МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

1.МАФҲУМ ВА ТАНОСУБИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН.
Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, &laquoсиёсии чи давлат ва ҷомеа умуман ва чи ҳар як шахсияти алоҳида таъсир&raquo мерасонад. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷахон зиндагикунанда танҳо он хотир хос аст, ки вай ИНСОН аст.

Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст. Як гурӯҳи муаллифон хуқукҳои инсонро чун воситаи муваффақшавии инсон ба неъматҳои асосии моддию маънавӣ, амалисозии лаёқату истеъдодҳои худ, гурӯҳи дигар ҳамчун усулихудтасдиқкунии нотакрору мустақилонаи шахсият маънидод мекунанд, зеро ҳуқуқ-ҳои инсон он талаботи шахсиятро ошкор месозад, ки таъминсозии онҳо ба вай имконият медиҳад, чун узви ҷомеаи мушаххас инкишоф ёбад. Файфасуфон мегӯянд, ки
ҳуқуқи инсон нуқтаи назари махсус ба сохти ҷаҳон ва мавқеи инсон дар он мебошад. Ҳуқуқшиносон ақида доранд, ки ҳуқуқи инсон мафҳуми ҳуқуқии муайянкунандаи муносибати байниҳамдигарии инсон ва давлат (ҳокимият) мебошад. Зимнан, ҳам ин гурӯҳ ва ҳам гурӯҳи дигари олимон ҳақанд, зеро ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманданд.

Дар фаҳмиши имрӯза аксаран ҳуқукҳои инсон чун имкониятҳои муҳими табиии (атои табиат) рафтор ва инкишофи инсон дар ҷомеа ва давлат, хусусиятҳои ҷудонопазире, ки ҳудуди озодиҳои ӯро муайян мекунанд, баррасй мешавад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар ҷомеа ва давлат дорои ҳуқуқҳои зиёд мебошад. Ҳар як одам, чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ — оилавй, меҳнатӣ, молӣ, сиёсй ва гайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётй истифода мекунад. Ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ба манфиатҳои ҳаррӯзаи одамон марбутанд, масалан, ҳукуқҳои мусофир дар автобуси шаҳрй, ҳуқуқхои харидор дар магоза ва дигар ҳуқуқҳое, ки барои қонеъсозии талаботи нисбатан муҳим, масалан, ҳуқуқҳои одамоне, ки акди никоҳ мебанданд, ҳуқуқҳои меросгирон ва гайра нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин ҳуқуқҳои гуногуни шахсият ҳуқуқҳои рафтори имконпазири одам мебошанд, ки дар қонунгузории ҳар мамлакат таҳким меёбанд.
Вале фарк кардани ин ду мафҳум: &quotҳуқуқҳои инсон&quot ва &quotҳуқуқҳои шахсият&quot ҷоиз аст. Зери мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои нисбатан пураҳамияти шахсият дар ҳар як ҷомеа, давлат, дар тамоми ҷаҳон, ҳуқуқҳое фаҳмида мешавад, ки бе онҳо ҳар як шахсият наметавонад чун инсон арзи ҳастй кунад, чунончи: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳукуқ ба дахлнопазирии шахсият, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил ва боз бисёр ҳуқуқҳои дигар. Ҳуқуқи инсон ҳамон чизест, ки арзиши инсонии ҳар кадом мард, зан ва кӯдакро дар рӯи Замин таъмин менамояд.
Ҳуқуқи инсон чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин қоидаҳои ахлоқй, сиёсй, динӣ кафолат дода шудааст.

Ба ин тариқ, ҳуқуқҳои инсонро чун имконияти ба амал баровардани рафторҳои муайян, вале дар доираи қонун, бе вайрон кардани қоидаҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои дигар, масалан, бе роҳ додан ба рафторҳои беэҳтиромона нисбат ба одамони дигар баррасӣ кардан мумкин аст. Одамон ҳуқуқҳои худро озодона амалӣ сохта, бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд, аз ин рӯ манфиатҳои яке мсгавонад мухолифи манфиатхои дигаре бошад. Чунончи, ҳар одам ҳуқуқи истироҳат кардан дорад, вале вай ин ҳуқуқи худро амалӣ сохта, масалан, дар хонаи худ шабона бо овози баланд мусиқӣ гӯш карда, иеш аз ҳама бояд дар бораи ҳуқуқи ҳамсояҳо ба истироҳат фикр кунад.
Хеле муҳим аст, ки мафҳумҳои &quotҳукуқи инсон&quot ва &quotбартарӣ&quot фарк карда шаванд, зеро ҳуқуқи инсон ҳаргиз бартарӣ маҳсуб намешавад. Бартарй имтиёз, ҳуқуқи истисноиест, ки ба одам барои иҷрои ин ё он амал дода мешавад. Бартарихо танҳо ба баъзе гурӯҳҳои одамон ва одами алоҳида мансуб буда, ба ғояи ҳуқукдои инсон мухолифанд. Баъзан ҳатто ибораи &quotҳуқуқ ба озодиҳо&quot истифода мешавад. &quotҲар як одам ба озодии афкор, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад&quot, — иқрор аст яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои байналмилалй Эъломияи умумии ҳуқуқи башар. Вале ба ҳар ҳол баъзе фарқиятҳои байти мафҳумҳои &quotҳуқуқҳои инсон&quot ва &quotозодиҳо&quot -ро баррасй кардан мумкин аст.
Агар ҳуқуқи инсон имконияти ба ҷо овардани амалҳои муайян бошад, масалан, ба амал баровардани ҳуқукдои инсон бобати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии д авлат дар назар дорад, ки одам аз ҷумла метавонад дар интихобот иштирок намояд, ба ҷонибдории ин ё он ҳизб ва ё номзад овоз диҳад, ё овоз надиҳад, яъне ҳуқуқҳои инсон интихоби амалро дар назар доранд ва давлат ӯхцадор мешавад, ки барои амалисозй ва ҳимояи ин ҳуқуқҳо тамоми шароитҳои имконпазирро муҳайё созад, пас, озодиҳои инсон чунин соҳаҳои фаъолияти одам мебошанд, ки давлат ба онҳо набояд дахл кунад, одам онҳоро бе иштироки давлат ҳам амалй мегардонад, масалан, озодии виҷдон, озодии дину эътиқод, озодии афкор ва сухан танҳо ба имкониятҳои интихюби фардии одам вобастаанд. Дар ин маврид давлат на танҳо ба соҳаи озодиҳол фардии шахсият бояд дахолат накунад, балки инчунин бояд ҳимояи онрю аз дахолати одамони дигар таъмин намояд. Масалан, дар давлати демократй муҳим будани ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва эътиқоди динй пазируфта мешавад &mdash ин кори шахсӣ ва интихоби шахсии ҳар одам аст ва давлат набояд ба мансубияти одам ба ин ё он эътиқоди динӣ таъсир расонад.
Бо вуҷуди фарқиятҳои зикргардисдаи байни ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ОНҲО ба ҳамдигар тавъам буда, якдигарро пурра месозанд, инчунин ба дараҷаи баробар аз ҷоыибм давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд.

2.ШАЪНУ ЭЪТИБОР ҲАМЧУН АСОСИ КОНСЕПСИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН.

Асоси ҳуқуқҳои инсонро арзиши муҳимтарин — шаъну эътибор ташкил медиҳад, ки онро аз нигоҳҳои гуногун баррасӣ кардан мумкин аст.
Аз як ҷониб, шаъну эътибор умуман эътироф шудани арзиши инсон ҳамчун мавҷудияти олии соҳибақлу виҷдон, сарфи назар аз сифатҳои мушаххас ва махсусиятҳои характери ӯ мебошад. Яке аз асосгузорони назарияи ҳуқуқҳои инсон маорифпарвари фаронсавй Ж.Ж.Руссо бошад, таъкид мекард, ки шаъну эътибор дар худи моҳияти одам мавҷуд аст: &quotДаст кашидан аз озодии худ даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз ӯҳдадориҳост&quot. Ҳамаи одамони рӯи замин бо шаъну эътибори худ тавлид мешаванд ва дар ин бобат ҳама баробаранд. Одамон табиатан дар муносибат бо ҳамдигар бояд дар рӯҳи бародарй, эҳтироми шаъну эътибор, ҳуқуқҳо ва озодиҳои одами дигар рафтор намоянд&quot.
Шаъну эътибор хосияти объективии инсон, арзиши олии ӯ, муносибати боэҳтиромона ба дигар одамон, давлатхо ва ҷомеаҳоест, ки арзишмандии ҳама гуна шахсиятро эътироф мекунанд.
Аз ҷониби дигар, шаъну эътибор баҳои одами мушаххас аз тарафи дигар одамон, аз ҷониби ҷомеа эътироф шудани он сифатҳои ахлоқӣ, интеллектуалӣ ва корй, дараҷаи масъулиятнокист, ки ин одам соҳиб мебошад. Одам ҳар қадар бештар сифатҳои мусбат дошта бошад, шаъну эътибори вай дар ҷомеа ҳамон қадар баланд аст. Бисёр вақт баҳои одилонаи ба шахсият аз ҷониби дигар одамон додашударо нуфузу обрӯй меноманд. Дар ҳар фарҳанг як навъ идеали шахсияти арзанда ва сифатҳое, ки вай бояд соҳиб бошад, ҷой дорад. Ба ин тариқ, категорияи шаъну эътибор бо мафҳумҳои виҷдон (эҳсоси масъулияти маънавӣ барои амалҳои худ дар назди одамони атроф, худбаҳодиҳӣ ба рафтори хеш) ва қарз (лаёқати мувофиқсозии амалҳои худ бо манфиатҳои ҷамъият) зич алокаманд аст. Аз ин лиҳоз боз як тарафи мафҳуми &quotшаъну эътибор&quot аз ҷониби ҳар як инсон дарк гардидани алоқамандии худ бо ҷомеа, аҳамият, нақш, саҳм ва таъсири худ (эҳсоси шаъну эътибори худ) дар он мебошад. Дар шаъну эътибори шахсӣ як навъ майле ба муносибати муайян ба худ, талаби эҳтиром аз ҷониби дигарон ва умуман, аз ҷониби ҷомеа мавҷуд аст.
Шаъну эътибори инсон сарчашмаи хуқуқ ва озодиҳои ӯст. Қисматҳо дар бораи ҳукуқ ва озодиҳо дар бисёр конститутсияҳои замони ҳозира бо мафҳуми &quotшаъну эътибори инсон&quot оғоз мешаванд. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Дар моддаи 5-и он омадагаст: &quotҲаёт, кадр, номус ва дигар хуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд&quot. Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии рӯҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад. Шаъну эътибор ҳимояи обрӯю нуфуз ва номи неки инсонро низ ифода мекунад. Ҳимояи шаъну эътибори шахсият аз ҷониби давлат амалй мегардад: ягон ҳолате барои костагии он асос шуда наметавонад.
3. муносибатҳои гуногун ба ҳуқуқ ва ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Дар ҷаҳони имуӯза нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон муносибати ягона вуҷуд надошта, дар ин хусус як қатор ақидаҳо, назарияҳо, таълимот ва тасаввурот ҳастанд. Ҳамаи онҳо бо шароитҳои таърихй, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии инкишофи ҳар давлат, хусусиятҳои фарҳангӣ ва анъанавии ин ё он ҷомеа асоснок гардонида шудаанд. Аммо байни тамоми гуногунрангиҳои таълимот оид ба ҳуқуқҳои инсон якчанд назарияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки таърихи қадимй ва то имрӯз ҷонибдорону мухолифони худро доранд. Масалан, барои барқарории ғояи ҳуқуқҳои инсон назарияи табиӣ ҳуқуқӣ ва назарияи позитивй (мусбат) таъсири ҳалкунанда расондаанд. Тибқи назарияи аввал ҳуқуқи инсон характери табий дорад ва ба ҳар одам аз лаҳзаи тавлидаш мансуб аст.
Ба ақидаи ҷонибдорони муносибати позитивӣ ҳуқуқҳои инсон аз давлат бармеоянд ва давлат мувофиқи салоҳдиди худ шакл, ҳаҷм ва мундариҷаи онҳоро муайян мекунад, яъне онҳоро ба инсон ҳадя карда, ҳамзамон ҳудудҳои дахолати худро ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон муайян месозад. Ҳуқуқҳои инсон бояд ҳатман дар қонунҳо таҳким ёбанд, дар акси ҳол онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя карда намешаванд, бинобар ин чунин ҳуқуқҳоро позитивӣ мегӯянд.
Дар ҷаҳони имрӯза омехтагии байниҳамдигарии муносибатҳои табиӣ ва позитивӣ беш аз пеш мушоҳида мешавад.
Инсон ҳуқуқу озодиҳои худро дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ чи бо одамони дигар ва чи бо давлат амалй месозад. Аз ин нуқтаи назар боз ду назария — амудӣ ва уфуқиро ҷудо кардан мумкин аст. Назарияи амудӣ аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳимоя шудани ҳуқуқҳои инсонро (муносибати амудӣ) дар назар дорад. Инсон ҳуқуқҳои худро ҳамеша дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор амалӣ гардонда, аз як ҷониб, риоя ва ҳифз гардидани ҳукуқҳои худро талаб менамояд, аз ҷониби дигар, дар назди давлат ӯҳдадориҳои муайянро ба ҷо меорад. Назарияи уфуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳоро дар муносибатҳои ҳамдигарии байни одамон (муносибати уфуқӣ) бе ҳеҷ гуна дахолати давлат, масалан, дар оила, байни ҳамсинфон дар назар дорад. Ҳар ду назария ҳам дар қонунгузорй инкишоф ёфтаанд: ҳар як одам бояд ҳукуқу озодиҳои дигар одамонро эҳтиром ва риоя кунад.
4. ХАРАКТЕРИ ГУНОГУНҶАНБАГИИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН.

Мафҳуми ҳуқуқҳои инсон характери гуногунҷанбагӣ дорад, вай маънои амиқи на танҳо юридикй, балки сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фалсафй ва ахлоқиро соҳиб аст. Асоси ҳуқуқҳои инсонро нуқтаҳои асосии ахлоқ, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва афкори мутафаккирони бузурги гузашта манша мегирад, нишон медиҳад.
Аз нигоҳи фалсафӣ мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ба ғояи гуманизм, яъне инсондӯстй асос ёфтааст.
Ҷанбаҳои сиёсии ҳуқуқи инсон аз он иборат аст, ки онҳо бо демократия пайвасти ногустастанӣ доранд. Асоси демократия ҳокимияти халқ аст, вале агар шаҳрвандон дар давлат аз ҳуқуқҳои инсон маҳрум бошанд, онҳо имконият надоранд, ки иродаи худро ифода намоянд ва дар идоракунии давлат ширкат варзанд.
Ҳуқуқи инсон ҳамчун мафҳуми иҷтимоию иқтисодӣ мустақилият ва соҳибихтиёрии молумулкии ҳар як шаҳрванд, имконияти амалисозии талаботи иқтисодии худ тавассути амалигардонии ҳуқуқ ба меҳнат, барои сатҳи шоистаи зиндагӣ, ба моликияти хусусиро ифода мекунад. Ғайр аз ин, дар чунин моҳият ҳукуқи инсон бо ёрии иҷтимоӣ ба одамони бенавою эҳтиёҷманд пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Ҳуқуқи инсон ҳамчун:ин мафҳуми юридикист. Ҳуқуқи инсон маҳз аз нигоҳи ҳуқуқй имкониятн ба амал: баровардани рафторҳои муайяни бо қонуни ҳар мамлакат ва созишномаҳои байнимилалӣ кафолатдодашуда мебошад. Дар илми ҳуқуқшиносй аксаран ҳуқуқи инсонро субъективй меноманд, зеро он ба субъектҳои алоҳида (ҳар як одами мушаххас, гурӯҳи одамон) мансуб аст. Ва ҳар одам метавонад аз он озодона мувофиқи хоҳишу иродааш, бе ягон фишор истифода намояд ва дар ин маврид ҳуқуқу озодиҳои дигар одамонро халалдор насозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *