Самтҳо ва воситаҳои танзими давлатии иқтисодиёт

Дахолати давлат ба иқтисод тавассути танзими давлатии иқтисод амалӣ карда мешавад. Давлат иқтисодро тавассути воситаҳои маъмўрӣ-ҳуқуқӣ ва воситаҳои иқтисодӣ танзим менамояд. Воситаҳои маъмўрӣ-ҳуқукӣ гуфта воситаҳоеро меноманд, ки дар қувваи ҳокимият асос ёфтаанд. Ба воситаҳои маъмўрӣ-ҳуқуқии танзими давлатии иқтисод инҳо дохил мешаванд:

маҳдудкунии қонунии истеҳсолот

маҳдудкунии қонунии фаъолияти соҳибкорӣ

маҳдудкунии қонунии содироту воридот

маҳдудкунии қонунии музди кор ва ғайра.

Ба воситаҳои иқтисодӣ воситаҳоеро дохил мекунанд, ки давлат тавассути онҳо ба иқтисодиёт таъсири бевосита ё бавосита мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат онҳоро ба воситаҳои иқтисодии мустақим ва воситаҳои иқтисодии ғайримустақим ҷудо мекунанд. Ба воситаҳои иқтисодии мустақим маблағгузории давлатӣ ва хариди давлатии молу хизматҳо дохил мешаванд. Маблағгузории давлатӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

таъсир расонидан ба таркиби истеҳсолот тавассути маблағгузории соҳаҳое, ки рушди иқтисодии давомнок ва мувозинати иқтисодиро таъмин карда метавонанд

дастгирии молиявии корхонаҳо ё соҳаҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кўмак мекунанд

саноатикунонии ноҳияҳои алоҳида, ба воситаи сохтани корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои кори холӣ ва тайёр намудани кадрҳо

амалӣ намудани барномаҳои экологӣ

ташкил ва инкишофи соҳибкории давлатӣ.

Хариди давлатии молу хизматҳо (супориши давлатӣ) воситаи иқтисодии танзими давлатии бозор мебошад, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сурат мегирад.

Ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷаҳонӣ аз 20 то 30 фоизи харид дар бозор ба давлат таалуқ дорад. Ин восита тавассути супориши давлатӣ сурат мегирад, ки дар ҳолати амалӣ намудани он давлат ба фурушандагон мавҷуд набудани ягон хатари молиявӣ ва мавҷуд будани имтиёзҳои гуногунро (имтиёзҳои қарзию андозӣ) кафолат медиҳад. Хусусан ҳангоми пастравии истеҳсолот, хариди давлатии молу хизматҳо афзоиш ёфта, муфлисшавии корхонаҳоро боз дошта, боиси афзоиши маҷмўи арза мегардад. Ба воситаҳои иқтисодии ғайримустақими танзими давлатии иқтисод сиёсати андоз, сиёсати монетарӣ, сиёсати зиддимонополӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсати берунӣ-иқтисодӣ дохил мешаванд. Ин воситаҳо дар самтҳои гуногун бо мақсадҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан сиёсати иҷтимоӣ ба мақсади бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ амалӣ карда шуда, дар самтҳои зерин истифода карда мешавад:

танзими даромадҳои аҳолӣ

ҳимояи аҳолии камбизоат

танзими соҳаи шуғли аҳолӣ

кўмак расонидан ба соҳаҳои маориф, илм, маданият ва тандурустӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *