АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ (ntc.tj)

Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (3‑юми август) роҳ ёфта, лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2017 холимонда озмуни тақсимоти такрории довталабон доир мегардад.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, кихолҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Бо мақсади иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб бояд аз нав номнавис кунад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда мешавад, 20 сомонӣпардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгириашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд. Ёдрас менамоем, ки қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ бевосита дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда, ятимони кул ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Азнавбақайдгирӣ аз 19‑ум то 22‑юми август доир мегардад. Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 26‑уми август эълон карда мешавад.

Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои
холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, инчунин маълумоти муфассал дар бораи тартиби азнавбақайдгирӣ ва озмуни тақсимоти такрорӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.


Сарчашма : www.ntc.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *