Инкишофи ақидаҳои иҷтимои — сиёсии Аврупои ғарби

Нақша:
1. Афкори сиёсии дунёи қадим
2. Афкори сиёсии асримиёнагӣ.
3. Афкори сиёсии давраи эҳё ва замони капитализм
4. Афкори сиёсии марксистӣ
Пешрафту инкишофи илм, умуман, ва илми сиёсатшиносӣ чун ҳамагуна илмҳои дигар, махсусан, ба таҳлили ҳамаҷонибаи афкори сиёсии гузаштагон ниёз дорад. Тўли асрҳо ақлу заковати халқҳои мухталиф доир ба давлату давлатдорӣ, муносибати сарвари давлат ба омма ва омма ба ў, муносибати халқ ба қарорҳои қабулкардаи ҳокимияти сиёсӣ ва ғ. ҷомиа андешаҳое гуфтаанд, ки ҳоло ҳам моҳияташонро гум накардаанд.
Афкори гузаштагон ва омўзиши онҳо имконият медиҳад, ки аз таҷрибаи таърихӣ ибрат гирифта онро ба шароити кунунӣ мувофиқ намоему, роҳҳо ва усулҳои судманди амалиёт ва фаъолияти сиёсии халқро мавриди истифода қарор бидиҳем. Масалан, чунин андешаи Конфуций: &laquoБа одамон он чиро накунед, ки онро барои худ намехоҳед, Дар ин сурат дар давлат ва оила нисбат ба ту душманӣ ҳис намекунанд&raquo! Ин суханон натанҳо барои гузаштагон, балки барои ҳозираю ояндагон ҳам роҳнамои ҳаёти ахлоқию сиёсист.
Ақидаҳои патриахалии вай доир ба давлат ва муносибати бо эҳтиромонаи фарзандону волидайн бо эҳтироми халқу давлат хамрадифанд.
Таълимоти Конфуций (551-479 пеш аз милод) ва ҷанбаҳои сиёсӣ, ахлоқии вай дар идора намудани давлат ҷолиб аст. Вай ба саволи шумо ба қатли одамони бе принсип ба хотири ба он принсипҳо наздик шудан чӣ тавр менигарад, чунин ҷавоб додааст:
&laquoБарои чӣ давлатро идора карда одамро мекушед. Агар шумо ба накўӣ кўшед, халқ ҳам накў мешавад&raquo.
Намояндаи дигари Чини қадим Мо Тсзи (асри V — IV пеш аз мелод) гуфтааст &laquoхалқ дар давлат асосӣ буда, ҳоким бошад дар ҷои охир аст. Барои ҳамин &laquoфарзанди осмон&raquo ҳамон вақт шудан мумкин аст, ки боварии халқро ба даст орӣ2. Такя ба халқ ва ўро бо роҳи ҳақиқату адолат ва некўсириштӣ ҳидоят намудан дар таълимоти мутафаккирони Чин ҷавҳари асосиро ташккил менамоянд.
Ин андешаҳо дар таълимоти Зардуштӣ, ки принсипи асосии ҳаёти инсонро дар &laquoрафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек&raquo мебинад мавҷуданд ва дар ин таълимот диққати асосӣ ба бунёдкорию ободсозӣ дода шудааст, ки аз нуқтаҳои муҳими таълимоти сиёсӣ- иҷтимоии қавми Эронинажод аст. Чунин гуфтаҳои Зартушт: Андешаи &laquoбеҳтарини кас он аст, ки замин кишт мекунад, чорво мепарварад ва шаҳр бунёд намудаю фарзанди солим ба дунё меорад&raquo, ҳоло ҳам замонавианд.
Дар инкишофи афкори сиёсии дунёи қадим саҳми мутафаккирони Юнон хеле барҷастааст. Ба хусус саҳми Демокрит, Афлотун ва Арасту, ки ҳаёту рафтори табақаҳои гуногуни ҷомиаро мавриди таҳлил қарор додаанд, ба пешрафти минбаъдаи на танҳо афкори сиёсии Юнони қадим, балки халқҳои дигар низ таъсири бузург расонидаанд.
Мутафаккирони Юнони қадим бештар ба ҳаёти подшоҳу лашкаркашон, одамони оддӣ, аҳли илму ҳунар, зиддиятҳои иҷтимоӣ, диққат дода, то андозае роҳҳои ҳалли зиддиятҳо ва тарзу усули идоракунии давлатро нишон додаанд.
Ба хусус нақши Афлотун (427 -347 то мелод) натанҳо дар инкишофи афкори сиёсии Юнон, балки дар ташаккули афкори сиёсии намояндагони халқҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон ва, хусусан, Форобию Сино бениҳоят бузург аст. Ба хотир биоред &laquoҷомиаи комила&raquo ва &laquoғайри комила&raquo маҳз дар зери таъсири давлати &laquoидеалӣ&raquo-и вай ба вуҷуд омадаанд. Аз назари Афлотун давлат &laquoчигунае, ки набошад, дар он ҳамеша ду давлати ба ҳам душман вуҷуд дорад: яке-давлати бойҳо, дигаре-камбағалон.&raquo2
Афлотун типи давлати манфиро дар чор шакл тимократия, олигархия, демократия ва тирания нишон дода, ҳар кадоми ин шаклҳоро омили мутассил бад шудани шакли давлати идеалӣ номидааст.
Вай ҳар кадоми ин чор шаклҳоро таҳлил намуда, тимократияро ҳамчун давлати шўҳратпараст, ки одамонаш аз паи сарватғункунӣ меафтанд, нишон дода, таъкид менамояд, ки ин оқибат ба олигархия мебарад. Дар давлати олигархӣ бошад қонунҳои асосии ҳаёти ҷамъият риоя намешаванд. Инкишофи минбаъдаи олигархия, аз рўи таълимоти вай, ба шакли аз ҳама бади сохтори давлатӣ- демократия мебарад. Афлотун қайд менамояд, ки афзоиши бемайлони боигарӣ дар дасти одамони алоҳида зиддиятҳои ҷамъиятиро афзуда камбағалонро ба муқобили боён бармеангезад, ки дар ниҳоят ба шўриш оварда мерасонад. Халқи ба қиём омада, қисми зиёди бойҳоро нобуд месозанд. Вайроншавии демократия ҳатман ҷомеаро ба тирания мебарад. Ин андешаҳои мутафаккир ҳоло ҳам замонавианд.
Афлотун ба ҳама шаклҳои давлат лоиҳаи давлати беҳтарин ва идоракуниро муқобил мегузорад.
Тибқи ақидаи вай ин давлатро мисли олигархия одамони кам идора мекунанд. Ашхоси роҳбарикунонда касонеанд, ки қобилияти хуби идоракунӣ дошта табиатан барои идора кардан малака доранд ва солҳои зиёд худро барои ин тайёр кардаанд. Принсипи асосии давлати ормониро адолат ташкил медиҳад.
Ақидаи Арасту (384 — 322 то мелод) доир ба давлат хеле ҷолиб буда, вайро &laquoҳамчун як навъи муошират&raquo медонад. Фақат давлат- шакли ягонаи олии муоширати байни одамон аст.
Дар доираи давлат маҷмўи системаҳои томи дигари иҷтимоие бо мақсадҳои хос ва роҳҳои махсуси инкишоф вуҷуд, дорад. Дар ҷои дигар Арасту мегўяд: &laquoИнсон табиатан вуҷуди давлатӣ аст&raquo1.
Ақидаи Арасту оиди моликияти хусусӣ ва давлатӣ хеле ҷолиб аст. Вай ҷонибдори дороиест, ки аз эҳтиёҷоти дошта бештар набошад. Мутафаккир боигариро на барои аз худ намудан, балки истифода бурдан медонад.
Арасту таъкид менамояд, ки &laquoбарои сохтани давлати ормонӣ бо роҳи инқилобӣ вайрон кардани давлати пештара ва аз навсозии инсони воқеӣ талаб карда намешавад. Вазифаи сиёсатмадор ва қонунбарор ба ҷои вайрон шуда сохтан нест. Сиёсат одамонро намесозад, балки онҳоро ҳамон тавре ки табиат сохтааст, мегирад. Ба ақидаи ў: а) Ҳамин хел сохти давлатие дохил намудан зарур аст, ки ҳангоми мавҷудияти чунин вазъият осонтар қобили қабул бошад б) беҳтар намудани сохти давлатӣ вазифаи на он қадар мураккаб аст, нисбат ба он ки аз аввал барқарор карда шавад в) ҳам қонунгузории хуб ва ҳам ходими сиёсии ҳақиқӣ бояд на танҳо шакли мутлақо беҳтарин, балки шакли ба шароити мавҷуда на он қадар хуби мувофиқро аз назар дур насозад&raquo2. Вай мавҷудияти давлатро ба ду тақсим шудани одамон, асосан ғулом ва ғуломдорӣ вобаста медонанд.
Шаклҳои ҳокимияти давлат, чӣ тавре набошад ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ аллакай ба таври табиӣ ба ду тақсим шудани аъзоёни ҷамъият — ғуломдорон ҳамчун синфи ҳукумрон ва ғуломони аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрумро дар назар дорад.
Арасту дар муборизаи синфӣ иштирок намудани ғуломонро зътироф наменамояд ва мегўяд &laquoин кори одамони &laquoозод&raquo таваллуд шуда аст, ғуломон ба ҳокимият ва истироҳат ҳуқуқ надоранд.
Аз ҷониби мутафаккирони Юнони бостон тарзи тайёр намудан ва интихоби сарварони давлату мақомотҳояш низ ҷолиби назар аст: онҳо принсипҳои давлати демократии ғуломдориро тарзе пешниҳод намудаанд, ки як қисми он ҳоло ҳам қобили қабул мебошанд.
Хусусан риояи қонун барои ҳама на дар сухан, балки дар амал диққатҷалбкунанда аст, чунки дар қонун на танҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як фард хеле равшан нишон дода шуда буданд, балки кадом рафтори роҳбари давлат ва ҳамроҳонаш қасамёдкунанда ҳамчун қасамшиканӣ дониста мешуд, муайян буд. Аз одами оддӣ сар карда, то аҳли мансаб имконият доштанд ба рафтори ғайриқонунии каси қасамшикан баҳо диҳанд. Ба хусус рафтори шоҳон ҳамеша дар зери назари умум буд.
Доир ба риояи қонун дар аҳди Сосониён ҳам эътибори ҷиддӣ дода, то андозае, ки имконпазир буд ҳама қонунҳои қабулшударо эҳтиром намудаю онҳоро бечунучаро риоя мекарданд. Ба хотир биёред чунин ҳикояи Тоҷири араб ва писари подшоҳ Анўшервон — ро.
&laquoРўзе тоҷири араб ба назди шоҳ Анўшервон рафта шикояти он мекунад, ки дар қаламрави шоҳ моли ўро ба ғорат бурдаанд. Шоҳ хеле хиҷил мешавад ва арзиши моли ба тороҷ рафтаро мепурсад. Баъди посух ба вай аз хазина ҳамон андоза зари сурх медиҳад ва мегуселонад &raquo.
Баъди чанд вақт тоҷир боз аз нав ба назди шоҳ медарояд. Шоҳ мепурсад боз барои чӣ омади? Тоҷир мегўяд? Омадам то бигўям, ки дар ғорат писари шоҳ ҳам ҳузур дошт: шоҳ аз тоҷир 40 &ndash рўз мўҳлат пурсида хоҳиш менамояд, баъди 40- рўз боз биояд. Дар ин муддат шоҳ дар дуздӣ иштирок намудани писарашро исбот менамояд.
Чун баъди 40- рўз тоҷир ба дари шоҳ омад, Анўшервон ба наздаш дар лаълие дасти буридаи писараш ва аз пасаш худи писарро мебарорад.1 Вай ба ин рафтораш нишон медиҳад, ки дар назди қонун ҳама баробар ҷавобгаранд.
Афкори сиёсии халқи тоҷику форс пойдории адлу инсофро сабаби устувории давлат медонанд. Дар ин хусус Низомулмулк дар асараш &laquoСиёсатнома&raquo чунин мисол меорад: &laquoОмили шаҳри Хамс ба Умари Абдулазиз навиштааст, ки баҳри шаҳри Хамс аз адл девор бояд кард. Роҳҳо аз зулм ҳавору пок кун, ки ҳоҷат нест ба гилу хишт ва сангу гач&raquo2.
Ба ақидаи Форобӣ устувории давлат ва беҳбудиву пешрафти иқтисодию сиёсии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сарвар пешво вобаста аст. Сарвар ва ё пешво аз назари вай бояд дорои чунин хислати фитрӣ бошад: &laquoузвҳои такомул ёфта, фаросат, хотираи хуб, зеҳни тез ва дурандеш будан, фикри худро аниқ гуфта тавонистан, аз хўроку нўшокии зиёд парҳез карда тавонистан, ҳақиқат ва тарафдорони онро дўст доштан, дурўғ ва дурўғгўйҳоро бад дидан касби пурифтихор ва ҳурмати худро нигоҳ доштан: пул ва дигар василаҳои ҳаёти дунявиро бад дидан душмани беадолатӣ ва зулму истибдод ва мустабид будан&raquo. Доир ба ҷамъият ва паҳлўҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан, сиёсат ва муносибати илмӣ ба мушкилиҳои ҷамъиятӣ, нақши сарвар дар рушду нумўи кишвар ва устувории адлу инсоф Абўалӣ Ибни Сино андешаҳои хеле ҷолиб баён кардааст.
Ба ақидаи Ибни Сино агар подшоҳ донишманд бошад, сиёсаташ низ одилона хоҳад шуд. Дар ин маврид ў ба воситаи сиёсати хеш ба инкишофи саноату зироат ва савдою маданият таъсири мусбат мерасонад. Вай дар рисолааш &laquoТайр&raquo подшоҳро чунин дидааст:
&laquoЎ подшоҳест ҳар гоҳ, ки тасавур кунӣ, ҷамоли беҳеҷ айбу камоли бе ҳеҷ нуқсон&hellip Ҳар кӣ ба хидмати ў нозад, некбахт ўст. Ҳар кӣ аз ў бипардозад, дар ду ҷаҳон зиёнкор ўст&raquo.
Сино барои пешво &laquoислоҳи нафсро сиҳати беҳтарин&raquo дониста навиштааст: &laquoкасоне, ки ба сиёсату тадбири умри мардум машғул аст, бояд пеш аз ҳама нафси худро идора ва ислоҳ кунанд. Зеро агар нафс идора нашавад, ҳодисаҳои ҳузнангез, аз қабили ҷангу ғавғо ва нооромӣ ба амал меоянд&raquo.2
Аз андешаҳои дар боло зикр шуда бар меояд, ки диққати мутафаккирони асри миёнагии форсу тоҷикро умдатарин масъалаҳои сиёсию ахлоқӣ ба худ ҷалб намуда, то ҷое, ки шароити таърихӣ имконият медод, роҳҳои ислоҳу ҳалли он масъалаҳоро нишон додаанд.
Минбаъд дар замони вайроншавии муносибатҳои феодалӣ ва ба вуҷудоии капитализм, ки идеологияи ҳуманистӣ арзи вуҷуд намуд, ду ғояи навро ба вуҷуд овард. Якум, инсонро ҳамчун маркази Коинот на танҳо чун вуҷуди маънавӣ, балки дар ниҳод, муносибати инсонро ба худ ва ҷамъияту олам шинохт.
Дуюм, бар хилофи &laquoилоҳиётшиносон&raquo дар маркази ҷамъият давлат ва ҳуқуқро гузошт.
Ба ҳамин андеша наздик ҳанўз дар асри Х Сино инкишофи ҷомиаро ба сифатҳои шахси ҳокимон, сиёсатмандон ва тадбиру қонунҳои онҳо алоқаманд донистааст.
Бо мурури инкишофи ҷомиаи инсонӣ дараҷаи тафаккури сиёсӣ низ ривоҷ ёфта, ақидаҳои сиёсӣ торафт характери назариявӣ мегиранд.
Сиёсатшиносӣ дар симои Макиавели /1469-1527/ мутафаккири давраи Эҳё ба пояи баланд расид. Вай дар асарҳояш &laquoГосударь&raquo, &laquoШоҳ&raquo &laquoРассуждения о первой декаде Пита Ливия&raquo ва &laquoИстория флоренции&raquo вазифаи илми сиёсатшиносиро дар шарҳи воқеии ҳақиқати ҷамъиятӣ мебинад. Вай ғояи афкори худ дар бораи давлатро ба зарурияти объективии таърихӣ — тақдир иваз намуд. Вай дар илми сиёсатшиносии замони нав мафҳуми давлатиро ҳамчун мафҳуми ифтоҳӣ дохмл намуд. Барои вай давлат ин ҳолати сиёсии ҷомиа: муносибати ҳокимону мазлумон ва дар шакли муайян сохтор ва ташкили ҳокимияти сиёсӣ ва мавҷудоти қонунҳост.
Ин ҳокимияти сиёсии манъшудамонда набуда, вобаста ба таносуби қувваҳои мубориза ҳамеша дар тағирёбист.
Агар то замони Маклавели барои ҳама назарячиён саволи асосӣ мақсади давлат воситаи ба дастории адолату некўаҳволӣ, озодӣ ё худо бошад, Макивели мақсадро аз ҳокимият, воситаи ба дастории он, нигоҳ доштан ва паҳн намудани ҳокимият иборат донистааст.
Барои вай ҳокимият аз ахлоқ, дин ва фалсафа ҷудо буда, ҳамчун арзиши мухтор ва новобаста ба манбаъҳои дигар бошад.
