифода мебаранд.
Талабаҳое, ки барои лақ-лақ кардан нею, балки барои илм омўхтан дар мактаб мехонанд, бештар онҳо ба муваффақият ноил мегарданд.

Барои ба даст овардани муваффақият на танҳо дар мактаб, балки дар ҳаёти муқаррарии худ низ барои ба даст овардани муваффақият эҷодкор бояд шуд. Бузургон эҷодкориро хусусияти модарзодӣ нашумурда, балки дар натиҷаи омўхтан ба даст омадани онро таъкид мекунанд. Эҷод кардан дар асл як тарзи фикркунист, фарқияти ягонааш: &laquoФарқкунанда&raquo будани он мебошад.

Сирҳои инкишоф додани эҷодкорӣ:

Бо атрофиёни худ алоқа барқарор намоед.Ба монеъае дучор шудед, бо дигарон ҳамсўҳбат бояд шуд. Ақидаҳои атрофиёнро ба назар гиред.

Обутоб додани майнаи сар.Бисёр бихонед, тамошо кунед. Роҳҳои гуногуни ҳалкуниро оид ба як монеъа биомўзед. Ҳангоми дар дарс иштирок кардан бо як чашми худ ҳамсинфонро бояд назорат кард, то ин ки аз ҷавобҳои онҳо бохабар бошед. Оиди як мавзўъ, фикрҳои якдигарро омўзед&hellip

Фикр ва саволҳои худро бояд қайд намуд.Қувваи ҷисмонии худро зиёд кунед, яъне бо варзиш машғул шавед. Рўҳафтода мабошед. Шўхиҳоро ҷиддӣ нафаҳмед. Бадан ва мағзи сарро хуб нигоҳ доред. Фаромўш насозед, ки кашидани тамоку, нашъамандӣ, арақнўшӣ ва дигар одатҳои бад асабро хароб мекунад.

10 душмани эҷодкор:

1. Воқеаҳои рўйдодаро дар доираи маҳдуд муҳокима намудан.
2. Саросема шудан ва корро ба анҷом нарасондан.
3. Зўроварии зиёда нисбати асабҳо ва хаста кардани асаб.
4. Худбоварӣ, беаҳамиятӣ нисбати ақидаҳои дигарон ва тарс.
5. Фикру ақидаҳои худро дар зеҳни худ нигоҳ дошта натавонистан.
6. Дар зиндагии хеш танҳокор будан.
7. Фаросатро як тараф монда танҳо ба илм такя кардан.
8. Воқеаю ҳодисаҳоро дуруст дарк накардан ё дар зеҳни худ тасаввур карда натавонистан.
9. Ба мушкилиҳои оилавӣ, иҷтимоию иқтисодӣ таҳаммул карда натавонистан.
10. Ба корҳо ва шуғлу ҳавасҳои беҳуда майлу рағбат карда, вақти зиёд сарф намудан.

Қоидаҳои тиллоии ба муваффақият даст ёфтан

&mdash Кўҳнавард пеш аз ба қуллаи кўҳ баромадан барои мо гўё танҳо як шахси худнамо буд. Аммо, вақте ки ба қулла расид, бароямон қаҳрамон аст.

&mdash Қувваатонро барои одатҳои бад истифода набаред.

&mdash Касе, ки ба одатҳои бад машғул мешавад, ба душманони худ силоҳ медиҳад.

&mdash Маълумотро ба манбааш нигоҳ карда, хурд нашуморед.

&mdash Инсонро барои инсон буданаш ҳурмат намоед.

&mdash Шўхӣ кунед, шўх бошед, аммо хандаовар набошед.

&mdash Кори иҷрокардаатон бояд бенуқсон бошад.

&mdash Дурўя набошед.

&mdash Тезтар ба ташаббус шурўъ кунед.

&mdash Корҳои дурустатон корҳои нодурустатонро мепўшонад.

&mdash Ҳар як сонияатон бояд барои мақсади олиатон сарф карда шавад.

&mdash Қалбатонро ба ҳавасхона табдил надиҳед.

&mdash Бо қалби соф қадам монед.

&mdash Дар қавли худ истед.

&mdash Устувор буданатон ҳадафро беозор мекунад.

&mdash Тарсатон ба чизе, ки аз ў метарсед, қувва мебахшад.

&mdash Қувваҳоятонро хуб идора кунед.

&mdash Пушаймонии самимӣ пеши роҳи хатоҳоеро, ки дар оянда шуданист, мегирад.

&mdash Барои беҳтар ҳал кардани масъалаҳо бояд маслиҳат кард.

&mdash Ба ҷои калид ҷустан худатон калид шуда метавонед.

&mdash Аз ифода кардани мақсади худ натарсед.

&mdash Ҳеҷ гоҳ беморе набошед, ки бояд 3 моҳ пеш ба духтур мерафт.

&mdash Огоҳиҳои хурд қимати бузург доранд.

&mdash Ба инсон наздик шудан аҳамияти калон дорад.

&mdash Як амали хурд, аз сад сухани бисёр хубтар аст.

&mdash Боварӣ рўҳи қувват аст.

&mdash Назари нек ҳаловат мебахшад.

&mdash Инсонро ба дараҷаи фаҳмишаш кор фармоед.

&mdash Табиӣ бошед.

&mdash Сирру асроратонро то марг нигоҳ доред.

&mdash Сухан гуфтан ё хомўш будан, ҳалли ҳамаи масъалаҳост.

&mdash Кибр кори кардаро ифлос мекунад.

&mdash Наранҷед.

&mdash Ҳаёт фаромўш намекунад, исроф ҳам намекунад.

&mdash Баъзан як калима, баъзан як вергул умри шеърро садҳо сол дароз мекунад.

&mdash Чизҳои хурд асоси чизҳои калон мебошанд.

&mdash Ба зидди истисно истисно бояд кард.

&mdash Доимо кўшиш кунед, ки корҳоро ба дараҷаи аъло иҷро кунед.

&mdash Маълумотҳои истифодабурдашуда ба худ маълумотҳои навро ҷалб мекунанд.

&mdash Фаромўш кардан офати илм аст.

&mdash Меваи сабр аз асал ширинтар, меваи ғазаб аз заҳр талхтар мебошад.

&mdash Хубиҳоро беҷавоб намонед.

&mdash Бо мувозинат бояд буд.

&mdash Чизи барои худ хостагиро барои дигарон ҳам хоҳиш намо.

&mdash Ту бандаи пул не, балки пул бояд бандаи ту бошад.

&mdash Касе, ки хато мекунад, суханаш таъсир надорад.

&mdash Худатон раҳм кунед, аммо интизори марҳамати дигарон набошед.

&mdash Бо бузургони маслакатон, мароқҳоятон ва ғояҳоятон шинос шавед, ҳамин тавр бисёр таҷрибаи муҳим меомўзед.

&mdash Ба қадри вақт расед.

&mdash Муаллими муваффақияти бузург бемуваффақиятиҳо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *