Мукаддимаи психология (равоншиноси)

Максад: Дар бораи психология хамчун илм, конуниятхои асосии он маълумот додан, шинос намудан бо механизмхои зохиршави ва амалкунии психикаи одам, фахмондани даврахои асосии таърихи психология ва мавкеи он дар системаи илмхо. Маълумот додан дар бораи инкишофи психика дар олами хайвонот ва чамъияти инсони, фарки психикаи инсон ва хайвон.
Мафхуми асоси: психология, психика (рух) механизмхои психики, рефлексхо, системаи сигнали, системаи асаб, шуур, худ — шуурноки, тропизм, филогенез, онтогенез.

НАКША:

  1. Психология хамчун фан.
  2. Сохти системаи асаб ва рух.
  3. Мавкеи психология дар системаи илмхо.
  4. Сохт ва принсипхои асосии психология.
  5. Пайдоиш ва инкишофи психика дар филогенез.
  6. Шуур ва тавсифи психологии он.

&laquoПсихология&raquo — аз калимаи юнонц гирифта шуда, &laquoпсюхе&raquo — рух ва &laquoлогос&raquo — таълимот аст.
Объектьои илмии омузиши фанни психология инхоянд:

  1. Далелхои мушаххаси хаёти психики, ки микдоран ва сифатан ташхис карда мешаванд.
  2. Конуниятхои психологи.
  3. Маханизмхои фаъолияти психики (рух)

Умуман, объекти асосии омузиши фанни психология рух буда, психология хамчун фан конуниятхо, механизмхои инкишофи психики, чоришавии равандхои маърифати, холатхои эхсоси &ndash иродави хусусиятхои инфиродии шахсро меомузад.

I. Сохти системаи асаб ва рух.
Рух махсули магзи сар, натичаи фаъолияти мураккаби он аст.
Чузъиёти асосии ситемаи асаб бофтахои асаб ва нейронхоанд. Вазифаи онхо аз гузаронидани хаячон иборат аст.

Кисмхои системаи асаб инхоанд:
1.системаи асаби перифери
2.системаи асаби вегетативи
3.системаи асаби маркази.

Системаи марказии асаб аз 2 кисм иборат аст:
1. Майнаи сар.
2. Хароммагз.

Кисмхои асосии майнаи сар — майнаи акиб, майнаи миёна, майнаи мобайни ва майнаи пеш мебошанд.
Кисмхои мухимтарини майнаи акиб, майнаи дарозруя ва майнача мебошанд.
Майнаи дарозруя давоми хароммагзи буда, хароммагзи дар ковокии сутунмухра чойгир шудааст.
Тамоми кисмхои майна бо хамдигар алокаманд буда, фаъолияти онхо психикаи хайвонхои оли ва одамро идора мекунанд.
Аз ин чо, психикаи хайвонот ва одамро чудо мекунанд.
Алока ва мавкеи психология дар системаи илмхо.
Психология дар системаи илмхо мавкеи мустахками худро дорад.
Он хамчун фанни мустакил бо фалсафа, табиатшиноси, пешрафти илми &ndash техники, педагогика ва илмхои алока дорад ва онхо дар тараккиёту пешрафти илми психология сахми худро гузоштаанд.
II. Психология ва табиатшиноси.

Назарияхои табиатшиносон дар фахмиши механизмхои психикаи инсон пайдоиш ва ташаккули он мавкеи асосиро ишгол мекунанд.
Назарияи рефлектории И.М. Сеченов, таълимоти у дар бораи рефлексхои шарти ва коркарди минбаъдаи онхо аз тарафи шогирдонаш, инчунин тадкики ин назария аз тарафи А.А.Ухтомский, Н.А.Бернштейн, И.С.Берашвили, назарияи И.П.Павлов дар бораи системаи сигналхо асоси илмии донишхои психологиро гузоштанд.
Умуман, муваффакиятхо дар тадкики системаи мураккаби механизмхои физиологии фаъолияти психики натичаи алокаи психология бо фанхои табии аст.
Таълимоти эволютсионии Ч.Дарвин пайдоиш хам рафторхои инстинкти ва хам дар рафти хаёт ба амал ояндаро аз чихати илми асоснок карданд.
Психологияи тибби, ки дар натичаи тараккиёти фанхои психология ва тиб ташаккул ёфт, дастовардхои илми психологияро дар ташхиси беморон, сихатмандии омма ва пешгирии беморихо истифода мебаранд.

III. Шуур, сохтор ва тавсифи
психологии он.

Руҳ (психика) ҳамчун инъикоси ҳақиқат дар майнаи сари одам якчанд дараҷа (уровень) дорад.
Дараҷаи олии психика шуур аст, ки чунин сохтору тавсифот дорад:

  1. Шуур ҳамчун ҷамъбасти донишҳо дар бораи олами атроф.
  2. Худшуурнокӣ (самосознание) &ndash ҷудо карда тавонистани объект ва субъект. (&laquoМан&raquo ва &laquoМан не&raquo)
  3. Шуур ҳамчун воситаи ташаккул додани фаъолияти мақсадноки одам.
  4. Шуур &ndash ба тартиб овардани системаи муносибатҳо.

Шарти асосии ба вуҷудоӣ ва ташаккули шуур забон аст.
Дараҷаи пасти шуур бешуурӣ аст.

IV. Сохт ва принсипҳои асосии
психологияи ҳозиразамон.
Сохтори психологияи ҳозиразамонро соҳаҳои он ташкил медиҳад, ки аз рeи принсипи инкишофи психика дар фаъолият асосан чунин тавсиф дода мешавад:

  1. Ҷихати психологии инкишоф.
  2. Ҷихати психологии муносибати одам бо ҷамъият.

Принсипҳои асосии психологияи ҳозиразамон инҳоанд:

  1. Принсипи детерминизм.
  2. Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
  3. Принсипи инкишофи психика ва шуур дар фаъолият.

V. Методҳои тадқиқотии психологияи
ҳозиразамон.
Методҳои психологияи ҳозиразамонро ба 2 &ndash гурeҳ ҷудо мекунанд:

  1. Усулҳои асосӣ:
    а) мушоҳида
    б) озмоиш (эксперимент)
  2. Методҳои ёрирасон:
    а) сeҳбат
    б) пурсиш (анкета)
    в) усули генетикӣ
    г) тест
    д) усули коркарди математики.

Пайдоиш ва инкишофи шуур дар филогенез.
Психика натичаи эволютсияи материя ба хисоб рафта, шаклхои психикии инъикос инхоанд:

  1. хассосият
  2. тропизмхо
  3. шаклхои инстинктии рафтор
  4. шаклхои рафтори инфироди ба даст омада
  5. рафтори окилонаи хайвонот
  6. муошират ва &laquoзабон&raquo- и хайвонот
  7. шуур

Омилхои асосии пайдоиши шуур инхоанд:
а) мухит (тагйиротхои табии)
б) мехнат (фаъолияти якчоя)

Саволхо барои мустахкамкуни:

  1. Психология чиро меомузад?
  2. Психика чист?
  3. Системаи асаб аз кадом кисмхо иборат аст?
  4. Хосияти рефлектории психика чист?
  5. Дар бораи системаи сигнали маълумот дихед.
  6. Вазифаи системаи марказии асабро нишон дихед.
  7. Шуур чист?
  8. Таркиби шуурро муайян кунед.
  9. Дарачаи пасти шуур чист?
  10. Принсипхои асосии психологияи хозиразамонро номбар кунед?
  11. Сохти психологияи хозиразамонро кушода дихед.
  12. Усулхои асосии фанни психологияро номбар кунед.
  13. Усули тести психологиро шарх дихед.
  14. Кадом шаклхои инкишофи психикаро медонед?
  15. Омилхои асосии пайдоиши шуурро номбар кунед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *