ТАРТИБИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН (ММТ)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур дар асоси “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории озмуни тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳои тибқи ихтисосҳои баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда муайян менамояд. (далее…)

АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ (ntc.tj)

Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (3‑юми август) роҳ ёфта, лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2017 холимонда озмуни тақсимоти такрории довталабон доир мегардад.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, (далее…)