Вай бадахлоқиро ҷонибдор нест, вале дар он ақида аст, ки қонунҳои ахлоқу ҳокимият бо ҳам бар мехўранд. Барои арбоби давлат эҳтиёҷи ҳокимият аз эҳтиёҷи ахлоқӣ болотар аст. Бесабаб нагуфтааст, ки &laquoмақсад воситаро ҳақ мебарорад&raquo. Вай таълим медиҳад, ки дар марҳилаҳои бўҳрони Озодӣ имконнопазир буда, ба бехатарӣ муқобил аст. яъне Озодӣ на ҳамеша ба манфиати устувории ҳокимияти сиёсист. Қонун ва ҳуқуқ асоси озодианд. Вай бар он ақида аст, ки дар шароити босуботи сиёсӣ режимҳои халқӣ қувваи олӣ доранд.
Ақидаҳои сиёсии Николо Макиавели барои замонаш моҳияти инқилобиро касб намуда, барои пайдоиши капитализм замина гузошт.
Мутафаккирони замони нав /асри XVII- ибтидои асри ХХ / дар заминаи таҳавулоти нави сиёсию иҷтимоӣ ба таҳлили ҳодисаю зуҳуротҳои сиёсию иҷтимоӣ пардохтанд. Ин ба замони хунрезиҳои сисолаи Аврупоёни асри XVII ва инқилоби буржуазии Англис рост омад. Ин ба замоне рост омад, ки дар асл одамро ҳеҷ донанд ҳам, дар назария нуфузи он хеле афзуда буд. Акнун замоне шуд, ки ҷомеаро аз шахс новобаста медонистанд.
Ҷаҳонбинии ҳуқуқии замони нав ду ақидаи марказӣ — &laquoхулқӣ табиӣ&raquo ва &laquoшартномаи ҷамъиятӣ&raquo- ро ба миён овард.
Инқилоби инглисии соли 1688 монархияи Кониститутсиониро, ки то ҳоло вуҷуд дорад, ба амал баровард. Дар замони инқилоб як зумра назариячиёни сиёсӣ ва ақоиди сиёсие пайдо шуданд, ки илми сиёсатшиносиро ғанитар гардониданд.
Ба хусус дар асарҳои Гоббс &laquoОиди шаҳрванд&raquo, &laquoЛевисерон&raquo, &laquoБегемот&raquo, &laquoДу рисола оид ба идоракунии давлат&raquo андешаҳои пурарзиши баробарии табии одамон (Форобӣ), &laquoшартномаи ҷамъиятӣ&raquo, ҳокимияти мутлақи давлат бо мухторияти мутлақи ҳоким ифода ёфтаанд.
Намояндаи дигари замони нав Ҷон Локк (1632- 1704) ақидаи истиқлолияти халқ ва зарурияти тақсими ҳокимиятро пешниҳод намуд.
Гоббс ҳолатҳоеро, ки ҳеҷ ягон гуна ташкилот ва моликияти хусусӣ вуҷуд надорад, ки вазъияти одамро берун аз ҷомиаи шаҳрвандӣ табиӣ дорад, таҳлил намуда, ин ҳолатро &laquoҷанги ҳама&raquo ба &laquoмуқобили ҳама&raquo номидааст.
Гоббс дар он ақидаест, ки ҳама одамон аз рўи табиати худ кўшиш менамоянд, ки аз вазъияти вазнини зиндагӣ таввасути шартномаи ҷамъиятӣ як қисми ҳуқуқҳояшонро ба давлат дода, иродаашонро ба давлат тобеъ намоянд. Танҳо ҳокимияти давлатӣ табиати оқилонаи инсонро, ки дар қонунҳои табиӣ ифода меёбанд, истифода барад. Аз андешаи Гоббс ҳокимият бояд қавӣ ва мутамарказ бошад, агар чунин набошад ҷамъият ба ҳолати табииаш бар мегардад. Вай ҳама вазифаҳои давлатиро бо як ибора &laquoнекўаҳволии халқ- қонуни олӣ&raquo ифода намудааст.
Бар хилофи Гоббс, Ҷон Локк &laquoҲолати табиии одамонро ҷанги ҳама ба муқобили ҳама&raquo надониста, онро маҷмўи муносибатҳои озод, баробарӣ ба ҳам вобаста набудан дар асоси моликият медонад. Барои таъмини боэътимоди ҳолати табиӣ одамон байни худ шартномаи ҷамъиятӣ баста, ризояти таъсиси ҷамъиятӣ, сиёсӣ, давлатро медиҳанд. Агар дар таълимоти Гоббс одамон ҳама ба сохти давлатӣ ҳуқуқҳои худро дода бошанд, дар Локк одамон ҳамон қадар ба давлат ҳуқуқ додаанд, ки он битавонад моликиятро амалӣ ва ҳифз созад.
Дар таълимоти Локк қонун ва қонуният мақоми хоса доранд. Вай дар зери ин ду мафҳум он ҳолати ҳуқуқиеро мефаҳмад, ки моҳияти рафтори оқилона ва ба он мувофиқ манфиати худу умумро дар бар гирад. Вай ҷонибдори қонунест, ки устувор ва дерамал бошад. Ҳеҷ кадом ташкилот аз қонун бояд берун монда натавонад. Вай ҳамчун асосгузори истиқлолияти халқ шинохта шуда, ҳокимияти олии давлат не, балки миллатро медонад. Аз андешаи Локк барои нигоҳдоштани реҷаи озодӣ вазифаи ҳокимиятии давлат бояд аниқ муайян бошад. Қабули қонунро танҳо вазифаи муассисаҳои намояндагии миллат-парламент медонад. Агар ҳукумат бар хилофи ҳуқуқҳои амалкунанда равона шуда бошаду қонунҳоро вайрон намояд, халқ ҳуқуқи бекор намудани шартномаи ҷамъиятиро дорад. Ба хотир оред, ки Форобӣ дар асри X гуфтабуд: &laquoАгар зулму таадӣ ва қашшоқӣ дар кишвар зиёд шаваду подшоҳ ихтиёран аз сари қудрат наравад, халқ ҳуқуқ дорад ўро зўран сарнагун созад&raquo.
Локк сохтори давлатро чунин нишон додааст: ҳокимияти қонунбарор, парламон, иҷроия, монарх, девони вазирон. Бо ҳама иллатҳо таълимоти Локк аз ҷониби маорифпарварони Фаронса Шарль Луи Монтескье (1689-1775), Жан Жак Руссо (1712-1778) қабул шуда дар тайёр намудани инқилоби кабири буржуазии Фаронса нақши хеле бузург бозид.
Монтескье ҳамчун фошкунандаи ашаддии дисиотизми мутлақи фаронсавӣ дар як қатор асарҳояш, аз ҷумла &laquoО духе законовь&raquo (оиди рўҳи қонунҳо) кўшида аст, то қонуниятҳои инкишофи давлат, асосҳои обективии сиёсат, таърих, ҷуғрофия ва иқтисодии инро ошкор созад. Вай симои ахлоқии халқ, хосияти қонунҳоро ба моҳияти ҷуғрофӣ вобаста медонист. Инҷо ҷоиз аст, бигўем, ки ин андешаҳоро ҳанўз дар асри X Абўали Ибни Сино хеле хуб ифода кардааст. Вай, яъне Сино фарқи характери одамонро пеш аз ҳама ба шароитҳои табиӣ ва муҳити ҷуғрофӣ, алалхусус, обу хоку ҳаво, набототу ҳайвонот, ки дар ташаккули инсон нақши калон мебозанд, вобаста медонист. Сино нақши муҳити табииро асоси ягона надониста, нишон медиҳад, ки таъсир ба ҷамъият бевосита набуда, балки бавосита, яъне бо ёрии характери одамон баргузор мегардад. Ба андешаи Сино чун инсон дар танҳоӣ зиндагӣ наменамояд, бо ҳамкорӣ ва мубодила ва муомилаи иқтисодӣ эҳтиёҷ дорад. Аз чунин андешаҳо бар меояд, ки Сино дар пайдоиши давлату ҳокимият ва қонунҳо нақши иқтисодиро махсус медонад. Ҳамин ақида аз ҷониби Монтескье дар асри ХУП чунин ифода ёфтааст: &laquoҚонунҳо ба тарзе, ки халқҳои гуногун барои ҳаёташон василаи зиндагӣ ба даст меоранд, зич пайвастанд&raquo. Монтескье вобаста ба шумораи ҳукумронҳо: се шакли идоракунӣ ҷумҳурӣ, монархӣ ва деспоти&raquo-ро ҷудо намуда, деспотизмро рад намудааст. Ба андешаи вай монархизм озодии сиёсиро таъмин менамояд. Озодӣ ба андешаи вай ҳуқуқест, ки қонун ҳама корро иҷозат додааст. Озодӣ ба андешаи вай дар ҷумҳур ҳам дар ду шакл — демократия ва аристократия вуҷуд дорад. Монтескье шаклҳои давлатро ба масоҳат вобаста дониста, таълим медиҳад, ки барои давлатҳои хурд шакли ҷумҳурӣ, барои давлатҳои масоҳаташон на он қадар бузург монархия ва барои давлатҳои калон деспотиро мувофиқ дониста аст. Вай барои масоҳатҳои калон шакли федеративиро муносибатар медонад. Аз андешаи Монтескье ҳокимият байни қувваҳои сиёсӣ бояд таксим карда шавад, то низоъ ба вуҷуд наояд.
Доир ба масъалаи давлат ва ҳуқуқ ақидаҳои сиёсии Жан-Жак Руссо (1712-1778), ки идеологи майдабуржуазист, ҷиддитаранд. Жан-Жак Руссо чун сиёсатшиносони асри X форсу тоҷик ҳолати табии инсонро, ки ҳама баробаранд, қоил буда он давраро тиллоӣ номидааст, чунки дар ин замон моликияти хусусӣ ва нобаробарӣ вуҷуд надошт. Вай байни моликияти хусусӣ ва давлат фарқият гузошта, ибтидои онро дар созиши ҷамъият мебинад. Ў таълим медиҳад, ки чунин фарқият ба ду ҳолати нобарорӣ — нобаробарии молу мулкӣ, ки аз моликияти хусусӣ баромадааст ва ҳокимияти давлатӣ, ки ин нобаробарии иқтисодиро боз амиқтар мегардонад, пайдо шудааст. Руссо роҳҳои чунин сохтори сиёсиро, ки инсонҳо ба ҳам пайваст шуда, ҳолатҳои табиӣ ва озодиашонро аз даст надиҳанд, ҷустуҷў намуда, назарияи истиқлоли халқро пешкаш намуд. Бо андешаи вай истиқлоли халқ вуҷуди дастҷамъиест, ки шахси алоҳида ҳамчун намоянда буда наметавонад. Ин ҳокимиятест, ки аз ҷониби иродаи умум амалӣ мегардад.
Вай бар он ақида буд , ки асоси ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро на танҳо сохтори давлатӣ, балки нобаробарии беандозаи иқтисодӣ ҳам барҳам доданаш мумкин аст. Руссо барои ҳамин даъват менамуд, ки баробарии ҳуқуқӣ бо баробарии моликиятӣ мустаҳкам карда шавад. Вай дуруст дарк кардааст, ки баробармоликиятӣ имкон надорад. Ҳамин ақидаро Абўали Ибни Сино дар асри X чунин байён намудааст: &laquoХирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳ ва шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбар ва коргар ва тобеъ ва раият бишнаванд, подшоҳу султон дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон, ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва баробар ба якдигар бошанд, касе кор намекунад. Ва агар ҳамагӣ фақиру мўҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас тафовути аҳволу ихтилофи иқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад&raquo.
Дар эҷоди назарияҳои сиёси саҳми мутафаккирони немис, ба хусус Имонуил Кант (1724-1804) ва Гегель (1770-1831) хеле бузург аст. Кант дар сиёсатшиносӣ яке аз мутафаккиронест, ки барномаи ғоявии буржуазии либерализмро ассоснок намуда, таълим медиҳад, ки чун арзиши мутлақ-субъекти шуури ахлоқист. Ақлаш мувофиқи худ низомро муайян менамояд. Фард- &laquoхуҷаини худ ба худ буда, давлат бояд барои шахс фазои озоди иҷтимоиеро кафолат диҳад, ки вай худро нишон дода тавонад. Кант ба таълимоти Руссо Локк ва Ментескье &laquoҲокимияти судӣ&raquo-ро илова менамояд.
Ба масъалаи амният эътибори ҷиддӣ дода, Кант таъкид менамояд, ки шартномаи сулҳ ҳамон тавре таҳия ёбад, ки дар он барои ҷанги оянда ҷой намонад. Вай ба масъалаи артиш ишора намуда, барҳам хўрдани онро ҷонибдорӣ намудааст.
Андешаҳои сиёсии Гегель (1770-1831) дар асари машҳураш &laquoФалсафаи ҳуқуқ&raquo ифода ёфтаанд. Гегель аввалин маротиба ба ҷои мафҳуми &laquoҳолати шаҳрвандӣ&raquo &laquoҷамъияти шаҳрвандӣ&raquo истифода намуда, онро ҳаматарафа маънидод намуд. Вай ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати сиёсиро фарқ кунонд. Ба андешаи вай ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳолатест, ки байни оила ва давлат меистад. Ба сохтори он инҳо дохиланд:
1. Субстансионалӣ (заминдорон, дворянҳо ва деҳқонон).
2. Табақаи саноатдорон (фабрикантҳо, савдогарону косибон).
3. Кулли (мансабдорон).
Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмўи талабот, суд, политсия ва корпоратсия вуҷуд дорад.
Идеали Гегель монархияи конститутсионӣ ба шумор меравад, ки дар асоси ба қонунбарор, ҳукуматӣ ва ҳокимияти давлат тақсим шуданаш амал менамояд. Ин ҷо иродаи монарх &laquoман мехоҳам&raquo бо қарорҳои барқароргаштаи корҳои давлатии аз ҷонибӣ қонун муайяншуда ҳамроҳ мешавад.
Бо мустаҳкам шудани сохти буржуазӣ, як идда иллатҳои он низ равшан гашта, назариячиёни онро водор месозад, ки барои бо бақо гаштани он андешаҳои нави сиёсиро кор карда бароянд. Акнун кодексҳо, конститутсияҳое кор карда бароварда шуд, ки мурод аз онҳо мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодии буржуазӣ ва сиёсати он буд.
Ба ҳамин ният сиёсатшиносони асри XIX Огнюст Конт (1798-1857), Герберт Спенсер (1820-1903), Людвиг Гумпилович (1838-1909) роҳи минъбадаи инкишофи ҷамъияти буржуазиро тарҳрезӣ намудаанд.
Масалан, Конт вазифаи ҳамагуна илм, аз ҷумла сиёсатшиносиро чунин ифода намудааст &laquoДонистан барои он ки пешбинӣ намоӣ, пешбинӣ барои тавонистан&raquo аст. Вай тараққиёти ҷамъият ва ҳаёти иҷтимоии сиёсиро ба эволютсияи шуур, ба тағирёбии се ҷаҳонбинии бузург (теологӣ, метафизикӣ ва илмӣ) вобаста медонад. Зинаи сеюм аз рўи ақидаи ў инкишофи саноат аст. Ба марҳилаи инкишофи саноат системаи иҷтимоиаш &laquoсотсиократия&raquo муносиб аст.
Дар сотсиократия иерорхияи синфҳо ҳукмрон буда, боигариҳои моддӣ дар дасти &laquoпатритсиат&raquo (заминадорон), фабрикантҳо, савдогарон ва банкирҳо ғун шудааст. Банкирҳо на танҳо иқтисодиёт, балки ҳокимияти сиёсиро низ идора менамоянд. Ҳокимияти маънавӣ дар дасти файласуф ва олимон аст. Онҳо ба ҳокимону банкирҳо маслиҳат дода, ба тарбияи насли наврас машғуланд. Коргардон зинаи поёнии ҷомиаро ташкил медиҳанд. Муҳаббат ҳамчун принсипи низом, ҳамчун асоси тартибот ва мақсад аз ҷониби Конт муайян карда шудааст. Ин ҳолат ҳамфикриро таъмин менамояд. Ҳамфикрӣ аз рўи ақидаҳои Конт &laquoягонагии ҳамоҳангии асосиатсияҳои сиёсӣ&raquo ҳамчун воҳид ва том ва ризоияти синфҳост.
Дар сиёсатшиносӣ назарияи органикии давлат, ки аз ҷониби Герберг Спенсер (1820-1903) пешниҳод шудааст, хеле ҷолиб аст. Мувофиқи ақидаи вай давлат ҳам монанди узви биологӣ буда, чун &laquoдастгоҳи сиёсӣ&raquo, &laquoҷамъияти сиёсӣ&raquo тавлид шуда, афзоиш ёфта, пир шуда ба ҳалокат мерасад. Дар органҳои давлат муассисаю ташкилотҳо ба вуҷуд омада тавассути онҳо давлат фаъолият менамояд. Синфи ҳукмрон вазифаҳои хориҷӣ, мудофиа, ҳуҷум, синфи ғуломон-дохили истеҳсоли маҳсулоти ғизогӣ, нигоҳ доштани ҳайёти ҳама ҷамъият ва дастгоҳи ҳокимият ба низомовардани ҷамъиятро ба ўҳда доранд.
Узвҳои давлатиро ташкилоту муассисаҳо, мақомоти гуногуни қудратию ҳуқуқӣ ташкил намуда, менамоянд ва давлат тавассути кори муътадили онҳо фаъолият менамояд.
Вазифаи синфи ҳукмрон ҳифзи амнияти кишвар аз ҳуҷуми беруна ва вазифаи ғуломон дохилӣ истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, нигоҳ доштани ҳайати ҷамъият буда, дастгоҳи ҳокимият бошад ба низомдароварандаи он мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *