Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он.

  1. Тафтиши аудитории баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ.
  2. Аудити баҳисобгирии маҳсулоти тайёр.
  3. Аудити баҳисобгирии фурўши маҳсулот.

Барои тафтиши аудитории баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ аудиторро лозим аст, ки пеш аз ҳама ба шакли ҳисобгирии бухгалтерии корхона шинос шавад. Вобаста ба ин аудитор вазифадор аст, ки ба хусусиятҳои хоси ташкилӣ ва технологӣ, намуди истеҳсолот, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда, истифодабарии захираҳоро омўзад. Аз нуқтаи назари мушоҳидаи сиёсати баҳисобгирӣ аудитор бояд:
— Доимияти методи баҳисобгирии захираҳоро дар аввали давраи истеҳсолӣ то ба охир,, мувофиқатии онҳоро бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
-Дурустии тақсимоти хароҷотхоро байни объектҳои баҳисобгирӣ
-Мансубкунии дурусти хароҷотхои молӣ
-Дуруст ҳисоб кардани амортизатсияи воситаҳои асосӣ ва ифодакунии онро дар счетҳои баҳисобгирии хароҷотҳо санҷад
Таҷрибаи гузаронидани тафтиши аудиторӣ нишон дод, ки ҳангоми баҳисобгирии ҳароҷотҳои истеҳсолӣ ба чунин хатогиҳо бисёртар роҳ дода мешавад:
1.Муносиб донистани маблағгузории бунёди воситаҳои асосиро ба хароҷотҳои истеҳсолот ва муомилот
2.Ҳамроҳкунии хароҷотҳои сафари хизматиро, ки ба фаъолияти соҳибкории корхона алоқа надорад, ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда.
3.Ҳамроҳкунии хароҷотҳои нигаҳдории воситаҳои асосии гайристеҳсолиро бо арзиши аслӣ.
4.Вуҷуд надоштани объектҳои калкулятсияи хароҷотҳо.
Аудитор бояд донад, ки хусусиятҳои ташкилӣ ва технологии соҳаҳои умумии кишоварзӣ ба тартиб додани ҳуҷҷати хароҷот ва кори коркунон, танзими ахбори аввала ,сохти ҳисобгирии ҷузъии истехсолот ва тарзи хисобкунии арзиши аслии махсулот таъсир мерасонад.
Ба усулҳои ҳисобгирии хароҷот инчунин миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда таъсир мерасонад.
Аудитор баъд аз анҷоми тафтиши хароҷотхои истеҳсолӣ, ҳангоми тартиб додани хулосаи аудиторӣ ба ҳамаи ин нуқтаҳо аҳамияти махсус диҳад.
Чуноне, ки мо медонем баҳисобгирии маҳсулоти тайёр, боркунӣ ва фурўши онхо дар счётҳои боби чор бурда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани тафтиши аудитории истехсол ва ҳаракати маҳсулоти тайёр аудитор бояд фаҳмад ва донад, ки истеҳсоли маҳсулоти тайёр чи гуна ташкил карда шудааст: анъанавӣ, беистифодабарии счёти 37, боистифодабарии счёти 37.
Аудитор илова бар ин бояд муайян намояд, ки маҳсулоти тайёр бо кадом роҳ баҳогузорӣ карда шудааст.Вобаста ба инфилятсия ва тағирёбии нарх дар вақти ҳозира чунин намудҳои баҳогузорӣ истифода бурда мешавад:
А) Аз рўи арзиши аслии истеҳсолии ҳақиқӣ (барои истеҳсолоти индивидуалӣ).
Б) Аз рўи арзиши аслии истеҳсолии нопурра (ихтисоршуда).
В) Аз рўи нархи фурўши яклухт.
Г) Аз рўи арзиши аслии нақшавӣ.
Д) Аз рўи нархи бозории озод.
Аудитор бояд, ки ҳаракати маҳсулоти тайёри дар анбор бударо тафтиш намояд. Бо ин мақсад чунин методхо истифода бурда мешавад:

  1. Фаврӣ-бухгалтерӣ.
  2. Ҳуҷҷатӣ-карточкавӣ.
  3. Бекарточкавӣ.

Тафтиши ин амалиёт бо ёрии ҳуҷҷатҳои хароҷотӣ ва воридотӣ сурат мегирад.
Вазифаи дуюми аудитор ин тафтиши боркунӣ ва фурўши маҳсулоти тайёр баҳисоб меравад.
Фурўши маҳсулот ин даври ҷамъбастии фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад. Ҳар як хоҷагӣ баъди амалиётҳои фурўш, натиҷаи молиявии фаъолияти худро муайян менамояд. Аз ин рў дуруст ташкил намудани ҷараёни фурўш, яке аз роҳҳои асоситарини баланд бардоштани сатҳи даромаднокии хоҷагӣ ба шумор меравад.
Ҳангоми тафтиши аудитории ташкил ва баҳисобгирии ҷараёни фурўш аз назаргузаронии ҳолатҳои зерин ҳатмӣ ва зарурӣ ба шумор мераванд:
-Мавҷудияти шартномаҳо оиди ба дастории маҳсулоти тайёр ва дуруст даромадкардани онҳо.
-Дурустии қайдҳо дар ҳуҷҷатҳо ва нархҳои қабулшуда.
-Мувофиқаткунонии роҳҳои муайянкунии даромад аз фурўш бо счетҳои 46, 47, 48
-Тартиби бурдани баҳисобгирии синтетикӣ ва аналитикии счетҳои 45, 46, 47, 48, 62 ва ғайра.
-Тартиби дурусти пур кардани ведомостҳои 16, 16/1 ва журнал-ордери № 11 (дар ҳолати шакли баҳисобгирии журнал-ордерӣ).
Инчунин аудитор диққати махсусро бояд ба намудҳои хароҷотҳо диҳад. Яке аз ин хароҷотҳо-хароҷотҳои тиҷоратӣ ба шумор меравад, ки дар счёти 43 ба хисоб гирифта мешаванд:
Ба хароҷотҳои тиҷоратӣ: хароҷотҳои зарфҳо ва печонидани молҳо, хароҷотҳои нақлиётӣ оиди кашондани маҳсулот, хароҷотҳои реклама ва эълонҳо дар рўзнома ва телевизион ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Назорати тартиб ва бурдани счёти 43 аз рўи чунин нишондодҳо мегузарад:

  1. Асосҳои ҳамроҳкунии хароҷотҳо ба хароҷотҳои тиҷоратӣ.
  2. Мушоҳидаи хароҷотҳои меъёрӣ ба реклама.
  3. Дуруст тартибдеҳии навиштҳои бухгалтерӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *