Барномаи имтихон. Тестхо (бо ишорахои чавоби дуруст)

ПЕШГУФТОР
Мувофиқи банди 12-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2013, №23 &ldquoДар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013&rdquo Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки бо назардошти таъсиси Муассисаи давлатии &ldquoМаркази миллии тестӣ&rdquo барои ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешад. Мақсад аз таъсиси Маркази миллии тестӣ (ММТ) ва ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба МТОК-и ҷумҳурӣ арзёбии одилонаи дониши довталабон, таъмини шаффофӣ ва дастрасии баробар ба имтиҳонҳои дохилшавист.
Вобаста ба ин мутобиқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2013 &ldquoТартиби ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo қабул карда шуд. Дар ин замина барои татбиқи низоми ИМД Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар асоси талаботи муқарраргардида аз рӯйи фанҳои зерин маводи имтиҳониро таҳия намуд:
 забони тоҷикӣ (давлатӣ),
 забон ва адабиёти тоҷик,
 забон ва адабиёти рус,
 таърих (таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ),
 асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон),
 математика,
 физика,
 химия,
 биология,
 география,
 забон ва адабиёти ӯзбек,
 забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ, забони немисӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ).
Маводи имтиҳонӣ аз рӯйи &ldquoБарномаи имтиҳон&rdquo-и фанҳои таълимӣ таҳия гардид.
&ldquoБарномаи имтиҳон&rdquo аз фанҳои забони тоҷикӣ (давлатӣ), математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон &ldquoДар бораи маориф&rdquo, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон &ldquoДар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo, Оинномаи Муассисаи давлатии &ldquoМаркази миллии тестӣ&rdquo, &ldquoТартиби ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон&rdquo мутобиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълим таҳия гардидааст.

Аз хазинаи www.ntc.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *