Китобхони одати хуб аст

Онҳое, ки камии вақтро баҳона карда, китоб намехонанд, худашонро фиреб медиҳанд. Барои мутолиаи китоб ҳама ҷой, ҳама вақт ва ҳама гуна шароит муносиб аст. Хеҷ монеае пеши роҳи китобхонро гирифта наметавонад ва набояд гирад. Онҳое, ки &ldquoбарои хондани китоб вақт намеёбам&rdquo мегўянд, асосан тарзи дурусти истифода бурдани вақтро намедонанд. Ҳол он ки барои китобхонӣ ҳамеша вақт (далее…)

Мӯи сар

Мӯшикофиҳо дар он андоми зебо кардаам,
То камарро аз миёни зулф пайдо кардаам.
(Калими Кошонӣ)

Боре, агар шоир ҳусни дилдодаро тасвир намояд, нахуст зулфу мижгонро бар тарозуи ҳусн фурӯ мегузорад ва ин мавзӯро хеле латиф баён мекунад. Хирмани мӯй бар зебоии ҳусн меафзояд ва соҳиби онро дилработар ҷилва медиҳад. Ҳатто нигоранда низ&hellipдӯстдори рӯи хушу мӯи дилкаш аст, мадҳуши чашми (далее…)

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Дар фалсафа истилоҳи &quotмоҳият&quot хосияти доимию асосии ашёро, ки бе он вай маъние надорад, ифода мекупад. Барои муайян кардани моҳияти ҳуқуқҳои инсон зарур аст, ки косиятхо ва Ҷихатхои асоеыи ифодакунандаи ҳуқуқва озодиҳо ҳамаҷониба омӯхга шавад.
Ба қатори чунин ҷиҳатдои асосӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст:
Аввалан, ҳуқуқҳои инсон дар одамон аз лаҳзаи таваллуд чун шарти ҷудонопазири мавҷудият, чи (далее…)

Табрикот бо шеър «Зодрӯз муборак!»

Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздони бувад нигорат.

Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.

Хоҳамат ишқ ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омузад.
Хоҳамат бахт-бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.

Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон (далее…)

Пирог бо ширқиёми пухташуда

Лозим мешавад:
Тухм 3 дона, шакар 1 стакан, ҷурғот 1 стакан,1 қ. чоӣ сода ё ин ки моддаи ковоккунанда,150 гр маргарини об кардашуда,2,5 стакан орд.

Тарзи тайёр кардан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
1. Ҳамаи маҳсулотҳои дар боло зикршударо хуб аралаш мекунем.

2. Дар қолаб мерезем (қолаби ман диаметраш 28) ва ба тафдон мегузорем дар дараҷаи 180 дараҷа то сурхча шуданаш.

3. Аз тафдон (далее…)

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

1.МАФҲУМ ВА ТАНОСУБИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН.
Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, &laquoсиёсии чи давлат ва ҷомеа умуман ва чи ҳар як шахсияти алоҳида таъсир&raquo мерасонад. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷахон зиндагикунанда танҳо он хотир хос аст, ки (далее…)

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

Максад: Дар бораи психология хамчун илм, конуниятхои асосии он маълумот додан, шинос намудан бо механизмхои зохиршави ва амалкунии психикаи одам, фахмондани даврахои асосии таърихи психология ва мавкеи он дар системаи илмхо. Маълумот додан дар бораи инкишофи психика дар олами хайвонот ва чамъияти инсони, фарки психикаи инсон ва хайвон.
Мафхуми асоси: психология, психика (рух) механизмхои психики, рефлексхо, системаи (далее…)

Худписандӣ маризи шадид аст

Нарсисизм, калимаи юнонӣ буда, дар жанри асотирию афсонавии Юнони қадим ба таври васеъ истифода шудааст. Дар яке аз ин афсонаҳо, ки гўё воқеа дар нимҷазираи Карабурун рух додааст, нақл карда мешавад, ки олиҳаи дарёҳо Нана писари соҳибҷамоле дошт бо номи Нарсисиус, ки бениҳоят ҳусни зебо ва қомати мавзун дошт. Аз ин лиҳоз тамоми париҳои обӣ ба (далее…)

Чашм

Чашмам, ки ба чашми он сиёҳ чашм афтод,
Аз чашми бадаш ба чашми ман чашм афтод.

Чашм ин як узви кӯчак, вале муҳим дар аъзои бадан аз ҳадоёи Худовандӣ бар инсон ва ҷумлаи зиндаҷон дар табиат аст. Субҳгоҳон ҳар боре, ки пилкҳо боло шуда чашм боз мегардад, оламро бо тамоми ҳастияш бо як назора дарк мекунем ва тасвири (далее…)

Дандон

Дарди дандон дораму дандон ба дандон мезанам,
Тоқати анбур надорам, сар ба сандон мезанам.

Вақте лабҳо ба табассум боз мешаванд, дандонҳои ҷилодору булӯрине, ки дар моварои он ду лаъл маскан гузидаанд, зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Соҳиби чунин дандон ниме аз хушбахтиро камоӣ кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба соддагӣ ҳусну зебоӣ ва аз сӯи (далее…)