Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

  • Аудит. Мақсад ва вазифахои он.
  • Намудхои аудит.
  • Асоси ба танзим даровардани аудит.
  • Системаи аттестатсионӣ ва литсензионии аудиторон.
  • Мақоми аудит дар системаи назорат.

&laquoАудит&raquo-асосан калимаи лотинӣ буда, маънои &laquoгўш кардан&raquo ё &laquoшунаванда&raquo-ро дорад Одатан пайдоиши аудитро ба муасисаҳои таълимии рўҳонии Аврупои асрҳои XVl-XVlll мансуб медонанд, вале далелҳои таърихӣ шаҳодат медиханд, ки аудит аслан аз рўзи барўйхатгирии амвол пайдо шудааст. Ин сана тақрибан 2-ҳазор сол пеш аз милод, ба давраи подшоҳии Фиръавн рост меояд.
Олимон дар аксари адабиёти илмӣ пайдоиш ва ташаккули аудитро ба асри XVl-ум мансуб донистаанд.
Бўхрони шадиди иқтисодии ҷаҳонии солхои 1929-1933 ба инкишофи аудит такони сахте дод. Ин бўҳрон ба муфлисшавии оммавии ташкилоту корхонаҳои шаклу сохторхои гуногуни иктисодӣ ва идоракунӣ дошта, хусусан ҷамъиятҳои саҳҳомӣ сабаб гашт ва дар навбати худ ба инкишофи минбаъдаи фаъолияти аудиторӣ таъсири мусбат расонд.Тартиб ва тасдиқи қатъии ҳисобот ва баланси корхонаҳоро аз тарафи аудиторони сохибихтиёр талаб намуд. Аудит силоҳи нихоят тавоно ба муқобили қаллобӣ ва ҳаннотӣ гашт. Дар натиҷа фаъолияти аудиторӣ дар самтҳои ташкилӣ- ҳуқуқӣ хеле такмил ёфт.
Ҳамин тариқ фаъолияти аудиторӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ тавлид гашта, кисми таркибии он иқтисодиёт мебошад.
Инкишофи минбаъдаи аудитро ба се давра тақсим намудан мумкин аст:
Давраи якуми инкишофи аудит то охирҳои солҳои 1940-умро дар бар мегирад, ки онро аудити тасдиқкунанда номидан мумкин аст. Сабаби асосии чунин номгузорӣ кардан дар он аст, ки аудиторон дар ин давра ба санҷиши ҳуҷҷатҳое. ки амалиётҳои қайдшудаи пулӣ ва дурустии гурўҳбандии онҳоро дар хисоботҳои молиявӣ тасдиқ мекарданд, машғул буданд. Яъне дар ин давра асосан сабткунакҳо ва ҳуҷҷатҳо санҷида мешуданд.
Давраи дуюми инкишофи аудит аз ибтидои солҳои 1950 то солҳои 1970-ро дар бар мегирад. Аудити ин давраро аудити системаи самтнок номидан мумкин аст. Хусусан дар ҳамин давра аудиторон ба фаъолияти машваратӣ машғул буданд. Муносибати системавии самтнок ба аудит имконият дод, ки танхо системаҳое,ки амалиётро назорат мекунанд, муоина карда шаванд.
Давраи сеюми инкишофи аудит аз солҳои 1970-ум оғоз гардида, то рўзҳои мо давом дорад. Самти асосии ин давра кам кардани хавфи санҷишҳои аудиторӣ бо рохи огоҳонидан ё пешгирӣ мебошад. Аудити ин давра вобаста ба шароитҳои бизнеси мизоҷ ба таври интихобӣ, асосан дар он ҷое, ки хавфи хатогӣ ё каллобӣ зиёд аст, гузаронида мешавад. Мақсади асосии аудит ин ифодаи фикр оиди боваринокии ҳисоботҳои молиявӣ, дарёфт, пешгирӣ, баҳодиҳии суғуртавӣ ва эътирофи камбудиҳои ҳаёти иқтисодӣ, расонидани хизмат, ёрӣ ва ҳамкорӣ бо мизоҷ мебошад. Мақсади дигари аудит — ин ҳалли вазифаҳои аниқе, ки қонунгузорӣ, системаи танзими меъёрии фаъолияти аудиторӣ, уҳдадориҳои шартномавии аудитор ва мизоҷ муқаррар намудаанд , мебошад . Мақсади асосии аудит бо ҳал намудани вазифаҳои зерине , ки дар шартномаи басташуда бо мизоҷ омадааст , пурра карда мешавад:

  1. Дарёфти захираҳои истифодаи беҳтари захираҳои молиявӣ
  2. Таҳлили дурустии ҳисоби андозҳо
  3. Коркарди чорабиниҳо барои беҳтарсозии ҳолати молиявии корхона, муносибгардонии хароҷотҳо ва натиҷаи фаъолият.

Вазифаҳои аудитро шартан ба 3- гурўҳ чудо намудан мумкин аст:

  1. Назоратӣ -тафтишотӣ
  2. Машваратӣ — пешгўӣ
  3. Машваратӣ &ndash баҳодеҳӣ

Аудиторон ё ширкатҳои аудиторӣ метавонанд чунин намудҳои хизматрасониро ба ҷой оранд :
1.Тафтиши новобастаи берунаи ҳисоботи молиявӣ, ҳуҷҷатҳои пардохти пулу ҳисоби баёноту андозситонӣ ва дигар маҷбурияти молиявӣ ва талаботи субъектҳои иқтисодӣ
2. Пешбинӣ кардани фаъолияти ҳоҷагиву молиявии корхона
3. Ташкили суҳбат оид ба масъалаҳои молиявии андозситонӣ , бонкӣ ва дигар қонунгузориҳои хоҷагии ҶТ
4. Ба роҳ мондан, барқарор кардан ва ташкили ҳисоби молиявӣ , тартиб додани баёнот оид ба даромад ва ҳисоби молиявӣ
5. Экспертизаи фаъолияти молиявӣ, баҳогузории воситаҳои хоҷагӣ аз рўи намуди ҷойгиршавӣ ва сарчашмаҳои ташкилёбиву мақсади сафарбаркунӣ
6. Омўзиши кормандони хизматӣ ва баҳисобгирии корхона
7. Таъмини методика ва ахбории корхона
8. Расонидани дигар ёриҳо оид ба фаъолияти касбии аудиторон
Мувофиқи моддаи 7-уми қонуни Ҷ Т &laquoОиди фаъолияти аудиторӣ&raquo чунин намудҳои аудит маълуманд:

  1. Аудити дохилӣ
  2. Аудити беруна
  3. Аудити ихтиёрӣ
  4. Аудити хатмӣ

Аудити дохилиро контролинг низ меноманд. Ин намуди аудит аз ҷониби кормандони корхона ба амал баровардашуда, барои назорати ҳолат ва вазъияти молиявии дохилӣ -хочагӣ, дарёфти захираҳо ва таъмини маъмурият бо тавсияҳо оиди афзоиши самаранокии иқтисодии корхона таъин шудааст .

Таснифи вазифаҳои фаъолияти аудиторӣ

Аудити беруна бошад, аз тарафи ширкатҳои алоҳидаи аудиторӣ, ки санҷиши ташкилотҳои дигарро амалӣ мегардонанд, гузаронида мешаванд. Зери мафҳуми аудити беруна экспертизаи мустақил ва таҳлили ҳисоботи молиявии нашршавандаи субъекти хоҷагидориро бо мақсади муайянкунии боэътимодӣ, пуррагӣ ва мувофиқати он ба қонунгузорӣ, инчунин машваратдеҳиро оиди масъалаҳои баҳисобгирӣ , андоз , молия ,ташкилӣ ва гайра мефаҳманд. Аудити ихтиёрӣ ё ташаббусӣ мувофики қарори худи субъектҳои иқтисодӣ, ё бо супориши тарафҳои манфиатдор (ҳамкор ), агар санҷишро қонунгузорӣ муқаррар накарда бошад, гузаронида мешавад. Ҳар қадар иқтисоди бозоргонӣ инкишоф ёбад, рақобат пурқувват ва робитаҳои хамкорӣ мураккаб мегарданд, таҷрибаи гузаронидани аудити ихтиёрӣ хеле васеъ гаштанаш имконпазир аст, яъне барои гузаронидани он замина мустаҳкамтар мегардад.
Намудҳо ва шаклҳои назорат.

Аудити ҳатмӣ бошад, аз тарафи мақомоти давлатӣ таъин карда мешавад. Корхонаву хоҷагиҳое, ки аз тарафи давлат ва системаи батанзимдарории фаъолият мувофиқи шакл, намуди фаъолият, нишондиҳандаҳои молиявӣ &ndash хоҷагӣ барояшон гузаронидани аудит таъин гардидааст, бояд аққалан як маротиба дар як сол ҳисоботи худро аз санҷиши мустақили аудитории гузаронанд, ё хисоботи молиявиашон ба санҷиши аудитории фаро гирифта шавад.Ҳаҷм ва тартиби гузаронидани аудити ҳатмӣ аз тарафи мақомоти идоракунии давлатӣ аниқ карда мешаванд.
Натиҷаҳои санчиши аудиторӣ асоси бисёре аз қарорҳои иқтисодӣ мебошанд, аз ин рў фаъолияти аудиторӣ дар ҳамаи мамлакатҳои дунё бо таври қатъӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ҶТ фаъолияти аудиторӣ дар асоси қонуни ҶТ &laquoДар бораи фаъолияти аудиторӣ&raquo ба танзим дароварда мешавад. Ин қонун 3-марти соли 2006, таҳти рақами 170 аз тарафи ҳукумати ҶТ кабул гардида аст. Мақомоти батанзимдарорандаи фаъолияти аудиторӣ дар ҶТ Комиссияи Тахасусӣ ва Палатаи Аудиторон мебошанд. Комиссияи Тахасусӣ дар маҷлиси умумии Палатаи аудиторон ба мўҳлати 5-сол интихоб карда мешавад. Ин комиссия доимамалкунанда буда, самтҳои асосии фаъолияти он бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гирад:
— Додани литсензияҳо барои амалигардонии литсензонидани фаъолияти аудиторӣ
— Ташкил ва гузаронидани атестатсияи аудиторон, аз чумла хориҷиёне, ки дар ҶТ ба фаъолияти аудиторӣ машғул шудан мехоханд
-Муайянкунии номгўи марказҳои таълимӣ-методӣ барои омўзонидан ва тайёркунии аудиторон
-Ҳалли масъалаҳое, ки ба маҳрумнамоии аудиторон аз шаҳодатномаи тахассусӣ ва ҷазодеҳии аудиторон барои бесифат гузаронидани аудит алоқаманд ва ғайрахо Палатаи аудиторони ҶТ дар вазорати Адлияи ҶТ дар асоси қонунгузориҳои амалкунанда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Палатаи аудиторон- ин макомоти мустакили назоратӣ буда, дар асоси принсипҳои худтаъминкунӣ ва худмолиякунонӣ амал мекунад.Аудиторон дар фаъолияти худ боз метавонанд ба стандартҳои аудиторӣ ва дигар қонунгузорихо такя намоянд.
Ҳукумати ҶТ (бо қарори №259 аз 19-июни соли 2000-ум ) тартиби гирифтани имтиҳон (атестатсия) барои ҷорӣ кардани фаъолияти аудиторӣ ва тартиб додани иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ гардонидани тафтишотро тасдик намудааст.
Барои гирифтани ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти аудиторӣ довталаб бояд аз имтиҳонҳои тахассусӣ гузарад. Ин имтиҳонҳо дар марказҳои таълимию методии аз тарафи Комиссияхои Тахасусӣ муайянкарда гузаронида мешавад. Шахсоне, ки мехоҳанд ба фаъолияти аудиторӣ машгул шаванд, бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгўй бошанд:
1.Дипломро оиди маълумоти (Олӣ ё миёнаи махсус) иктисодӣ ё юридикӣ дошта бошанд
2.Собиқаи кориашон на камтар аз 5 сол буда, 3-соли охирин ба сифати аудитор, мутахасиси ташкилотхои аудиторӣ, тафтишотчӣ, бухгалтер, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, менеҷер, сарвари корхона, ходими илмӣ ё муаллими касбҳои иқтисодӣ кор карда бошанд
3. Ягон вақт ба ҷавобгирии ҷиноӣ кашида нашуда бошанд
Шахсони довталаб барои гузаронидани атестатсия маблағи муяйянро ба ҳисоби комиссияи тахассусӣ месупоранд. Ашхосе, ки бомувафақият аз атестатсия гузаштаанд, шаҳодатномаи тахасусии (аттестат) аудиторро мегиранд. Баъди гирифтани аттестат аудитор бояд ба фаъолияти аудиторӣ шурўъ намояд. Дар ҳолати пас аз як соли гирифтани аттестат аудитор ба фаъолият шурўъ нанамояд, шаҳодатномаи ў бекор карда мешавад.
Аудиторони мустақилона амалкунанда ва ширкатҳои аудиторӣ танҳо пас аз гирифтани литсензия метавонанд ба фаъолияти аудиторӣ шурўъ кунанд.
Ҳолатҳои зерини аз эътибор соқитнамоӣ ё кашида гирифтани литсензия вуҷуд дорад:
1.Агар аудитор фаъолиятеро амалӣ гардонад, ки дар литсензия пешбинӣ нашудааст.
2.Муайян намудани номувофиқатии касби аудитор.
3. Ҳангоми муқаррар намудани нодурусти маълумотҳо, ки дар асоси онхо аудитор литсензияро гирифтааст.
4.Ба ҳукми қонун даромадани карори суд оиди ҷазодеҳии ашхосе, ки ба фаъолияти аудиторӣ машғуланд, дар намуди маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян ё амалигардони фаъолияти муайян дар соҳаҳои муносибатҳои хоҷагӣ- молиявӣ.
5. Гузаронидани санҷишҳо ё расонидани хизматҳои бесифати аудитории чандкарата.
6. Боздоштани оғози фаъолияти аудиторӣ беш аз як сол аз рўзи гирифтани литсензия ва ғайра.
Чи хеле, ки мо медонем аудит усули назорати ғайридавлатӣ ва ғайримаъмурӣ ба ҳисоб рафта, назорати молиявии давлатро аз болои субъектҳои иқтисодӣ иваз намекунад, яъне ҷои онҳоро ишғол намекунад.
Шаклҳо ва намудҳои асосии аудит

Дар якҷоягӣ бо аудит дигар намудҳои назорат арзи вучуд менамоянд.
Шарти асосии фаъолияти аудиторон-мустақилият аст, ки назар ба мустақилияти ревизорон-назоратчиёни давлатӣ ва маъмурӣ хеле васеътар мебошад.
Вобаста аз шакли ташкили амалигардонӣ назорат хамчун функсия муҳимтарини идоракунӣ ба ревизионӣ ва аудиторӣ таксим мешавад.
Аудит ва тафтишот дар бисёр ҳолатҳо якдигарро пурра намуда, мувофиқан ба ҳам аз рўи баъзе хусусиятҳо монандӣ доранд.Ҳангоми амалигардонии фаъолияти тафтишотӣ усулҳои махсуси назорати хуччатӣ ва ҳақиқӣ, баходехии экспертӣ, усулҳои таҳлил ва ғайра, ки ҳангоми гузаронидани аудит низ ба чашм мерасанд, истифода мешаванд. Тафтишот ва аудит аз рўи баъзе хусусиятҳо ва нишонаҳояшон аз як дигар фарқ менамоянд, ки дар нақшаи зерин нишон дода шудааст:

2 Муқоисаи аудит ва тафтишот

Нишонаҳо

Аудит

Тафтишот

Максад

Ифодаи фикр оиди боваринокии ҳисоботҳои молиявӣ, дарёфт, пешгирӣ, баҳодиҳии суғуртавӣ ва эътирофи камбудиҳои ҳаёти иқтисодӣ, расонидани хадамот, ёрӣ ва ҳамкорӣ бо мизоҷ.

Дарёфт, пешгирӣ ва баҳодиҳии камбудиҳо бо мақсади ислоҳи онҳо ва ҷазодиҳии гунаҳкорон.

Характер

Фаъолияти соҳибкорӣ

Фаъолияти иҷроия, иҷроиши фармону супоришот

Асосҳои муносибати тарафайн

Ихтиёрӣ, фаъолияти дар асоси шартнома

Маҷбурӣ, фаъолият дар рўи фармони мақомоти болоӣ ё давлатӣ

Робитаҳои идоракуни

Робитаҳои гори зонталӣ, (уфуқӣ) баробарҳуқуқӣ дар муносибат бо мизоҷ, ҳисобот дар назди он

Робитаҳои вертикалӣ, (амудӣ) таъинот аз тарафи умури болоӣ, ҳисобот дар назди он оиди иҷроиш

Принсипи пардохти хизмат

Мизоҷ ҳаққи хизматро мепардозад

Пардохти музди муҳнат аз тарафи мақомоти болоӣ ё давлатӣ

Вазифаҳои амалӣ

Беҳсозии ҳолати молиявии мизоҷ, ҷалби пассивҳо (инвесторон, кредиторон) ёрӣ ва мушовира ба мизоҷ

Хифзи активҳо, пешгирӣ ва қатъи суистеъмол

Ҳуқуқӣ

Ҳуқуқи шаҳрванди &ndash дар асоси шартномаҳои хочагӣ

Ҳуқуқи маъмурӣ, дар асоси қонунҳо, нишондодҳо ва фармонҳои мақомоти болоӣ ё давлатӣ

Объект

Ҳамаи он чизе, ки қобилияти пардохти мизоҷро паст мекунад ё вазъи молиявии ўро муташанниҷ, мегардонад

Ҳамаи он чизе, ки қонунгузории амалкунанда ва сиёсати баҳисобгирии корхонаро вайрон мекунад

Натиҷаҳо

Хулосаи аудитор ва тавсияҳо ба мазоҷ

Акти ревизия, хулосаҳои ташкилӣ, нишондодҳои ҳатмӣ, ва санҷиши иҷроиши онҳо

Гносеологӣ

Санҷиши боэътимоди ахборот дар ҳисоботҳои молиявии мизоҷ

Муқарраркунии қонунӣ будани амалиётҳои гузаронидашуда, ва набудани дуздиҳо

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *