ИМА РЕЙТГАН ВА СИЁСАТИ У

Дар охири солх,ои 70-ум асри XX иrтисодиёти ИМА ба бух,рони нав ру ба ру гардид. Маъмурияти Ч,. Картер пеши рохи бекурбшавии пулро гирифта натавонист, курби доллари амрикой дар бозорх,ои молиявии байналмилалй хеле паст гардида, шумораи бекорон меафзуд. Маъмурияти Касри Сафед ба танкиди сахт гирифтор гашта буд. Иттифокхои касаба барои он норозигй мекарданд, ки барномах,ои ичтимой кам мегардиданд. Мух,офизакорон бошанд, рох,и сиёсии мамлакатро дуруст намешумориданд.

Дар сиёсати хоричии Картер низ душворихои зиёд вучуд доштанд, зеро мавк,еи байналмилалии ИМА ва кудрати х,арбии он руз то руз паст мегашт.

Аз ин ру, дар интихоботи соли 1980 баргузоргардида Ч-Картер дастгирй наёфт ва намояндаи Хизби Ч,умхурихох,он — Р. Рейган ба мансаби президенти сохиб гашт.

Хусусияти хоси солх,ои аввали президентии р.рейган ин пастравие буд, ки тамоми сохахои иктисодиётро дар бар мегирифт. Мачмуи махсулоти милли соли 1982-ум 2.5% кам гардид, зеро бекорй зиёда аз 10% афзуд ва кариб аз се як кисми корхонахои Амрико аз кор монда буданд. Аз сабаби паст рафтани самаранокии истех,солот ракибони Амрико, мисли Германия ва Япония, кисми зиёди тичорати чах,ониро тахти назорати худ дароварданд. Хариди молх,ои истех,соли мамолики хоричй дар Амрико хеле афзуд.

Сиёсати иктисодии маъмурияти ИМА дар давраи президентии Р.Рейган бо номи рейганомика машхур гардид, ки солх,ои 1981- 1988 гузаронида шудааст. Самтх,ои асосии ба амал баровардани ин сиёсат аз ин иборат буд:

  • махдуд намудани дахолати давлатй ба иктисодиёт аз х,исоби кам кардани харочот барои барномах,ои ичтимой ва барномах,ои дастгирии сатх,и зиндагй ва дар айни х,ол кам накардани харочот барои мудофиа.
  • махдуд намудани танзими давлатии сохибкории хусусй.
  • дастгирии амалиёти низоми захиравии федералй дойр ба нигох, доштани сатх,и афзоиши воситахои пулии муайяне, ки ба бекурбшавй рох, надода, барои таъмини рушди иктисодй басанда бошад.
  • кам кардани меъёри андози даромади шахсй ва андоз аз даромад (аз 50 то 28%).

Ба амал баровардани сиёсати &laquoинкилоби неоконсервативй&raquo низ бо номи президент Р. Рейган алокаманд аст. Р. Рейган аз усули собик президентх,ои демократ-танзими давлатии иктисодиёт ва мусолихаи ичтимой даст кашида, сиёсати рушди истех,солотро бо рох,и фаъол гардонидани сох,ибкорй дар шароити иктисоди озоди бозорй чонибдорй мекард.

Бо ин максад андозх,о аз даромад кох,иш ёфта, харочоти ичтимой ба сохах,ои маориф, тандурустй ва таъминоти нафака кам карда шуданд. Солхой 1981-1984 хиссаи онх,о дар бучети давлатй аз 53,4%) то 48,9% поён бурда шуд. Вале ин тадбирх,ои гайримаъмулй ба пешрафти истех,солот мусоидат намуданд.

Неоконсерваторх,о мардумро ба он даъват мекарданд, ки бештар ба кувваи худ такя намуда, ба хамдигар ёрй расонанд. Онх,о чунин мешумориданд, ки одам озодии худро бо фаъолияти муассисах,ои гайридавлатй, ташкилотх,ои сиёсй, динй, этникй, касбй ва гайра, ки манфиати уро ифода мекунанд, амалй мегардонад.

Назарияи иктисодии неоконсерватизм ба акидаи олими машхур М. Фридман асос ёфта буд. Мувофики ин назария давлат на истеъмолкунанда, балки истех,солкунандаро дастгирй карда, андозхо аз даромад ва арзиши иловагиро кам кунад. Дар он сурат истех,солот рушд намуда, мах,сулот арзон мегардад ва сатх,и зиндагии мардум боло меравад.

Неоконсерваторхо эхёи чунин институтхои ичтимой чун оила, мактаб ва калисоро чонибдорй мекарданд. Аз шах,рвандон эхтироми к,онун, риояи тартибот, интизомнокй, тахаммул ва ватандустиро талаб мекарданд.

Барой мустахкам намудани заминаи сиёсати навсозй, барномаи омузиши касбу хунари нав барои кормандон к,абул гашта, сохахои нави шугли ахолй инкишоф меёфтанд. Кисми маблагхое, ки пештар хамчун кумак ба эх,тиёч,мандон дода мешуд, акнун хдмчун карзи кафолатнок ба сохибкорон ва точирони хурд барои ба рох мондани фаъолияти онхо дода мешуд. Ин имконият дод, ки кисми зиёди бекорон ба сохаи хизматрасонй чалб карда шаванд.

Сиёсати пешгирифтаи Р. Рейган имкон дод, ки дар ИМА сатхи бекурбшавии пул аз 12,5% то 4,5% паст гашта, зиёда аз 18 млн. Чои кори нав мухайё гардад. Р. Рейган дар давраи дуввуми президентиаш сиёсати дастгирии давлатии тачхизонидани истехсолотро идома дод. Дар сохахои гуногуни саноати мамлакат истехсол ва истифодабарии дастгоххои лазерй, роботхо, истехсоли мошинхои хисоббарорй, техникаи электронй, воситахои алока ва технологияхои мушакию кайхонй комёбихои назаррас ба даст омаданд.

Сиёсати хоричй. Дар солхои 80-ум низ вазъияти байналмилалй аз муносибатхои байни Иттиходи Шуравй ва ИМА алокаманд буд.

Маъмурияти К,асри Сафед бо мак,сади &laquoмустахкам намудани иктидори мудофиавй&raquo маблаги зиёдро сарф менамуд. Дар чавоб ба чо ба чо кардани мушакхои миёнапарвози ядроии Иттиходи Шуравй дар Аврупо, ИМА низ ба чойгир намудани чунин ракетахои худ дар ин к,итъа огоз намуд. Мохи марти соли 1983 аз чониби ИМА барномаи &laquoТашаббуси Стратегияи Мудофиавй&raquo (ТСМ) бо максади истифодаи технологияи замонавй ба мукобили ракетахои балластикии байник,итъавй эълон гардид. Бо вучуди он ки бисёр олимон имкониятх,ои технологияи ТСМ-ро зери шубха гузошта, маблаги зиёд талаб кардани барномаро таъкид мекарданд, маъмурияти Рейган барномаро огоз намуд. Дар бучаи мамлакат хачми харочоти харбй хеле зиёд гашта, соли 1987 ба 282 млрд. доллар расид.

Р. Рейган сиёсати хоричии худро дар заминаи усули &laquoтаъмини сулх ба воситаи кувва&raquo ба рох, монда буд. У аз Конгресс талаб намуд, ки маблаггузориро барои пурк,увват намудани артиш, тачх,изонидани он бо навъх,ои нави силох, зиёд намояд, то ИМА дар мусобикаи мусаллах,шавии бошитоб кафо намонад. Муассисаи харбии ИМА-Пентагон ба офаридани намудх,ои замонавии хавопаймохои чосусй ва бомбаандоз (F-16), бомбаи нейтронй, мушакхои нави стратегии тамгаи MX шуруъ намуд.

Аз нимаи дуввуми солх,ои 80-ум дар муносибати байни ИМА ва Иттих,оди Шуравй тагйироти мухим ба амал омада, якчанд мулокоти сарварони ин мамлакатх,о баргузор гардид.

Мох,и ноябри соли 1985 дар Женева вохурии М.С. Горбачёву Р. Рейган, сарварони ду давлатй бузурги чах,онй- Иттих,оди Шуравй ва ИМА баргузор гардид. Дар натичаи ин гуфтушинидх,о х,арду чониб ба чунин хулоса омаданд: чанги атомй набояд х,еч вакт огоз гардад, зеро дар он хеч тарафе голиб буда наметавонад

Иттих,оди Шуравй ва ИМА бахри ба даст овардани бартарии хпрбй кушиш намекунанд.

Баъди ин вохурй дар муносибати ин давлатх,о тагйироти чиддй ба суи боварй ва х,амкории судманд дар рох,и паст кардани шиддати вазъият ба амал омад.

Вохурии дуввуми рохбарони давлатхои ИМА ва Иттиходи Шуравй мохи октябри соли 1986 дар пойтахти Исландия — шахри Рейкявик баргузор гардид. Дар натичаи гуфтушунид ахднома дар бораи кам кардан ва минбаъд бархам додани силохи стратеги, инчунин мушакхои миёнапарвоз баста шуд.

Гуфтушуниди ин давлатхо идома ёфта, 8-уми декабри соли 1987 дар Ню — Йорк шартномаи бархам додани мушакхои парвози миёна ва наздик ба имзо расид.

Ин шартнома аз июни соли 1988 эътибори конунй пайдо намуда, амалан аввалин шартномаи байналмилалй буд, ки бархам додани ин ду навъи мушакро дар зери назорати тарафайн карор дод. Дар зарфи се соли оянда тамоми мушакхои дар шартнома нишондода шуда несту нобуд карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *