Аудити воситаҳои пулӣ

  • Аудити хазина ва амалиётҳои хазинавӣ.
  • Аудити амалиётҳои рақами ҳисоббаробаркунӣ ва дигар счётҳои дар бонк буда.

Тартиби ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа (ибтидоӣ)-и хазина аз як тараф бисёр содда-инҳо ордери даромад ва хароҷоти хазина, китоби хазина мебошад. Аз тарафи дигар амалиётҳои хазинавӣ дар амалия бо ҳамаи ҷараёнҳои баҳисобгирӣ ба монанди фурўш, ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдеҳ, ботаъминкунандагон алоқамандӣ доранд. Аз ин сабаб ҳангоми азназаргузаронӣ ҳуҷҷатҳои хазинаро ба дигар ҳуҷҷатҳо муқоиса намудан, мувофиқи максад аст.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҳангоми санҷиши хазина омўхта мешаванд, инҳоянд: Китоби хазина, ҳисоботи хазинадор, ордерҳои даромад ва хароҷоти хазинавӣ, китоби бақайдгирии ордерҳои даромад ва хароҷоти хазинавӣ, журнали бақайдгирии бовариномаҳои додашуда журнали бақайдгирии депонентҳо, журнали бақайдгирии ведомости пулдиҳӣ, ҳисоботҳои авансӣ ва ғайраҳо. Амалиётҳои гуногун ва бисёршумораи хазина дар регистрҳои зерини баҳисобгирии синтетикӣ ба қайд гирифта мешаванд:

    1. Китоби асосӣ.
    2. Журнал-ордери № 1 ва ведомости № 1а (дар ҳисобгирии журнал-ордерӣ).
    3. Баланси хочагӣ (шакли № 1)
    4. Ҳисобот оиди натиҷаи молиявӣ ва истифодабарии онҳо (шакли № 2).
    5. Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ (шакли № 4).

Пеш аз оғози фаъолияти аудиторӣ дар амалиёти хазина, аудитор вазифадор аст, ки барномаи худро тартиб дихад ва боз саволномаҳои худро тартиб дода, дар асоси ин саволномаҳо аз ҳолати назорати дохилии амалиётҳои хазина огоҳ гардад.
Ҳолатҳои асосии ҳатогиҳо дар амалиётҳои хазинавӣ инҳо шуда метавонанд.

  1. Дуздии аниқи воситаҳои пулӣ.
  2. Даромад ё ба қайд нагирифтани воситаҳои пулии даромадашуда:
  3. Ба аҳолӣ додани пули нақд бар ивази махсулоти тайёр шуда, корҳои иҷрошуда, хизмати расонидашуда, бе қабул ба машинаҳои назоратӣ-хазинавӣ ва ғайра.

Вазифаи асосии аудити хазина аз инҳо иборат аст:

    1. Назорат аз рўи мақсаднок истифодабарии воситаҳои пулӣ.
    2. Назорати инъикоси дурусти амалиётҳои хазинавӣ ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
    3. Мубориза бар зидди ходисаҳои дуздӣ ва ғоратгарии воситаҳои пулӣ.
    4. Барқарор намудани зарар аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ва ғайра.

Барои гузаронидани тафтиши аудитории рақами ҳисоббаробаркунӣ, арзӣ ва дигар счётҳои дар бонк буда, аудитор бояд ба як қатор қоида ва қонунҳо оиди амалиётҳо шинос бошад.
Дар асоси қонунҳои мавҷуд буда, тартиби кушодани счётҳои ҳисоббаробаркунӣ, тартиби қабули пул ба рақами ҳисоббаробаркунӣ, пардохти пули нақд ба мизоҷон, бастани шартнома ба мизоҷ, сабабҳои қатъ гаштани шартнома ва ғайра санҷида мешаванд.
Ҳар як банк наметавонад кушодани счёти ҳисоббаробаркуниро, ки дар асоси қоида ҳаст рад кунад. Банкро лозим аст, ки маблағи нақдинаҳое, ки ба счёти ҳисоббаробаркунии корхона дохил гардидааст, на дер аз як рўз ба қайд гирад.
Аудити суратҳисоб ва дигар счётҳои дар банк буда, бо аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад.

  1. Китобчаи чекӣ.
  2. Реестри чекҳо.
  3. Аккредивҳо.
  4. Шартномаҳои кредитӣ.
  5. Хулосаи бонкӣ.
  6. Супоришномаи пардохтӣ.

Чунин хатогиҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории счётҳои дар банк буда, дида мешаванд:

    1. Вуҷуд надоштани хулосаи бонкӣ.
    2. Тозакунӣ ва ислоҳдарорӣ ба хулосаи бонкӣ.
    3. Пурра нафиристодани хулосаи бонкӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.
    4. Дар ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоштани мўҳри бонк

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *