МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Дар фалсафа истилоҳи &quotмоҳият&quot хосияти доимию асосии ашёро, ки бе он вай маъние надорад, ифода мекупад. Барои муайян кардани моҳияти ҳуқуқҳои инсон зарур аст, ки косиятхо ва Ҷихатхои асоеыи ифодакунандаи ҳуқуқва озодиҳо ҳамаҷониба омӯхга шавад.
Ба қатори чунин ҷиҳатдои асосӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст:
Аввалан, ҳуқуқҳои инсон дар одамон аз лаҳзаи таваллуд чун шарти ҷудонопазири мавҷудият, чи табиати одамй барои зиндагию инкишофи ӯ талаб менамояд, пайдо мешаванд. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳамаи одамон аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, онҳоро рабудан намешавад.
Дуюм, дар ҳуқуқҳои иснон арзишҳои муҳимтарини умумиинсонӣ, ки сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, эътиқоди динй, ифода мегардад. Ҳуқуқҳои инсон худ арзиши волотаринанд, ки бояд ҳимоя шаванд.
Сеюм, ҳуқуқҳои игссон андозаи озодии одам ва имкониятҳои истифода аз неъматҳои маънавӣ ва моддиро мгуайян менамояд, ки байни онҳо инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ҳаёт, саломатӣ, шараф, эътибор, амнияти шахсй, молики-ят ва боз бисёр чизҳои дигар. Дар ин маврид ҳукуқҳои ин-сон аз ӯҳдадориҳо дар назди ҷомеа ва давлат ҷудонашавандаанд ва ӯҳдадории аз ҳама муҳим вайрон накардани ҳукуқҳои дигарон аст.
Чорум, ҳуқуқҳои инсон мавқеъ ва нақши одамро дар ҳаёти ҷомеа инъикос. Ҳамаи одамон озод таваллуд менамояд. Танҳо дар сурате, мешаванд эътибори одам паст зада нашавад, агар ӯ худро дар рафтор ва масъулият барои амалҳояш озод ҳис кунад, агар ҳуқуқҳои ӯ боэътимодона ҳимоя шуда бошанд, одам ҳаёти хушбахтонаю саодатмандона ба сар бурда, дар ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолона иштирок мекунад.
Панҷум, ҳуқуқҳои инсон дар ҳуҷҷатҳои байналмилалй ва қонунгузории ҳар давлат зикр шудаанд. Чунончи, дар конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон қисматҳо ё бобҳои алоҳидаи ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшидашуда мавҷуданд.
Шашум, амалисозии ҳуқуқҳои инсон аз кафолатҳои иқтисодй, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, яъне шароитҳо дар ҳар як мамлакати мушаххас вобастаанд. Ба кафолатҳои иқтисодӣ инҳо мансубанд: инкишофи иқтисодии мамлакат, сарватҳо ва неъматҳои моддии ҷомеа, дараҷаи даромади шаҳрвандон. Масалан, амалисозии ҳуқуқ ба манзил бевосита ба суръати сохтмони манзилгоҳҳо ва ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ба инкишофи системаи нигахдории тандурустй вобаста аст. Ба кафолатҳои сиёсӣ махсусиятҳои инкишофи демократия дар мамлакат, гуногунрангии сиёсӣ, тақсимоти ҳокимият, мавҷудияти ташкилотҳои ҷамъиятиро мансуб донистан мумкин аст.
Ҳамаи онҳо ба амалисозии чунин ҳуқуқҳои сиёсӣ чун масалан, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавй ва ғайра таъсир мерасонанд. Ба кафолатҳои ҳуқуқӣ зикр гардидани ҳуқуқҳои инсон дар қонунгузории давлат ва амалисозии нуқтаҳои қонун дар амалияро мансуб донистан мумкин аст. Ҳама гуна санадҳо, фармонҳо, амру фармоишот ва дастурҳо, ки ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардидаро кам ё инкор мекунанд, гайриқонунӣ мебошанд.

2. НАҚШ ВА ВА ЗИФАҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶОМЕАИ ҲОЗИРА. Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира ва давлат нақши ҳалкунанда мебозад. Риояи ҳуқуқҳои инсон муттаҳидии ҷомеаро таҳким мебахшад, ташаббус ва ҷӯшу хурӯш, некӯаҳволии моддӣ, ватандӯстй, ҳисси эҳтиромро ба Ватани худ афзун месозад.
Дар шароити эътирофӣ ва ҳимояи қадру номуси шахрвандон нақши ташаббусҳои ҷамъиятӣ афзуда, ҳар гуна институтҳои ҷамъиятӣ (созмонҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои кӯдакона, иттифоқҳо, ҷомеаҳо, корхонаҳои савдо ва истеҳсолӣ) таъсис меёбанд, воситаҳои нави ахбори омма пайдо мешаванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, рӯ ба инкишоф меорад.
Ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҳозира вазифаҳои муҳимро ба ҷо меорад. Баӣни онҳо инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ахлоқӣ-маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра.
Вазифаи ахлоқӣ-маънавии ҳуқуқхои инсон дар ҳамаи намояндагони ҷомеаи ҳозира ташаккул додани арзгишҳои ахлоқӣ, эътиқоде мебошад, ки ҳуқуқ, озодиҳо, шаъну эътибори инсон, сулҳ дар тамоми ҷаҳон, адолатнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарназирӣ ва дигар арзишҳоро ҳимоя мекунанд.
Вазифаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқҳои инсон, ки дар одамон ташаккул додани муқаррарот ва муносибати ҷаҳонбинӣ ба равандҳои инкишофи ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама инсондӯстӣ (гуманизм) ва рад кардани зӯроварӣ, тарбияи эҳсоси масъулият барои рафтори худ, баҳри тақдири Ватани худ ва уму-ман,инсониятро дар назар дорад, ба он хеле наздик аст.
Танҳо одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро амалӣ созад ва ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи дигар одамонро ҳимоя ва барқарор кунад.
Вазифаи ҳуқуқии ҳуқуқҳои инсон таъмини амният ва ҳимояи шахсиятро аз таҳдидҳои бешумор ба мавҷудияти он, нигоҳдории тартибот дар муносибати байни одамон, ҳамчунин миёни одам ва давлат дар назар дорад.
Ва ниҳоят, вазифаи сиёсии ҳуқуқҳои инсон ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсияти иҷтимоан фаъол мебошад.
Ба ин тариқ, амалисозии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи ҳозира нақши ҳалкунанда мебошад. Некӯаҳволии мамлакат аз мавқеи худи шаҳрвандон, ки алоқамандии худро ба тақдири худ ва ояндаи ворисони худ хуб мефаҳманд, вобастагӣ дорад. Ва ин манфиати асосии миллии ҳама гуна давлати демократист, ки функсияи муҳимтарини худ риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба ҷо меорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *